ХАБАРИ ДОҒ

Темурмалик: кӯдакон ба муассисаи томактабӣ ниёз доранд!

  • Чоршанбе, Дек 04 2019

 

  - 1 гурӯҳ сокинони н.Темурмалик ба идораи редаксияи газетаи мардумии СССР дар вил.Хатлон муроҷиат намуда, дар бораи дар ҳолати садамавӣ қарор доштани боғчаи бачагонаи №1-и маркази ноҳия хабар доданд. Падару модарон мегӯянд, ки ҳамасола барои таъмири бино маблағ ҷамъ мекунанд, аммо ин маблағ танҳо барои рангубори бинои берунаи он басандагӣ мекунаду халос. Муассисаи томактабӣ имрӯз ниёз ба таъмири капиталӣ дорад ва ё лозим аст, ки онро тахриб намуда, ба ҷояш бинои нави боғчаро аз сар бунёд кард, қайд менамоянд волидайн.

   - Мо чандин маротиба ба собиқ раиси ноҳия Эмомиддин Аслзода дар ин бора шикоят карда будем, раис ба зертобеонашон супориш дод, ки сари ин масъала чорандешӣ кунанд. Пас аз ин 100 нафар кӯдаконро ба муассиса томактабии №3 ҷой карданд, ки барои чунин шумора дар ин муассиса ҷой нест, - таъкид медоранд падару модарон.

    Шамсулло Сатторзода, мудири маорифи н.Темурмалик дар сӯҳбати телефонӣ ин проблемаро тасдиқ карда, гуфт, ки дар ҳақиқат мушкилӣ ҷой дорад. Муассисаи томактабии №1 дар ҳудуди марказии ноҳия дар ҳолати ногувор қарор дошта, барои ҳалли ин масъала зиёда аз 100 нафар кӯдакро ба муассисаи томактабии №3 ҷой кардаанд. Волидайн умедворанд, ки раиси тозатаъини ноҳия Фотеҳ Аминзода сари ин масъала чораандешӣ намуда, билохира дар чаҳорчӯбаи корҳои ободонӣ ва созандагӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти ҶТ ин мушкил ҳалли худро хоҳад ёфт.

Баҳодури Абдусалом, СССР, вилояти Хатлон

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter