ХАБАРИ ДОҒ
Сешанбе, Сен 20 2016

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе дастур додааст, ки барои донишҷӯён-иштирокчиёни Намоиши ҷашнӣ аз ҳисоби буҷети шаҳр чиптаҳои истифодаи бемузди нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятии коммуналӣ – автобус ва троллейбус барои 9 моҳ таъмин карда шавад. Дар ин бора ба мухбири СССР дар дафтари матбуоти раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Чоршанбе, Сен 14 2016

Салом, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! Ман 2 гуфтанӣ дорам. 1.Ба хулосаи «аз 6-солагӣ ба мактаб рафтани кӯдак мувофиқ нест» ва гӯё ин давра вақти бозикунии атфол бошад, комилан зид ҳастам. Зеро бача бояд аз 4, 5 ва 6-солагӣ дар даст қаламу дафтар доштанро омӯзад. Дуруст, ки нутқи даҳонӣ зудтар рушд мекунад, барои ҳамин ҳам ман барои бачаҳо дастур-дафтари хос омода сохтаам, ки бача аз рӯи расм нақл мекунад, ё ягон ҳарфи чопиро калон карда медиҳам ва мегӯям, ки бачаҳо аз хат набаромада ранг кунед. Аз ин кӯдак ҳам ба завқ меояду ҳам зуд хатнависиро аз худ мекунад. 2.Ман 100 бор шукри Истиқлолият мекунам, ки дар ин давра чандин китобҳои дарсии худро ба воситаи кӯмаку дастгирии Вазорати маориф ва илми ҶТ ба нашр расонидам! Бояд қайд кунам, ки дар давраи шӯравӣ муаллифони китобҳои дарсӣ аслан мардуми ғайритоҷик буданд. Шукри истиқлол, ки имрӯз китобҳои дарсиро муаллифҳои Тоҷик таҳия ва нашр мекунанд, ҳатто вақте мушовирон аз Русия барои кӯмак ба таҳияи китобҳои дарсӣ омаданд, ба ҷои ба мо омӯхтан, баракс аз мо меомӯзанд.

Очаҷон Шуайбова,

муаллифи кутуби дарсӣ, ш.Хуҷанд

 

Сешанбе, Сен 13 2016

Субҳи имрӯз зиёда 60 нафар ҷавонони фаъоли шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба минтақаи Рашт зери шиори “Ҷавонон пайрави Пешвои миллат ва муҳофизи дастовардҳои 25-соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ” ба меҳмонӣ роҳсипор гардиданд. Сафари ҷавонони фаъоли кишвар ба минтақаи Рашт бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, он то 17 сентябр идома меёбад.

Душанбе, Авг 08 2016

82-фоиз аз хатмкунандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Фархор барои идома додани дониш ба Донишгоҳҳои олии кишвар тавассути Маркази миллии тестӣ ҳуҷҷат супоридаанд. 

Чоршанбе, Июл 13 2016

Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми кишвар мегӯяд, ки ба маршировка – ба низом қадам задан ҷалб шудани донишҷӯёни мактабҳои олии мамлакат барои ширкат дар барномаи театрикунонидашуди идона бахшида ба 25-солагии истиқлолияти давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷбурӣ нест ва донишҷӯён бо хоҳиши худ дар ин чорабинӣ иштирок менамояд.

Сешанбе, Июл 12 2016

ҶДММ «Таком», ки пешниҳодкунандаи хизматрасонии алоқа таҳти тамғаи тиҷоратии Beeline дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, дар бораи роҳандозииозмуни байналхалқии навовариҳои «Ҷоми мобилии Авруосиё» дар Тоҷикистон хабар медиҳад. Озмун, ки дар 1 рӯз дар 8 кишвар ҳусни оғоз бахшида шуд, ба ҷалби ҷавонони кишварҳои Аврупо ва Осиё барои коркард намудани ҳаллҳои нави мубрам дар соҳаи телекоммуникатсияи мобилӣ нигаронида шудааст.

саҳ 41 аз 44

Китобҳо

Flag Counter