ХАБАРИ ДОҒ

Мавзуи рӯз: “ЖУРНАЛИСТОНИ ОМӮЗГОР”

  • Чоршанбе, Янв 22 2020

(Ё ҚИССАИ МАҚОЛАНАВИСИҲОИ ОМӮЗГОРОНИ БОИСТЕЪДОД)

Бас будагист охир! Ин ҳама сохтакориҳо ба кӣ лозим? Ё биёед роҳи ҳалли масалаи ба миён омадаро ёбем ё....

Ҳамин шабу рӯз, хазинаи компютерӣ дар дафтари кории нашрияҳои даврӣ, редаксияи рӯзнома, маҷалла ва ҳафтаворҳо ғарам-ғарами мақолаҳои омӯзгорони тоҷик интизори навбати чопанд. 

Барои аз “атестатсия” гузаштан ва “котегория” –и навбтӣ гирифтан, кулли омӯзгорони Тоҷикистонро зарур ва ҳатмист, то на кам аз 2 мақолаи худро дар маҷалла, рӯзнома, ҳафтаворҳои ҷумҳуриявӣ нашр намоянд. 

Ана “проблема!”

Бо сабабҳои ба мову Шумо маълум, нашрияҳо имкони дар бар гирифтани чунин “аудуторияи” калонро надоранд. Гоҳо мавзу ҷавобгӯ ба талаботи замон нест ё мақолаҳо дар сатҳи паст навишта шуда, таҳлили дарси кушодаеро дар бар мегиранд, ки дилгиркунанда ва баъзан вақт хандаовар аст.

Омӯзгорон, (албатта бархеашон) роҳи ҳалли ин масоилро низ ёфта, акнун “ҳамкории” зич бо рӯзноманигорон доранд. Бовар кунед, ҳам хандаовар аст ва ҳам гиряи кас меояд. Охир бар ивази маблағи муайян: шуру карда аз 100 то 200 сомонӣ рӯзноманигорон ба ҷои муаллимон мақола менависанд.

Барои нашр гаштани мақола, аввал он бояд ҷолиб бошад ва воқеан мавзуи рӯз буда, ҳаллу фасли монеагӣ ё пешниҳоди беҳтаринро дар бар бигирад. Дар акси ҳол ягон сармуҳаррир иҷозат ба чопи маводи хому бемантиқро намедиҳад. Ҳамин тариқ рӯзноманигори нафақахӯреро мешиносам, ки  аз номи даҳҳо омӯзгорон мақола навишта, барои пешбурди зиндагиву рӯзғори хеш шабонарӯзӣ заҳмат мекашад. Мӯйсафеди бечора сари вақт мақолаҳоро навишта, кайҳо ба редаксияҳои рӯзномаву ҳафтаворҳо супоридааст, вале аз боиси бениҳоят зиёд будани чунин маводи чопӣ, бархеашон ҳанӯз нашр нагаштаанд.

Ҳамин тариқ, Рӯзноманигор (барои озурда нагардидани хотир ва иззати нафсаш инҷо ному насабашро намегирам) дар балои азим гирифтор гашта, маҷбур аст телефони мобилии худро хомӯш карда гардад ё ҳатто симкорташро иваз кунад. Ӯ бо таассуф мегӯяд:

-Ин чӣ балое буд, ки бар сарам омад!? Бори нахуст ба чунин ҳолат гирифторам. Як муаллима рӯзе сад бор занг зада аз ман мепурсад, ки кай мақолаи ӯ чоп мешавад!? Муаллимаи дигар таҳдид мекунад, ки агар худи ҳамин ҳафта мақолаи ваъдагӣ нашр нашавад ва ман нусхаи рӯзнома, ҳафтавор ё маҷалларо дастраси ӯ нанамоям, ҳолам табоҳ хоҳад гашт. Субҳи солеҳон то нимаи шаб 7 омӯзгор маро чунон терор доранд, ки ба ҷои онҳо шарм медорам. Хоҳ бовар кунед, хоҳ не, лекин ин ҳақиқати ҳол аст.

Ин муаллимаҳо намеандешанд, ки бо журналист сару кор доранд ва агар сиррашон фош гардад, шармандагист. Ман ку як поям ба лаби гӯр расидаву парвои чизе надорам, охир имрӯз ё пагоҳ падруди олам хоҳам гуфт, вале онҳо ҳоло ҷавонанд ва бояд андеша аз ояндаи хеш дошта бошанд.

Гап дар сари ҳамин аст: чаро омӯзгор шуда, устодони макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ ё умумӣ намедонанд, ки ҳама кор раванди худро дорад. Газетаҳо дар 1 ҳафта 1 бор ва моҳномаҳо моҳе 1 маротиба нашр мегардаднд. Инро ҳатто талабаи мактабхон ҳам медонад ва ҳазорон ҳазор мақолаҳои омӯзгорон дар навбат истодаанду ба сармуҳаррирон одамоне занг мезананд, ки радъ кардани хоҳишашон маҳол аст. 

