ХАБАРИ ДОҒ

Будубоши донишҷӯёни хориҷиро дар Россия осонтар карданд

  • Душанбе, Фев 05 2018

Москва, 5.02.2018, “СССР”, Шамсиддин Муқим. Иқомати донишҷӯёни хориҷиро дар Россия то анҷоми таҳсил тамдид карданд. Тағийроти мазкур дар асоси “Қонуни ҳолати будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Россия” ба иҷро расонида шуда, он пеш аз ҳама ба донишҷӯёни шӯъба ва факултаҳои тайёрии муассисаҳои давлатии таълимӣ дахл дорад. Тағийроти мазкур барои донишҷӯёни дар шакли таълими шӯъбаҳои рӯзона, шабона, ё ғоибхон, ки дар асоси барномаи таълимӣ-касбии донишгоҳҳое, ки расмани ҷозати таълимро доранд, равона гардидааст. Донишҷӯёни хориҷие, ки ба дигар муассиссаҳои таълимӣ гузаронида шудаанд, метавонанд то анҷоми таҳсил дар Россия монанд. Дар ин бора вазорати маориф ва илми ФР хабар медиҳад.
Ғайр аз ин, дар тағйироти Қонуни федералии ҳолати будубош дар Федератсия Россия барои хориҷиёне, ки шӯъбаи тайёриро хатм карда, ба дигар муассисаи таълимӣ қабул гаштаанд, мӯҳлати дароз кардани иқомат ба инобат гирифта шуд. Минбаъд барои онҳо баромадан аз қаламрави Россия зарур нест. 
Баробари ин, масъулияти бақайдгирии шаҳрванди хориҷӣ бар дӯши тарафи қабулкунанда, яъне муассисаи таълимӣ гузошта шуд, яъне Донишгоҳи олӣ худаш ба Хадамоти маҳаллии федералии кор бо шаҳрванди хориҷӣ тавсияи дароз кардани будубоши хориҷиро пешниҳод мекунад.
Солҳои охир Россия барои мустаҳкам кардани мавқеи худ дар баланд бардоштани сифати таълим ва ҷалб дар пажуҳишгарӣ кӯшиши зиёд дорад. Аз ҳамин лиҳоз риштаҳои таълими ихтисосҳоро мустаҳкам дорад, то тавонад дар рақобати ҷаҳонӣ шумораи зиёди донишҷӯёни хориҷиро ба муассисаҳои таълимии хеш ҷалб кунанд. Дастгирӣ кардани кӯшишҳои зерин ба воситаи Лоиҳаи баланд бардоштани рақобатпазирии донишгоҳҳои пешбари Россия дар байни муассисаву марказҳои бузурги илмӣ-таълмии ҷаҳонӣ (Проект 5-100) ва нақшаи “Пешбурди интиқоли нерӯи воситаҳои таълимии Россия” амалӣ хоҳад шуд.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter