ХАБАРИ ДОҒ

Азизҷон Азимӣ - нахустин Тоҷик дар рӯйхати «Forbes»

  • Панҷшанбе, Март 29 2018


Азизҷон Азимӣ, 1 ҷавони Тоҷик, ки дар ИМА таҳсил мекунад, ба рӯйхати маҷаллаи машҳур ва бонуфузи «Форбес»- «Forbes» шомил гардид. Азизҷонро «Форбес» дар бахши «30 то 30», яъне соҳибкорони ҷавони то 30-солаи Осиёи Марказӣ ҷой додаст. Бояд зикр намуд, ки Азизҷон Азимӣ нахустин фарди Тоҷикистон аст, ки номаш дар рӯйхати «Форбес» ворид карда шуд.
Ин ҷавони Тоҷик дар байни 3600 довталаб барандаи стипендияи Барномаи «The Knight—Hennessy Scholars» гардид, ки он барои таҳсил дар Донишгоҳи Стенфорди Амрико дода мешавад.
Азизҷон Азимӣ соли 1997 ба дунё омада, аз сини хурдсолӣ ба омӯхтани забонҳои хориҷӣ шавқу рағбат пайдо менамояд. Аз 5-солагӣ ба омӯхтани забони англисӣ шурӯъ намуда, ҳангоми таҳсил дар синфи 9-ум бо 2 ҳамсинфи дигараш дар озмуни байналмиллалии I-SWEEEP 2008 дар ш. Хюстони ИМА иштирок карда, сазовори ҷои 1-ум ва медали тилло мегардад. Лоиҳаи аз ҷониби ин бачаҳо омода намуда ин кашф кардани қувваи барқ аз лойи геобактер иборат буд.
Азизҷон пас аз ин ғолибият таҳсилро дар мактаби хусусии Разӣ дар ш. Ню-Йoрки ИМА давом дода, соли 2012 мактабро бо баҳои аъло, ҷоизаи  академикии президенти вақти ИМА Барак Обама ва ҳамчун роҳбари «ҳукумати хонандагон» хатм кардааст. Вай баъдан дар факултаи аълохонони донишгоҳи Хофстра (Hofstra University) бо стипендияи президенти донишгоҳ таҳсилро давом дода, пас аз 1 соли хониш дар ин донишгоҳ ба Донишгоҳи Ню-Йорк (NYU) гузаштаст.



 

 
    

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter