Дар газетаи СССР аз 16.01.2020 мақола бо номи “Журналист-омӯзгор»-ро хондам. Дар асоси фармони вазорати маориф ва илм устодони мактабҳои миёна барои гирифтани категория бояд 2 мақолаи илмӣ дар рӯзномаву маҷаллаҳои кишвар чоп кунанд. Бояд гуфт, ки баъди ҷоришавии маркази тестӣ ва фосилавӣ донишҷӯён ва хатмкунандагони донишгоҳҳо, хосса дар шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона дониши пурра намегиранд. Дар ин шуъбаҳо аксарияти донишҷӯён (махсусан шуъбаи ғоибона) дар мактабҳои миёна кор мекунанд, барои гирифтани маълумоти олӣ ва баланд бардоштани савияи донишашон ба донишгоҳҳо хонданӣ меоянд. Донишҷӯёни шуъбаи рӯзона барои халосӣ аз хизмати ҳарбӣ ба донишгоҳ дохил мешаванд.
Агар донишҷӯй дар давоми 4-5 соли таҳсил аз китобхонӣ, иҷрои корҳои лабораторӣ ва амалӣ саркашӣ накунанд, бо дониши хубу мукаммал донишгоҳро хатм намояд, аз ӯҳдаи навиштани мақола ва гирифтани категория мебарояд. 100 афсӯс, ки ин гуна донишҷӯён ангуштшуморанд. Албатта бо ин донишу қобилияти зинаҳои паст чӣ хел мақола менависанд? Донишу маҳорат, ки надоранд, ба назди дигарон мераванд, то ки каси дигар аз номи онҳо мақола навишта чоп кунад. Категорияро бояд устоде гирад, ки арзанда бошад.
А. Нарзиев, дотсенти ДМТ