ХАБАРИ ДОҒ

«Ҷоми мобилии Авруосиё» дар Тоҷикистон низ роҳандозӣ шуд

  • Сешанбе, Июл 12 2016

ҶДММ «Таком», ки пешниҳодкунандаи хизматрасонии алоқа таҳти тамғаи тиҷоратии Beeline дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, дар бораи роҳандозииозмуни байналхалқии навовариҳои «Ҷоми мобилии Авруосиё» дар Тоҷикистон хабар медиҳад. Озмун, ки дар 1 рӯз дар 8 кишвар ҳусни оғоз бахшида шуд, ба ҷалби ҷавонони кишварҳои Аврупо ва Осиё барои коркард намудани ҳаллҳои нави мубрам дар соҳаи телекоммуникатсияи мобилӣ нигаронида шудааст.

 

«Ҷоми мобилии Авруосиё» ташаббуси гурӯҳи VimpelCom Ltd буда, дар доираи барномаи корпоративию иҷтимоии «Саҳмгузор шав!» амалӣ мешавад, ки ҳадафи он пешкаш кардани имконият барои рушдёбии ҷавонон, новобаста аз малакаҳои техники онҳо мебошад. Чунин дастгирӣ барои ташаккул додани ояндаи онҳо ва минбаъд таъсир расонидан ба рушди иқтисодии кишвар ва минтақа имконияти хубе фароҳам меорад.

Дар озмун соҳибкорон ва стартаперони Арманистон, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Украина ва Ӯзбекистон ширкат варзида метавонанд.

Се дастаи ғолибон аз минтақаи Авруосиё барои иштирок кардан дар озмуни ниҳоии ҷаҳонии «Ҷоми мобилии Ҷаҳон» (Global Mobile Challenge), ки дар доираи Конгресси Умумиҷаҳонии Алоқаи Мобилӣ дар Барселона моҳи феврали соли 2017 баргузор хоҳад шуд, имконияти нодире пайдо мекунанд.

Барои гирифтани маълумоти бештар оид ба озмун, инчунин пешкаш кардани ақидаи навоваронаи худ, дар сайти www.eurasiamobilechallenge.com худро ба қайд гузоред ва дар самти коркарди инноватсияи мобилии шахсиатон ба кор шуруъ намоед. 

Хотиррасон мекунем, ки бори аввал дар Тоҷикистон, озмуни «Ҷоми мобилии Авруосиё» соли 2015 роҳандозӣ шуда буд. Дар натиҷаи марҳилаи аввали озмун 39 даста аз Тоҷикистон ба қайд гирифта шуд, ки иштироккунандагони он бештар донишҷӯён ва мутахассисони ҷавон гардиданд. Ҳар як даста ақидаи лоиҳаи худ ва ҳалли мобилии онҳоро дар категорияҳои гуногун: сайёҳӣ, истироҳати фаъол, таҳсилот, муҳити атроф ва ғайра пешкаш карда буд. Қисми зиёди дархостҳоро аз миқдори умумӣ лоиҳаҳои соҳибкорӣ дар Интернет ишғол намуданд. Дар натиҷаи марҳилаи интихобӣ, се даста Тоҷикистонро дар финали Москва муаррифӣ карданд.

- Ширкати VimpelCom роҳи худро аз стартап оғоз намуда, имрӯз яке аз калонтарин ширкатҳои байналхалқии телекоммуникатсионӣ ва технологии ҷаҳон бо базаи муштариёни зиёда аз 200 млн. мизоҷдошта ва бо имконияти фарогирии беш аз 10% аҳолии дунё мебошад. Мо аз осори худ ҳамчун роҳкушоён илҳом мегирем ва имрӯз боз ҳам зиёдтар ба ширкати рақамӣ табдил ёфта, дар ҷустуҷӯи таклифҳои нав ва роҳҳои ҳалли барномавӣ ҳастем, ки барои ба мизоҷонамон боз ҳам наздиктар шудан имконият медиҳанд. Beeline барномаи "Саҳмгузор шав"-и VimpelCom-ро дар ин бобат пурра дастгирӣ мекунад. Мо бесаброна мунтазири ақидаҳои нави тиҷоратӣ аз иштирокдорони озмуни «Ҷоми мобилии Авруосиё» ҳастем, - гуфт Директори генералии Beeline Константин Колесов. 

СССР

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter