ХАБАРИ ДОҒ

Маршировкаҳо дарди саранд!

  • Панҷшанбе, Окт 18 2018


Дар газетаи мардумии СССР (№37(522), 13.09.2018) мақолаи сардабир Сайёфи Мизробро бо номи «Шараф ва Марш…(ировка)»-ро хондам. Бо афкори муаллиф 100% мувофиқам. Зеро яке аз дардҳои ҷомеъаи имрӯзаро ба қалам додааст. Дар ҳақиқат, чорабиниҳо дар давлати мо хело бисёр гузаронида шуда, барои таҷлили онҳо аксаран хонандагон ва донишҷӯён сафарбар мешаванд. Эшон дар чорабиниҳо бо дили хоҳам-нохоҳам иштирок менамоянд. Зеро аз рисолати аслиашон-илмомӯзӣ дар канор мемонанд. Агар маршировкаҳо 1 рӯз мегузашт ҳеҷ гап набуд. Лек он хеле тӯлонист!
Маршировкаҳо ҳамаи онҳоеро, ки дар гузаронидани он вобаста шудаанд, дилбазан ва хаста мекунад, ҳам омӯзгорон, ҳам донишҷӯён, ҳам хонандагон аз ин амал норозианд. Лекин илоҷ надоранд. Аён аст, ки маршировкаҳо зарари бештар меоваранд. Зеро ба иштирокчиён сару либос, хӯрду хӯрок, нақлиётпулӣ сарф мешавад. Аз масъулини чорабиниҳои ҷашнӣ дархост дорам, ки хонандагону донишҷӯёнро дигар ҷалб накунанд. Бигзор ба илму дониш машғул шаванд. Ба ин гуна чорабиниҳо онҳое машғул шаванд, ки фарҳангиянд. Масалан, гурӯҳи махсуси театрӣ, гурӯҳи махсуси рақсӣ, сарояндагон, варзишгарон, артистони сирк...
      
Ҷои маршировка пахтачинӣ баред!
Дар замони СССР ҳам сафарбаркунии хонандагон ва донишҷӯён вуҷуд дошт, лек онҳоро на барои маршировка, балки барои ҷамъоварии ҳосили пахта ҷалб мекарданд. Аз охирҳои моҳи сентябр сафарбаркунӣ оғоз мешуд. Хонандагони мактаб дар маҳалҳои худ то иҷро шудани плани пахтасупорӣ пахта мечиданд. Донишҷӯён колонна шуда, барои пахтачинӣ ба ноҳияҳои водии Вахш сафарбар шуда, то 7 ноябр-ҷашни ғалабаи Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр, пахтачиниро дар ноҳияҳои вобасташуда давом медоданд. Дар арафаи иди 7 ноябр боз колонна шуда ба пойтахт бармегаштанд. Рӯзи 7 ноябр дар паради ҷашнӣ иштирок мекарданд. Баъди ин донишомӯзиро давом медоданд. Агар плани пахтаро иҷро накарда бошанд, боз ба пахтачинӣ мефиристоданд.
Ин сафарбаркунӣ зарар намеовард. Чунки донишҷӯ пули пахтаи чидаашро мегирифт. Инчунин фасли баҳор дарсҳои иловагӣ гузаронида мешуд. Ҳам хонандагон ва ҳам донишҷӯён мавзӯъҳои дар вақти пахтачинӣ нагузаштаи дарсҳоро азхуд мекарданд…

Саттор Бобохонов,
муаллим, н.Ҷ.Балхӣ

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter