ХАБАРИ ДОҒ

Худо шоҳид, ки чанде аз дидану шунавидани суруду тарноаҳои «ситораҳои навэҷод» чашму гӯш фурӯ баста будам. Зеро ин мардум онгуна маънии ғазал ба сирқат мебаранду аз вазни ашъор мерабоянд, ки ба ишон дар ин доду гирифт шоҳи дуздони Бағдоду тарозукашҳои бозори Шоҳмансур дар ҳасаданд. Ман дигар ҳатто намехостам, чизе дар ин бора нависам ва пессимистона қуттии ТВ мекуштам ва ё мурвати онро сӯи парабола тоб медодам.

 Вале барномаи шоми 02.08.2013, ки пас аз соати 22:00, тариқи ТВТ пахш шуд,  таҳрикам дод, ки нависам! Ин шом, тибқи ваъдаи таблиғӣ ба ман бояд беҳтарин соати фароғат мегардид, зеро муаллифон «Таърихи 1 тарона»-ро пайгирӣ мекарданд. Ва он ҳам чӣ таронае: 

Классикаи Тоҷик! Қалъабандии Акашариф Ҷӯраев бар 1 ғазали Бедилро…

Шабнам чӣ мегуфт?

Перомуни набуди Шӯрои Бадеӣ ҳини сабти «исторачаҳо» ва сабту пахши бемаъниву пучтарин суруду тарона дар студияҳои сабти овозҳо чизе намегӯям. Зеро ин равандро бояд КВД «Тоҷиккино» сахт зери назорат бигирад. Вале ун чизи дигар аст. Сухан сари ба саҳнаҳои телевизионҳои давлатӣ роҳ ёфтани матну абёти барғалат ва бевазну бе мантиқгардонидашудаи ғазалҳои клоссикон меравад.

Ба гунаи мисол, чанде қабл тариқи ТВ Сафина 1 консерти бузурги Шабнами Тоҷиддин-духтарбузурги сарояндаи номии Тоҷикистони советӣ-Тоҷиддин Муҳиддинов пахш гардид. Роҷеъ ба пахши консерт, ки мисли ДИСК пахш мешуду кас намедонист, ДВД тамошо дорад ва ё ТВ давлатӣ низ чизе намегӯям. Вале ин ки Шабнам беодобии санъат мекард, бояд гуфт.

Шабнами Тоҷиддин танҳо дар 1 ғазали маъруфи Бадриддин Ҳилолӣ он қадар сақат гуфта, вазнро косту маъниро харбо намуд, ки фикр кардам, Ҳилолӣ дар гӯр ҷумбид!

Аз ҷумла хонум Шабнам мегуфт:

-Донам, ки чаро хуни маро зуд БИРЕЗӢ…

Ин дар ҳолест, ки Ҳилолӣ гӯяд:

-Донам ки чаро хуни маро зуд НАРЕЗӢ!!!

Бирезӣ аз нарезӣ фарқи бузург дорад! Зеро агар барои Шабнам он ягон тафриқа надошта бошад ҳам, барои шоири шӯрида ва маҳбуби қалби миллионҳо Тоҷики ошиқ, дар тӯли садсолаҳо, маънии дигар дошт ва бар ситамгории маъшуқа ишора мекард… Ва ин ситамро бояд сатри дуввум таъкид менамуд.

Дар сатри 2, хонум Шабнам меафзуд:

-ХОҲАМ, ки ба ҷон кандани бисёр бимирам!!!

Ин сатр на маънӣ дорад, на мантиқ ва на зебоӣ. Ва дар 2 олам обрӯи бузургтарин ғазали Ҳилолиро, ки бо матлаъи:

Хоҳам, ки ба зери қадамат зор бимирам,

Ҳарчанд кунӣ зинда, дигарбор бимирам!

…мекоҳад. Зеро бо ин матлаъи зебо набояд шоир чунин мақтаъи бе мантиқ дошта бошад.

Хушбахтона, барои мо ва бадбахтона барои Шабнамҷон, Ҳилолӣ дар қатъи ҳусни мақтаъ дигар чиз мегӯяд:

-ХОҲӢ, ки ба ҷонкадани бисёр бимирам!!!

Ва акнун ба байт назаре афганем.

Ҳилолӣ:

Донам, ки чаро хуни маро зуд НАрезӣ,

Хоҳӣ, ки ба ҷонкандани бисёр бимирам!

Шабнами Тоҷиддин:

Донам, ки чаро хуни маро зуд БИрезӣ,

ХоҳАМ, ки ба ҷон кандани бисёр бимирам…

Тафовутро дидӣ, хонанда, ки аз куҷо то бар куҷост?

Дар ҳамин ғазал, хонум Шабнам ҳадди ақалл дар 4 маврид ғалат месарояд ва бо лутфу табассуму ҷилваи чашму абрӯи зебош бар 7 пушти клоссикони мо лаънат мефиристад!

Хуб, Шабнам шояд ҳаққи ғалатсароӣ дошта бошад, аммо Сафина, ки корхонаи Давлатист дар 2 олам ҳуқуқи пахши чунин консертро надорад!!! Зимнан, боиси таассуф аст, ки Шӯрои Бадеӣ дар ТВ-ҳои мо нест. Ин Шӯро бояд телевизионҳои моро, ки аз пули буҷҷа, яъне ҳамёни бинандагон аст, аз ин музахрафот ҳифз кунад. Мисле, ки дар даврони шӯравӣ мекард!!! Рӯиҳамрафта, Шӯрои Бадеӣ бояд ҳатто иҷозати консерти расмӣ диҳад, вале пас аз омӯзиши репертуари ҳунармандон. Ҳоло ман метарсам, ки Вазорати Фарҳанг ба инҳо унвонҳои расмӣ надиҳад…агар надода бошад!

Эй ҳузури мақдамат…

Вале шоми ҷумъаи 2 август, ба ман собит намуд, ки ғалатсароӣ натанҳо хоси «ситорачаҳои навэҷод» аст. Дар ин шом бузургтарин ҳунрмандону ҳофизони номӣ муаррифии ғалат карданд.

Усулан ғалати ишон маъмулӣ шудааст ва ба пиндори ман аз кам омӯхтан ҳам не, ки аз новоқифӣ аз санъати бадеъ ва тасаввуфу илми фиқҳ, ба вежа Қуръони Маҷид аст. Бояд гуфт, ки клоссикони мо дар аксарияти маврид бо шеър тафсири Қуръон кардаанд ва нозукиҳои Тасаввуфро бо тобишҳои зебои лафзи дарӣ баён доштаанд. Новоқифӣ аз ин асрор, албатта, мардумро ба ғалатгуӣ мебарад.

Хуб, сухан ба дарозо набарем ва хатои ишонро гӯем…

Сафаргул Юсупова: васлу эҳсон

Сафаргул Юсупова вақте ки дар ин шом Қалъабандиро мехонд, мегуфт:

-Интизорӣ доштам, дар кулбаи вайронае,

Юсуфистон кард васлаш кулбаи эҳсони ман…

Лозим ба ёдоварист, ки хонум Юсупова дар 1 байт 3 ғалат карда, ҳатто аз Шабнами Тоҷиддин гузаронидааст!!! Ғалатҳои маъруф на танҳо маънии байт, ки ҳатто мантиқи маъниро маъюбу иллатӣ кардаанд.

Зеро Абулмаъонӣ Бедил сареҳатан мегӯяд:

Интизорӣ доштам дар ГӮШАи вайронае,

Юсуфистон кард ФАЗЛаш, кулбаи ЭҲЗОНи ман…

Рустам Дуллоев: Кулбаву Гӯша…

Ин хаторо тақрибан Рустам Дуллоев-сарояндаи опера ва маъруфтарин чеҳраи санъати мо дар Аврупо такрор мекунад. Рустам Дуллоев на танҳо дар Тоҷикистон, ки дар Италия низ маъруф аст ва то ҷое аз роликҳои таблиғоташ медонем, он ҷо ҳатто мастер-класс, дарси опера ва фалаки Тоҷикӣ медиҳанд. Зимнан зебанда нест, ки чунин чеҳраи тобоне дар маъмултарин таронаи Тоҷикӣ, Қалъабандии Акашариф ғалат кунад. Рустам месарояд:

Интизорӣ доштам дар КУЛБАи вайронае,

Юсуфистон кард фазлаш кулбаи эҳзони ман…

Ба самъатон бояд расонам, ки Падари Маъонӣ-Бедил дар ГӮШАе мунтазир буд, ки кулбаи эҳзонаш аз фазл (на ВАСЛ) юсуфистон гардид.

