ХАБАРИ ДОҒ

Аз хатти шикаста то кӯрсаводӣ

  • Панҷшанбе, Сен 20 2018



Хатти мушкилхон
Зинҳор дар дурустии хат саъй кун, ки ҳаст
Хатти шикаста хоби парешон саводро!!!

Соиб


Ниёкони мо то ҷорӣ шудани алифбои арабӣ дорои алифбои мехӣ, оромӣ (паҳлавӣ)… буданд. Аммо истилои араб хатҳои пешинро билкулл аз байн бурда, хати мушкилхону гунгу беимлои арабиро ҷойгузини он кард ва миллатро на танҳо дар асорати сиёсиву иҷтимоиву иқтисодиву низомӣ, балки илмиву адабию фарҳангию маънавӣ қарор дод. Хушбахтона, Инқилоби Октябр тоҷиконро дар асри гузашта на фақат аз асорати бегонагон-аъробу атроку муғул, балки аз асорати алифбои арабӣ низ наҷот дод, лек ҳамзабонони мо дар Эрону Афғонистон (форсҳову тоҷикҳо) натавонистанд, ки худро аз асорати аъробу атроку муғул ва хосса, алифбои муаммогунаву мушкилхони арабӣ наҷот бидиҳанд ва аз неъмати савод, яъне хондану навиштан баҳраманд гарданд. Ин аст, ки имрӯз ҳам дар ин кишварҳо, ки алифбои арабӣ ҳоким аст, мардуми зиёд аз файзи хондану навиштан бархӯрдор нестанд, яъне хондаву навишта наметавонанд, зеро алифбои сарбаставу муғлақу гунги арабӣ барои саросар саводнок гардондани мардум мувофиқат ва мусоидат намекунад. Ин алифбо то ба ҳадде мушкил ва беқоидаву бенизом аст, ки онро на натанҳо авом, балки аҳли илму адаб, онҳое, ки дар макотиби миёнаву олӣ ин хатро таълим медиҳанд, матншиносон, хаттотон, катибахонҳо, бо 1 сухан мутахассисон ҳам хонда наметавонанд. Хосса, дастнависи ин хатро кам касон метавонанд бихонанд. Беҳуда шоир нагуфтааст:
Мо, ки сатри каҳкашон аз лавҳи гардун хондаем,
Дар хати девонии занҷир оҷиз мондаем.

Алифбои қориазёд
Зимнан бояд гуфт, ки алифбои арабиро аз қадим то имрӯз қориазёд мекарданд ва мекунанд. Лиҳозо, донандагону хонандагони он ҳам фақат матнҳоеро метавонанд бихонанд, ки онҳоро аз ёд карда, аз рӯи он сабақ гирифтаанд, матнҳое, ки аз ёд накардаанд, то ин дам ба онҳо рӯ ба рӯ нашудаанд, надидаанд, наметавонанд бихонанд. Аз ин рӯ, ҳини дучор шудан ба матнҳои ноошно ва ҳифз накардашуда даст ба баҳонасозӣ мезананд, то худро аз ҳолати ногувор раҳоӣ бахшанд. Баҳсҳое, ки то имрӯз доир ба гуногунии матнҳо, ба вежа, шеъри шоирон дар миён аст, аз ҳамин мушкилоти алифбои гунгу беимлои арабӣ маншаъ мегирад. Лиҳозо, мо бояд ба мардум, мутахассисон, матншиносон, баргардонандагони матнҳо, устодону муаллимоне, ки алифбои арабиро дар мактаҳои миёнаву олӣ дарс медиҳанд, аммо худ онро дуруст хонда наметавонанд (чӣ расад ба шогирдон), олимон, шоирон эрод нагирем, айб намонем, зеро айб дар мардум нест, балки дар алифбои иртиҷоию мавҳуму маҷҳулу муғлақу мушкилхону беимлову беқоидаи бегонаи арабист, ки бо рӯҳу тафаккуру андешаи мо созгор нест. Беҳуд нест, ки миллати мо баъд аз истилои араб то имрӯз на забони арабӣ ва на алифбои онро натавонист пурра аз худ кунад. Дар гузашта ҳам иддае маҳдуд, танҳо бархе аз олимону адибони мо, забони арабиро медонистанду хати онро хонда метавонистанд, лек омма бо зеру забар ҳам наметавонистанд, ки онро дурусту беғалат бихонанд.

Номае мерафту меомад…
Дар ин замина метавон садҳо мисол овард, аммо бо нақли чанд мисол, ки аз мушоҳидаҳоямон ба даст овардем, иктифо менамоем. Масалан, дар Институти осори хаттӣ, замоне ки онро ба бинои дигар (биное, ки ҳоло ҷои будубоши 201 дивизияи Русия аст) кӯчонда буданд, шоҳиди зиндаи хонда натавонистани номае шудем, ки аз 1 кишвари ҳамзабон бо хати арабӣ омада буд. Дар он ҷо аксари ҳозирон аҳли илму адаб, донишмандон, ҳатто даъвогарону талабгорони ҷорӣ кардани алифбои арабӣ ҳам буданд, лек мактуби омадаро, ки бо хати арабӣ буд, хонда наметавонистанд. Инҷониб, ки бо коре ба он ҷо ворид шуда будам, дидам, ки нома аз даст ба даст мегардад ва мепурсанд, ки кӣ дастнависро хонда метавонад? Мутаассифона, ҳеҷ кас овоз баланд намекард. Банда, ки он замон матнҳои чопии арабиро базӯр мехондам, дам фурӯ бастам. Номаро бурданд, хонда тавонистанд ё натавонистанд, намедонам…

Ҷамолиддин Саидзода,
адабиётшинос

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter