ХАБАРИ ДОҒ

Директори нав маҳфили шоҳмотро баст!

  • Чоршанбе, Фев 26 2020

 Дуруд бар газетаи мардумии СССР. Ман аз соли 2013 дар мактаби Президентии ш.Кӯлоб ҳамчун омӯзгори фанни риёзӣ кор мекардам. 5 сол фаъолият намудем. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон пайваста бозии шоҳмотро васф ва ҳатто пешниҳод карданд, ки шоҳмот ҳамчун дарс дар мактабҳо гузаронида шавад. Мо дар пайравии Президент маҳфили шоҳмотро роҳандозӣ намудем ва хонандаҳои мо дар озмунҳо ҷойҳои намоёнро гирифта, соҳиби медалу ифтихорномаҳо мегаштанд. Вале бо омадани директори нав-Одилзода Дилбар кори маҳфил бад гардид. Он кас моҳи январи соли 2019 моро даъват карда, сароғоз маҳфиламонро хеле таърифу тавсиф намуда, сипас аз ... баста шудани маҳфили шоҳмот хабар доданд. Мо сабабашро пурсидем, дар ҷавоб директори мактаб гуфт, сабаб-ин нарасидани маблағ аст. Ин гуфтаҳо комилан дурӯғу баҳона буданд. Зеро ин маҳфил дар давраи директории Шукуров пайваста дар мактаб гузаронида мешуд ва масъалаи маблағ ҳеҷ вақт мушкилӣ намеовард. Ҳамин хел директори нав 12 маҳфили илмӣ, технологӣ, ҳунариро бо ҳамин сабаб баста, маблағҳои ба маҳофил ҷудошударо ғайриқонунӣ гардониданд. Мо ҳамроҳи 6-7 муаллим ба истеъфо рафтем. Аз ҷумла Чиланисо Яфталиева-муаллимаи ҷавон ва хеле фаол маҷбур ба Русия кӯч баст! Муаллимоне буданд, ки ба мактаб медалҳои тилло меоварданд, вале онҳо дигар тоқати чунин беадолатию бесарусомониро накарда аз кор рафтанд. 

 Дар мактаби президентии Кулоб муқобили сиёсати сарвари давлат кор мебаранд, яъне роҳандозӣ намудани маҳфилҳою олимпиадаҳо дар мактаб, бахусус маҳфили шоҳмот, сиёсати бевосита пешгирифтаи президенти кишвар буд. Пурсида мешавад, ки чаро 5 сол ягон мушкилӣ маҳфилҳои Маткаби президентии Кӯлоб надоштанду бо омадани директори нав якбора маблағ норасоӣ карду онҳо баста шуданд? Шояд ба ин суол дар вазорати маориф посух мегӯянд?

Нусратулло Шарипов, собиқадори соҳаи маориф

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter