Банда хатмкунандаи Донишкадаи давлатии Санъати ба номи устод М. Турсунзода буда, аз соли 1978 то соли 1997 аввал дар муассисаи фарҳанг ва аз соли 1996 то соли 2016 дар муассисаи таҳсилоти умумии №34 омӯзгор, ҷонишини директор, раиси кумитаи ибтидоии Иттифоқи касаба шуда кор кардаам. Аз моҳи сентябри соли 2016 бо хоҳиши худ ба нафақа баромада, 4-сол давлати пирӣ рондам. Соҳиби 10-фарзанду 20 набера шуда, шукргузорӣ аз ғамхориҳои давлат карда гаштаам.
Моҳи сентябри соли 2020 директори ҷавонеро ба МТМУ №25 таъин карданду ҷавон аз пайи омӯзгорони мутахассисшуда ӯ маро ба ҳоли худ нагузошта, ба мактаб даъват кард. Корро дар муассиса ҳамчун омӯзгори фанни суруду мусиқӣ ва санъати тасвирӣ аз сари нав шурӯъ кардам. Вале аз чӣ сабаб бошад маро на аз рӯйи тахассуси дараҷаи олӣ, балки аз рӯи тахассуси дараҷаи умумӣ ҳақдор карданд. Сабабашро аз сармутахассиси бахши хадамоти аттестатсионии шӯъбаи маориф Рустам Солеҳов пурсон шудам. Ӯ бо хашму ғазаб «Шумо дар байн 4 соли бекорӣ доред, аз сари нав аз аттестатсия гузашта, баъд тахассуси дараҷаи 2-ро мегиред»-гуфта ҷавоб дод. Бояд гӯям, ки бо ин шахс ман зиёда аз 20-25 сол бо ҳам кор мекунему якдигарро хело хуб мешиносем. Вале аз нигоҳи бадхашмонааш баръало маълум аст, ки ӯ чӣ мехоҳад.
Куҷост он шаъну шарафи омӯзгориву ҳамкорон, он меҳру муҳаббату қадру қимати одамгарӣ? Ё ҳуҷҷати Аълочии маориф ва илми ҶТ қурби худро гум кардааст? Мо ба қадри ҳар 1 гиёҳу хас, сангу харсанг, обу хоки Ватан мерасему онро эҳтиром мекунем, аммо ин шахс ба қадру қимати унвонҳои олии Ватан заррае эътибор намедиҳад...
Раҳматулло Мӯсоев,
омӯзгори МТМУ №25-и н. Восеъ