- Салом ба аҳли эