Нуриддин Достиев аз номи як гурӯҳ падару модарон аз ш.Кулоб занг зада (тел: 985 02 80 38) гуфт, ки маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ барои талабагон волидайнро нигарон кардааст.
- Ростӣ, мо 1 гурӯҳ волидайн бо ҳам ҷамъ омада, хостем мушкиламонро ба вазири маориф ва илми ҶТ, академик Маҳмадисуф Имомзода тариқи ҳафтаномаи дардошно “СССР” расонем. Чаро то ҳол дар мактабҳои миёнаи мо иҷораи китобҳои дарсӣ барои хонандагон пулакӣ аст? То ҷое, ки мо маълумот дорем истифодаи китобҳои дарсӣ бояд ройгон бошад. Бахусус дар саҳифаи аввали китобҳо омадааст, ки 1 китоб барои 4-5 сол мебошад, лекин дар аксарияти китобҳои таълимӣ номи 7-8 нафар навишта шуда, вале боз ҳам ройгон нест. Мо хоҳиш мекунем, ки масъалаи мазкурро ҷиддӣ баррасӣ кунед. Зеро дар Кӯлобҷон, ки ҷои кор нест, пардохти иҷорапулии кутуб барои волидайн дарди сари навбатӣ шудааст.