Ба ҳамааш Юсуф гунаҳкор?

Ғалати сарояндагони мо сар-сарӣ гузаштан аз маъонист. Зеро фикр мекунам, чун эшон аз қиссаи Юсуф хабар доранд, ки ВАСЛи Юсуф чашми Яъқуби Падари кӯргаштааш равшан кард, пас бояд ин ҷо ВАСЛ бошад, на ФАЗЛ.

Аммо бори маънӣ бар дигар ҷониб аст. Зеро чашми Яъқубро ФАЗЛи Парвадагор равшан карда буд, на ВАСЛи Юсуф. Ин аст, ки Ҳофизи Лисонулғайб мегӯяд:

-Фазли рӯҳулқудус ар боз мадад фармояд,

Дигарон ҳам бикунанд он чӣ, Масеҳо мекард!!!

Маънӣ ин аст, ки ҳар каромате, ки пайғамбарон доранду кардаанд, бо дархости Худо мешавад, на талоши индивид. Ҳофиз мегӯяд, агар Худо дастгир бошад, дилхоҳ одам Исо буда метавонад ва муъҷизаи Писари Марям (дар Қуръон Руҳулуқудс)-ро, ки мурдаҳоро зинда мекард, такрор метавонад кард. Яъне кор-кори Ӯст, ки бо дасти Исо роиҷ мешуд, на баракс. Ва фазли Худованд ӯро ба ин мартаба оварда буд…

Зимнан аз маънӣ бармеояд, ки «Юсуфистон кард ФАЗЛаш», зеро чашмони Яъқуб, ки низ бо ФАЗЛи Ӯ нобино шуда буданд, аз Фазлаш мунаввар гардиданд. Васли Юсуфро объекти сиҳҳатии Падар хондан, малеҳтар карда гӯем, ширк овардан аст. Ва акнун бовар доред, ки Абулмаъонӣ чунин ғалат мегуфт???

Фурқати Саид: Созу сӯзи дил

Ва ахиран 1 нуктаи нозуктаринеро, ки Бедил ба он ибора, ба пиндори банда, ҷонашро эъто кардаву пешкаши мо кардааст, кулли сарояндагон ғалат мехонанд. Ҳамин шом, дӯсти беҳтаринам, яке аз чеҳраҳои тобони санъати миллӣ, ки аслан дар вазну маънӣ ғалат намебурд, Фурқат Саидов байти ҳусни мақтаъи Бедилро ғалат хонд, ки таккондиҳандаи навиштани ин сатрҳо шуд. На, аслан на барои нуктаву эрод гирифтан, ки барои фаҳмонидан ва аз такрори хатои мазбур, ки ҳусни ғазал ва мақоми Қалъабандиро мекоҳонад, садд гузоштан, инро менависам.

Фурқат хонд:

Бедил аз СӮЗи дилу дасти тиҳӣ шармандаам…

Сӯзи дил, албатта, далели меҳр, муҳаббат, ишқ ва ғ. ва ҳ. аст. Ва касе ошиқ аст, албатта дилаш СӮЗ дорад. Маҳз ана ҳамин тасаввуроти мо дар бораи дили ушшоқ аксарияти кулли сарояндагони моро ба роҳи ғалат афкандааст. Вале фаромӯш накунем, ки клоссикони мо ба КӢ дил мебастанду ишқи Кӣ дар синаҳо ҷо мекарданд.

Бедил дар ин мисраъ, ки баландтарин, авҷи маънии ғазали маъруф аст, сареҳатан мегӯяд:

-Бедил аз СОЗи дилу дасти тиҳӣ шармандаам…

Созӣ, бача?!