Яке ҷуръат намуда супориш ҳам медиҳад, бовар кунед. Атрофи ҳамин масоил дар қабулгоҳи сармуҳаррире сӯҳбати кӯтоҳ доштем. Ӯ бо асабоният чунин нақл кард, ки :

“-Аз номи ҳамсари ман 1 ё 2 мақола навишта дар газетаатон чоп кунед. Ному насаб ва № мактабашро навишта гиред. Ҳа, гуфтагӣ борин, мабодо ягон мақолаи пучу фач не, зӯраша нависед. Талаботи Вазорати илм ва морифи халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамин будааст, гуфтани мансабдоре ва баъд аз муддате боз занг зада, бе салому бе алайк, чунин эътироз доштани ӯ ки:

-Ҳа, ако! Ҳамон мақолаҳоро чоп кардед, аммо чаро дастрас нанамудед? Аз ҳар шумора се чор нусхаи ба мо мефиристодед, чӣ мешуд...!?

На сипос, на ягон одамгарӣ ва бар замми заҳмати рӯзноманигорон боз таънаву маломат низ мешунавем. Мо якеро ака гуфта ҳурмату эҳтиром мекунем, дигарӣ хеш ё шиноси наздик аст, сеюмин метавонад истодгар “тормуз” –и пешравии кор гардад, ва минбаъд монеъагиҳо созад, гӯён маҷбурем бетараф ва лолу ҳайрони кор монем.

Барои пайгирии ин мавзу дар охири соли 2019 -ум 5 мақолаи дархостӣ аз номи 5 омӯзгори мактаби №... қабул кардем. Ҳар кадом 100 сомонӣ ба рӯзноманигор дода, таҳкид карданд, ки мақолаҳояшон бояд ҳарчӣ зудтар нашр гардад, зеро атестатсия ва категориягирӣ дар пеш аст.

Муаллимонро касе маҷбур накардааст, баракс онҳо худашон рӯзноманигорро пайдо карда, зориву тавалло намудаанд, тоинки бар ивази 100 сомонӣ аз номашон мақолаҳои илмӣ нависад. (Дар сурати баррасии Судӣ, тафтишоти ҷиддӣ ё даъвои ноҳақ мо  метавонем ному насаб, рақами макотиб ва номи мақолаҳо, исми муаллифи асосӣ, яъне Рӯзноманигорро бо далелҳои баҳснопазир) пешкаши аҳли ҷамоат ва пурсандагон намоем. 

Хулоса: атрофи ҳамин мавзу як олам гап!

Пешниҳод барои бартараф сохтани ин камбудӣ: хуб мебуд рӯзномаи нав бо унвони “Муаллимон” ё замимае ба “Омӯзгор” иловатан нашр гардад. Бигузор аз 12 ё 18 варақ не, балки 28 варақ иборат бошад ва ба омӯзгороне, ки дар воқеъ ҳунару салиқаи бо ҳам пайваст кардани ду ҷумларо надоранд, имкон дода шавад, ки бар ивази маблағи муайян, рӯзноманигорон аз номи онҳо мақолаҳо нависанд.  Бовари комил дорам, ки яке аз бойтарин нашрия тавлид хоҳад гашт. Бе ҳазл, охир як ҳисоб карда бароед, ки дар қаламрави ҷумҳуриямон чанд омӯзгор фаъолият доранд ва онро ба 2 маротиба ҷамъ кунед. Дар ин нашрия ҳар омӯзгор дар дафтари қайди навбат ҷойи муайяни худро ишғол карда, бепарво мегардад ва рӯзи нашри газета, рафта 100 донаҳакашро бар ивази маблағи муайян харидорӣ хоҳад кард “тибқи талабот” –и прескурант ва принсипи кории редаксия.

Бе хафагӣ ва бо ҷиддияти том!

Шояд он гоҳ рӯзноманигорон бо таассуф ва дилгирӣ аз номи омӯзгорон мақола нанавишта, сафҳаҳои нашрияҳои мо ранги дигар мегиранд. Агар хондани ин мақолаҳо ба ягон кас зарур бошад, минбаъд аз нашрияи махсуси алоҳида матни пурраи онҳоро пайдо хоҳанд кард. 

Рӯзноманигорони – омӯзгор пирони барнодил ва нафақахӯрони боистэъдод дар ҷумҳурӣ кам нестанд ва редаксияи рӯзнома ё ҳафтавор бе коргар нахоҳад монд. Ҷавонони чаққоне ҳам ҳаст, ки барояшон фарқ надорад, ки дар кадом мавзу менависанд, мӯҳимаш моҳона гиранд. Ана марҳамат: ҷойҳои кории нав ва бар замми ин 1 проблема кам...

 

Гули Зард – Зардова Гули Давлаталиевна

Махсус барои ҳафтавори “СССР”

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter