ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Апр 17 2019

 

 Дар гимназияи № 1 шаҳри Хуҷанд Олимпиадаи шоҳмот байни дастаҳои муассисаҳои таълимӣ давраи якум барои дарёфти роҳхат ба давраи вилоятӣ ва ҷумҳурӣ баргузор гардид.Мусобиқа аз рӯи тарзи рапид, яъне бозии тез сурат гирифт. Дар мусобиқа бо намояндагии аз 22 мактаб бо теъдоди зиёда аз 130 нафар иштирокчӣ бо ҳам қувваозмоӣ намуданд.
    Тавре ба мухбири СССР дар дафтари матбуоти раиси ш.Хуҷанд хабар доданд, дар Олимпиадаи шоҳмот ҷойи якумро мактаби хусусии Рустамов, мақоми дуюмро литсейи политехникӣ ва зинаи сеюмро мактаби хусусии Гёте ба даст оварданд.

Панҷшанбе, Апр 04 2019


 Дар ноҳияи Спитамен бо ширкати Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Китобхона, осорхонаи “Курушкада”-и таърихӣ ва мактаби мусиқии бачагонаи рақами 2-ро, ки бо тарҳи хеле зебои муосир бунёд  гардидааст, ифтитоҳ карда шуд.
   Бинои тозабунёди китобхона, осорхонаи таърихӣ ва мактаби мусиқии бачагона аз 3 ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Сохтмони иншооти мазкур моҳи июни соли 2017 оғоз гардида, моҳи марти соли 2019 ба анҷом расонида шудааст. Иншооти китобхона, осорхонаи таърихӣ ва мактаби мусиқии бачагона дар н.Спитамен дар масоҳати 1,2 га дар маркази ноҳия қомат афрохта, масоҳати умумии сохтмон 540 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Бинои замонавӣ дорои утоқҳои корӣ ва хизматрасонӣ буда, дар таҳхонаи он хазинаи китоб мавҷуд мебошад.
Дар ошёнаи якуми он китобхонаи электронӣ - шуъбаҳои феҳрист,  хизматрасонӣ, толори васеъи хониш бо мизу курсиҳои истеҳсоли ватанӣ барои 100 ҷойи нишаст муҷаҳҳаз гардонида шуда ва дар дохили он адабиёт оид ба дастовардҳои Истиқлолият, осору адабиёти шоирону нависандагони муосиру классики тоҷик, гӯшаи китобҳо оид ба Даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 гирд оварда шудаанд.  
Дар ошёнаи дуюм Осорхонаи таърихӣ таъсис дода шуда, ҳамчунин  чор утоқи корӣ бо шароити васеъ барои кормандон муҳайё гардидааст. Осорхона “Курушкада”, ки дар байни мардум бо номи Куруши Кабир маълум аст, номгузорӣ гардида, мавзеи қадимтарин ва дар айни замон ноҳияи зебоманзари Спитаменро ифода менамояд.
   Дар ошёнаи сеюми иншооти тозабунёд-Мактаби мусиқии бачагона ҷойгир буда, он дорои 11 синфхона, ба монанди танбӯр, назарияи мусиқӣ, рубоб, ғиҷҷак, фортепиано, доира, чанг, утоқҳои корӣ, толори барҳавои намоиши консертӣ мебошад. Дар мактаби мазкур 10 нафар омӯзгори баландихтисос ба кор ва маоши доимӣ барои фаъолият ҷалб гардидаанд. Айни замон дар мактаби мусиқӣ зиёда аз 100 нафар наврасони хуштолеъи даврони соҳибистиқлолии Ватан бо 10 номгӯй асбоби мусиқии миллӣ ба омӯзиш фаро гирифта шудаанд.

Чоршанбе, Март 13 2019


 Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми мамлакат дар ҷамоати Сангтӯдаи н.Данғара аз ҳисоби худ 1 мактаб ва 1 боғчаи кӯдакона бунёд карда, инчунин ният дорад яке аз кӯчаҳои маҳалли зодгоҳашро мумфарш низ намояд.
 Гуфта мешавад, ки бо фарорасии гармӣ корҳои ободонӣ ва мумфаршкунии яке аз кӯчаҳои ин ҷамоат низ оғоз гардида, ин тасмими вазири Тоҷик дар пайи дастуру супоришҳои Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди обод намудани маҳалли зисту зодгоҳ дар арафаи 30-солагии Истиқлолияти ҶТ сурат гирифтааст.


Панҷшанбе, Фев 28 2019


Бахшида ба 19-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии созмони хонандагон ба номи И.Сомонӣ дар майдони Парчам ҷамъомади тантанавии қабули аъзо ба сафи ин созмон зинаи “Ахтарон”, “Ворисони Сомониён” ва “Сомониён” бо иштироки муовини раиси ш.Бохтар Шоиста Абдуназарзода, мудири шуъбаи маорифи шаҳр Қурбонбӣ Забирзода ва хонандагону омӯзгорон баргузор шуд. Барои қабули хонандагон ба зинаи “Ахтарон”, “Ворисони Сомониён”, “Сомониён” сараввал дастаҳо гузориш дода, савганд ёд карданд, ки “ойинома ва низомномаи созмонро риоя карда, бо баҳои хубу аъло ва рафтори намунавӣ таҳсил намуда, дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок менамоем. Ва барои хизмати халқу ватани хеш доимо тайёрем”.
Баъди гузориши зинаҳо зери суруди тантанавии созмони хонандагон меҳмонон гарданбандҳои зинаҳоро бастанд.

СССР, Бохтар

Ҷумъа, Фев 08 2019

 

   Дар соли 2018 дар доираи созишномаҳои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ 5220 нафар шаҳрвандони кишвар аз рӯи ихтисосҳои гуногун барои таҳсил ба макотиби олӣ ва илмии давлатҳои дигар фиристода шуданд, ки дар муқоиса ба соли таҳсили 2017-2018 227 нафар зиёд мебошад. Дар ин бора Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми кишвар зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

   Бино ба иттилои вазир, соли гузашта аз ҷумла ба Федератсияи Россия 4019 нафар, Ҷумҳурии халқии Хитой-462 нафар, Украина-31 нафар, Белорус-112 нафар, Қазоқистон-163 нафар, Қирғизистон-176 нафар, Давлати Қувайт-6 нафар, Индонезия-24 нафар ва дигар кишварҳо 427 нафар барои таҳсил сафар карданд.

   Шумораи донишҷӯёни хориҷӣ, ки дар соли 2018 ба таҳсил дар мактабҳои олии ҶТ фаро гирифта шуданд, 6257 нафарро ташкил дод.

 

СССР

 

Чоршанбе, Фев 06 2019

    Дар ҷумҳурӣ  3869 муассисаи таҳсилоти рӯзона, аз ҷумла 332 муассисаи умумии ибтидоӣ, 467 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ ва 3070 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият менамоянд. Дар соли 2018 шумораи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ 20 адад ва умумии асосӣ 22 адад кам шуда, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 41 адад зиёд гардидааст. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми кишвар хабар дод.

   Теъдоди хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 1 миллиону 980 ҳазор нафарро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 63 698 хонанда, аз ҷумла 34 224 духтар зиёдтар мебошад. Дар соли 2018 дар муасссисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ 229 452 нафар ба синфи 1 фаро гирифта шуда, синфи 11-ро 118 282 нафар хатм карданд.

СССР

 

саҳ 31 аз 44

Китобҳо

Flag Counter