Салом, СССР! «Билетфурӯшӣ фронти зарбдор!» ном мақолаи Холмурод Сафарзодаро дар газетаи СССР (№42(527), 18.10.2018) хондам. Муаллиф солҳои 1970-ро ёдрас шудааст, ки донишҷӯёни он давра бо завқи баланд ба театру кино мерафтанд, китобу рӯзнома мехонданд. Бо сабаби ҷанги шаҳрвандӣ то ба имрӯз он шавқу завқи мардум коста гардидааст. Ба гуфти муаллиф, «агар ба ихтиёри мардум монед, касе барои театру кино билет намехарад». Аз ин рӯ пешниҳод кардааст, ки бо зӯрӣ бошад ҳам, ба хонандагону донишҷӯён билети театру кино фурӯхта шавад. Ҳол он ки безӯрӣ ҳам хонандагону донишҷӯён аз пулғундориву пулситониҳо ба дод омаданд. «Аввал иқтисодиёт баъд сиёсат» гуфтаанд. Бигзор барои ғизои маънавӣ гирифтану баланд бардоштани маърифатнокии хонандагону донишҷӯён билет фурӯхта шавад, аммо на ба таври маҷбуриву таҳдиду таҳқир ва зӯриву фишор. Танҳо тариқи фаҳмондадиҳӣ, ташвиқу тарғиб ва ҳавасмандкунӣ завқи мардумро бедор кардан мумкин асту халос!
Обуна…мисли облава шудааст!
Ҳар фарди солими ҷомеаи ҳуқуқбунёд ҳаққу ҳуқуқ дорад, ки дар баробари ғизои моддӣ барои ғизои маънавӣ бардоштан мувофиқи хоҳиш ва имконият ба ин ё он рӯзнома обуна шавад. Аммо имрӯз обуна низ барои пурра намудани «план» иҷборӣ шудааст. Шахси обунакунонидашуда сари вақт рӯзнома мегирад, ё не, мехонад ё не, касеро парво нест. Чаро дар хариди рӯзномаву маҷаллаҳои хусусӣ «озод» касеро маҷбур намекунанд, ҳол он ки ҳар шумораи онҳоро муштариён бесаброна интизоранд?
Ҳамин тариқ, дар боби китоб низ ҳамин мушкилӣ ба назар мерасад, яъне «иҷборӣ». Китобҳои навқаламони худрӯйро иҷборан ба мардум бо нархи гарон фурӯхтем, вале дар ҷумҳурӣ садҳо китобхонаҳои хурду бузурги боҳашамат мавҷуд буда, дар онҳо шумораи беадади китобу китобчаҳои хонданибоб маҳфузанду касе ҳатто варақ ҳам намезанад. Ҷавононро иҷборан ба хизмати ҳарбӣ бурдем, вале калимаи «облава» омада вирди забонҳо шуд. Мардумро иҷборан ба рӯзномаву маҷаллаҳо обуна кардем, ба истиснои рӯзномаву маҷаллаҳои «озод», зеро онҳо иҷборӣ нестанд. Ба хотири иҷборан тарғиб кардани манъи тамошои филмҳои туркӣ, мардум туркгаро шуда истодаанд.
Меҳру муҳаббат, ватандӯстию ҳисси баланди миллӣ доштан на дар забон, балки дар қалб бошад. Он вақт ба ҳар муваффақият ноил хоҳем гашт. Аз ин рӯ, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки барои баланд бардоштани сатҳи маърифату саводнокӣ ва беҳтар гардонидани вазъи иттилоотӣ ҳама тадбирҳои муҳимро чораандешӣ намоянд.
Табаралӣ Авсақолов,
узви Ихвон-ал-СССР, н.Фархор