Дар ҷумҳурӣ 3869 муассисаи таҳсилоти рӯзона, аз ҷумла 332 муассисаи умумии ибтидоӣ, 467 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ ва 3070 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият менамоянд. Дар соли 2018 шумораи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ 20 адад ва умумии асосӣ 22 адад кам шуда, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 41 адад зиёд гардидааст. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми кишвар хабар дод.
Теъдоди хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 1 миллиону 980 ҳазор нафарро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 63 698 хонанда, аз ҷумла 34 224 духтар зиёдтар мебошад. Дар соли 2018 дар муасссисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ 229 452 нафар ба синфи 1 фаро гирифта шуда, синфи 11-ро 118 282 нафар хатм карданд.
СССР