Соз ба маънии ҷиҳоз, сарват, наво, мардумӣ карда гӯем, чизу чора, боигарист. Агар аҳамият додаед, дар Тоҷикистон бештар суоли «Созӣ, бача?» дар миёни мардум роиҷ аст. Ин ба маъниест, ки камбағал нестӣ?, банкрот нашудаӣ?, чизу чора дорӣ?… ва ғ. ва ҳ…

Ва акнун чаро дили Бедил Соз нест?!

Дар ин мисраъи аввали ҳусни мақтаъ, ки гуфтем авҷи шукӯҳу шаҳомати ғазали мазбур аст, Бедил Формулаи ЭМОНро корбаст кардааст. Ҳамаамон, ки мусалмонем, он формуларо медонем, ки чист:

Ал имону иқрорум бил лисони ва тасдиқум бил қалб!

Яъне «Эмон гуфтор ба забон асту тасдиқ дар дил».

Дуруст аст? Дуруст аст!

Ҳофизи Лисонулғайб аст, ки ҳамин маъниро ба ин тобиш меоварад:

Халқе забон ба даъвии Ишқаш кушодаанд,

Эй ман ғуломи он, ки дилаш бо забон якест!

Ба формула назар кунед: Иқрорум бил лисони ва тасдиқум бил қалб! Эмон чист? Ишқи Ӯ. Даъвояш чист? Бо сухан гуфтан. Далелаш чист? Тасдиқ дар дил. Ва агар дил тасдиқи эмон накард, вой бар мо, ки Ӯ аз дил хабар дорад…

Дилҳои мо мутаассуф бештар аз тасдиқи Ӯ дигар ҳавову ҳавас доранд. Яъне СОЗ нестанд. Зеро сарвати асливу усулии бандагӣ-ЭМОН-СОЗро гум кардаанд.

Ва танҳо Бузургон метавонанд, ИҚРОР кунанд, ки дилашон бар лафзашон яке нест! 

Субҳа бар каф, тавба бар лаб, дил пур аз шавқи гуноҳ,

Маъсиятро ханда меояд зи истиғфори мо!

Дил чу СОЗ нест, сӯзи шавқи гуноҳ дорад!!!

Ва ин аст, ки Бедили Абулмаъонӣ, ТАВБА-ПОКОЯНИЕ мекунад пеши Ӯву мо-хонандагони ашъораш ва аз қаъри қарнҳо иқрор мешавад, ки эмонаш заъф дорад, дилаш СОЗ нест ва дуо мекунад, ки Худо бубахшадаш…

Маънии дигари вожаи СОЗ ба маънии тартибу низом, СОМОН низ ҳаст. Яъне Бедил мебинад, ки чу дилаш ҳавову ҳавасҳои ухравӣ дораду бо ҳамин сабаб эмонаш заъф пайдо кардаасту тартибу низом-СОМОН дар қалбаш нест, тавба мефармояд пеши Ӯву мо-дигар бандагони пургунаҳ, то хатояшро такрор накунем.

Ва акнун ба байт дубора саре занем:

-Бедил аз СОЗи дилу дасти тиҳӣ шармандаам,

Ҷуз дуо дигар чӣ ояд, аз ману сомони ман!!!

Яъне ДИЛ, ки муфлис шудааст, СОЗ нест, тартибу низом, яъне СОМОН, ки надорад, Бедил маҷбуран дасти дуо мебардорад, ки Худо бубахшадаш…

PS: Тафсири ин байт тӯлонитар аз пиндор аст. Аммо мо талош кардем, дар доираи маҳдуди сафҳаи газета онро ғунчонем. Ва ба 1 хотир, на худнамоӣ, ки агар худнамоӣ мехостем, барвақт онро менавиштем, ки ба хотири такрор нашудани ин ғалати дағал дар бузургтарин таронаи Миллӣ-Қалъабандии Акашариф Ҷӯраев. Умед дорем, ки мухотабҳо аз мо намеранҷанд, балки ба ислоҳ бармештиобанд. Мо Метавонем!

 

Сайёфи Мизроб

Махсус барои аҳли санъати Тоҷик

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter