ХАБАРИ ДОҒ

Тоҷикистон 1 млн.970 ҳазор нафар хонандаи мактаб дорад

  • Панҷшанбе, Янв 24 2019

 Дар ҷумҳурӣ 3 869 муассисаи таҳсилоти рӯзона, аз ҷумла 332 муассисаи таҳсилоти умумии ибтидоӣ, 467 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ ва 3 070 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият менамояд. Дар соли 2018 шумораи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ 20 адад ва умумии асосӣ 22 адад кам гардида, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 41 адад зиёд гардидааст. Теъдоди хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 1 млн. 970 ҳазор нафарро (1млн. 21 ҳазору 280 духтар) ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 63 698 хонанда, аз ҷумла 34 224 духтар зиёд мебошад. Дар ин бора ба мухбири СССР дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми ҶТ хабар доданд.
    Соли 2018 ба муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ 22 9452 нафар ба синфи 1 фаро гирифта шуд, ки нисбат ба соли таҳсили гузашта 6113 нафар кам аст.
    Соли таҳсили 2017-2018 синфи 9-ро 160 ҳазору 369 нафар хатм намуд. Барои идомаи таҳсил ба синфи 10, 140713 нафар (88,9%) фаро гирифта шуд. Нишондиҳандаи мазкур дар ВМКБ ба 93,4%, вилояти Хатлон – 97,5%, вилояти Суғд – 99,9%, шаҳри Душанбе – 69,6% ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба 70% баробар аст. Илова бар ин, 13921 нафар хатмкунандаи синфи 9 дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва курсҳои кутоҳмуддат барои гирифтани касб таҳсилро идома дода истода, 3597 нафар аз таҳсил берун мондаанд.
   Синфи 11-ро 118 282 нафар хатм намуд, ки аз онҳо 3707 нафар ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, 14100 нафар ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва 46545 нафар ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дохил шуданд.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter