ХАБАРИ ДОҒ

Муаллими фарзанди ман кист?

  • Чоршанбе, Март 04 2020

 

Газетаи мардумии СССР дар шумораи гузашта дар бораи 1 амали нанговари яке аз омӯзгорони пойтахт-муовини директори мактаби №-1 ш.Душанбе Иванкин Вадим Виталевич навишта буд. Ин ба ном омӯзгор, ки шаҳрвандии 2 кишвар-Федаратсия Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошт, бо ҷурми дастдарозӣ ва нишон додани ҳаракатҳои хусусияти шаҳвонӣ дошта ба 1 кӯдак ва 6 ноболиғ дастгир шуда, 7 ҳолати анҷомдодашуда ошкор карда шудааст. Ин омӯзгор-педофил боздошт ва нисбати амалкарди ӯ тибқи парванда боз шуда айни замон тафтишот рафта истодааст. Оне, ин муаллим ҳатман паси панҷара меравад, шакке нест, аммо чаро то ҳол нисбати ин на Раёсати маорифи ш.Душанбе вокунише накард ва на ҳайати педагогии мактаби №-1-и пойтахт? Суолест барои мо нофаҳмо.

Мудири наву посбони нав…

Бо гузашти 1 моҳ аз боздошти Вадим Иванкин мухбири газетаи мардумии СССР ба мактаби №1 рафта, хост дар бораи ин қазия бо мудирияти он ҳамсӯҳбат шавад. Аз нигаҳбони  назди дари муассисаи таълимӣ иҷозат гирифта, ба муассисаи мазкур дохил гашта, ба назди директори муассиса даромадем. Рафоат Ашӯрова, мудири ин муассиса ба хушӣ моро қабул кард. Худро муаррифӣ сохта, мақсади омаданамонро шарҳ додем. Хостем дар бораи Иванкин Вадим Виталевич (педагог-педофил) маълумоти бештаре пайдо созем. Баъдтар маълумамон шуд, ки муаллима нав ба кор таъин гардидаву (2 ҳафта пеш!) дар бораи Иванкин Вадим Виталевич, собиқ ҷонишини директори муассиса, ки бо иттиҳоми таҷовуз ба 7 кӯдаки ноболиғ боздошт шудааст, маълумоте надоштааст ва худи ӯро тамоман надидааст. 

 Аз муаллима хоҳиш намудем, то барои суҳбат бо ягон ҷонишинаш дар ин мавуъ ба мо мусоидат созад. Ҷамила Илҳомовна (насаби эшонро натавонистем бифаҳмем), ки 21 сол собиқаи омӯзгорӣ дар ин муассисаро дорад, дар бораи Вадим Виталевич маълумоти хоссе надод, ба ҷуз ин ки ӯ зодаи шаҳри Норак будааст. 

Иваз гардидани директори муассиса ва нигаҳбонони назди дарвоза, ки онҳо низ 2 ҳафта пеш пурра нав шуданд, магар баёнгари он нест, ки баъзеҳо намехоҳанд то ин ҳодиса дар сархати расонаҳо бошад?

Муаллими кӯдаки ман кист?

Пас аз нашри матлаб дар бораи омӯзгор-педофил хонандагони зиёд ба идораи редаксия занг зада, нисбати ин қазия, фарзандону муаллимони онҳо ва вазъияти амният дар мактабҳои пойтахт ва на танҳо пойтахт изҳори нигаронӣ карданд. Воқеан ҳам доғи ҷомеа аст, вақте 1 омӯзгор ба кӯдакони ноболиғ бо баҳонаи дарсҳои иловагиву кружокҳои расмкашиву мусиқӣ дастдарозӣ карда, нисбати кӯдак ҳаракатҳои хусусияти шаҳвонидошта анҷом бидиҳаду дар ин бора на директори мактаб, на ҳамкорон ва на даҳҳо корманди милиса, ки пушти дари мактаб посбонанд, хабар ёбад!? Раёсати маорифи ш.Душанбе масъули амнияти таҳсил дар мактабҳост ва бояд сари ин масъала-қабули омӯзгорони ҷавон, алалхусус онҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, ҷиддӣ тасмим бигирад, зеро барои ман хеле муҳим аст, ки муаллими фарзанди ман кист!?

Ва аз ҳама аҷибаш ин аст, дар қазияи мазбур, ки ягон журналисти русзабони тоҷикистонӣ, ки аз пашша филҳои бузург месозанду дар шикори сенсатсияанду дар кӯчактарин моҷаро обрӯи миллати моро мерезанд, дар ин бора ҳатто ҳарфе на менависанду на навиштаниянд. Сабаб медонед дар чист? Педофил рус асту қурбониҳояш тоҷикон... Ба гуфти ҷавонони имрӯза, “Бги дега, бача” ва демократия бипаз.

Мавзуъро пайгирем. Мо метавонем!

 

Исмоил Маликов, СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter