Аксарияти омӯзгорони мактабҳои н.А.Ҷомӣ мегӯянд, ки бо гузашти 2 моҳ ҳанӯз ҳам маоши моҳҳои май ва июнро наметавонанд бигиранд. Барои пешгирӣ аз паҳн ва хуруҷи бемории сироятии коронавирус омӯзгоронро пеш аз мӯҳлат ба рухсатии меҳнатӣ фиристоданд, вале ба ғайр аз маоши 2 моҳа маблағи рухсатии онҳо низ то ба ҳол пардохт нашудааст.
- Чандин маротиба ба мудирони муасиссаҳо ва шуъбаи маорифи ноҳия муроҷиат намудем, танҳо домани моро бо чормағи пуч пур мекунанду халос, мегӯянд омӯзгорон.
Саид Ёқубзода, раиси ноҳияи А.Ҷомӣ дар сӯҳбати ихтисосии худ бо хабарнигори минтақавии СССР дар вилояти Хатлон ин мушкилро шарҳ дода, аз ҷумла гуфт, ки дар ҳақиқат ин проблема ҷой дошта, сабаби сари вақт пардохт нагардидани рухсатии муаллимони 64 муассисаи таълимии ноҳия аз иҷро нашудани нақшаи андози ноҳия вобастагӣ дорад. Қарзи маоши омӯзгорони ноҳия 3.516.420 сомониро ташкил медаҳад. Айни ҳол нақшаи андози ноҳия танҳо 44% иҷро шудаасту халос ва ин ҳам боиси нигаронист. Чун дар ноҳия корхонаҳои саноатии бузург нест, даромад низ кам аст. Иншоотҳои ҷашние, ки бунёдашонро бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ ба нақша гирифтаем, ҳама корхонаҳои хурди саноатӣ мебошанд. Барои пардохти қарзи маошу рухсатии омӯзгорон бошад на танҳо ҳукумати ноҳия, балки худи соҳибкорону тоҷирон низ талош намуда, бояд сари вақт андозро пардохт кунанд, - таъкид дошт Саид Ёқубзода.
Баҳодур Уроқов, СССР, Хатлон