Унсурҳои алоқаи байнифаннии забону адабиёт ва алифбои ниёгон хеле фаровонанд, ки мутаассифона, имрӯз оддитарин тадбирҳои он дар дарсҳои забону адабиёти тоҷик андешида намешавад. Мутаассифона, имрӯз робитаи байни забону адабиёт ва алифбои ниёгон гусаста шуда, иллати асосиаш он аст, ки ҳуруфи кириллӣ ҷойгузини алифбои ниёгон шудааст. Тақрибан 90 сол боз забону адабиёти мо бо кириллӣ баён мешавад. Таҷрибаи таърихӣ имрӯз гувоҳи он аст, ки робитаи байни забону адабиёт ва алифбои ниёгон аз ҳам канда шудааст. Далел он аст, ки нозукиҳои имлои форсӣ дар қолаби алифбои кириллӣ намегунҷад. Зеро фарҳанги суннатии мо бо ин хат бунёд шуда, наметавонад дар қолаби дигар вуҷуд дошта бошад. Қолаби бегона ҳатман шакл ва маънии худро дорад ва истифодабарандаи хешро ба коми таъсири хеш мекашад. Маҳз ҳамин таъсирпазирӣ аз алифбои бегона адабиёт ва забони моро аз асли худ мутаассифона, дур созад. Маҳз аз худ нақше гузоштан моро водор месозад, ки тадбирҳое андешем, то муҳимтарин унсурҳои алоқаи байнифаннии забону адабиёт ва алифбои ниёгонро пойдор бисозем. Ба назари мо яке аз унсурҳои муҳим дар мавзӯи баҳси мазкур ин робитаи ногусастаи забон ва алифбост. Забони тоҷикӣ бо ҳама назокат ва шевоияш дар қолаби алифбои ниёгон рехта шудааст амри табиист. Талаффузи калимаҳо, ҳарфҳо, ҳиҷоҳо ва билохира гуфтори тоҷикӣ танҳо бо алифбои худи мо сурат мегирад. Ҳеҷ алифбои дигар қодир нест хусусиятҳои табии забони моро фаро гирифта тавонад. Масалан, беш аз 70 сол аст, ки пас аз ба ҳуруфоти кирилӣ гузаштани мо миёни олимони забоншиносамон баҳсҳои тезу тунд ҷараён дорад ва то ҳол садонокҳи “и”, “у” (ӣ,ӯ) мавқеи худро дар ҷумла наёфтаанд. Ман намедонам, ин ҳарфҳо роҳи худро гум кардаанд ва ё олимони мо сарҳисоби худро ёфта наметавонанд. Масалан, ҳар яке аз садонокҳо навиштори муайяни худро дар аввал, мобайн ва охири калима надорад. Масалан, калимаи “гир” (аз гирифтан) дар алифбои ниёгон бо ҳарфи “йо” навишта мешавад. Аммо дар алифбои кириллӣ он бо ҳарфи “и” ифода мешавад ва маълум нест, он дароз аст, ё кутоҳ, маҳз аз ҳамин ҷо иштибоҳи забонӣ бармехезад, ки дар маҷмӯъ ба иштибоҳи фарҳангӣ меорад. Яъне талаффузи нодурусти 1 ҳарф ба калима ворид шуда, иштибоҳи калима ҷумларо вайрон месозад. Ҷумлаи хато таркиби забонро халалдор месозад. Аз ин рӯ, ба назари мо яке аз муҳимтарин тадбирҳо пос нигоҳ доштани тозагии забони мо ин робитаи бисёр танготанги алифбои ниёгон бо забони мост. Дигар аз тадбирҳои муҳиме, ки моро водор месозад ба ин мавзӯъ диққати ҷиддӣ диҳем, ин алоқаи ногусастанӣ миёни адабиёт ва алифбои ниёгон аст. Мутаассифона, бархе аз унсурҳои адабиёти хешро, ки ҳазорсолаҳо мавҷуд буд, аз даст додем. Дар илми арӯзи мо, ки бунёдаш дурусти ҳисоби ҳиҷоҳои дароз ва кутоҳ аст, риояи муодилаи ҳиҷоҳо ҳатмист. Пас, агар дар калима ҳиҷои дароз аз кутоҳ тафриқае надошта бошад, вазни дурусти шеърро бароварда наметавонем. Чун меъёри санҷиши адабиёт ин шеър аст ва дар он халал ворид гардад, онгоҳ фарҳанги мо ноқис мемонад ва мо дар ҷаҳони гуфтугӯи тамаддунҳо бо сари боло чизе гуфтан наметавонем. Бинед, ки 1 иштибоҳ дар садонок, ночиз менамояд, чӣ қадар иштибоҳи бузургро ба бор меорад. Аз ин рӯ, муҳимтарин тадбири унсурҳои алоқаи байни фанни забону адабиёти тоҷик ва алифбои ниёгон, ин чораи ногусастани сохтани робитаи адабиёт бо алифбои ниёгон аст.
Суръат Қӯқанов,
муаллими Муассисаи таълимии хусусии “Литсейи Раҳнамо”