ХАБАРИ ДОҒ

Идрорпулии Маъруф Муҳаммадзода ба 100 нафар наврасону ҷавонони фаъоли Хуҷанд

  • Панҷшанбе, Май 24 2018


Маъруф Муҳаммадзода, раиси ш.Хуҷанд бахшида ба Рӯзи Ҷавонон дар кишвар 100 нафар наврасону ҷавонони фаъоли шаҳрро ба ҳузур пазируфта, идрорпулии хешро ба эшон тақдим дошт.
Чуноне ки котиби матбуотии раиси ш.Хуҷанд Маъмур Юсуфов хабар дод, Маъруф Муҳаммадзода  наврасону ҷавононро бо Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрику таҳният гуфт, изҳори умедворӣ намуд, ки дар ояндаи наздик низ ҷавонони мо дар дигаргунсозиҳои ҷомеаи навин фаъолона иштирок карда, дар муаррифии давлати тоҷикон ва баланд бардоштани парчами Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ нақши шоиста мегузоранд. Ҷавонони саодатанд, масъулияти бузурги таърихӣ ва қарзи пурифтихори фарзандии худро сарбаландона адо намуда, ба хотири рушди рӯзафзуни кишвари биҳиштосоямон ҳамчун созандагони фардои Ватан хизмати арзандаро ба ҷо меоранд.
Иттилоъ дода шуд, ки ташаббусҳои созандаи ҷавонон аз ҷониби Ҳукумати кишвар ҳамеша дастгирӣ ёфта, ҷавонон дар корҳои роҳбарии шохаҳои ҳокимият, истеҳсолоту тиҷорат, илму таҳсилот ва ғайраҳо пурсамар фаъолият доранд. Аз ҷумла, 75 нафар олимони ҷавон ва 29 нафар ихтироъкорони ҷавон дар донишгоҳҳо фаъолият бурда, саҳми арзандаи худро дар пешрафти ҷомеа мегузоранд. Имрӯзҳо зиёда аз 365 - нафар ҷавонписарону ҷавондухтарони шаҳрамон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои хориҷи кишвар таҳсил мекунанд.




ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter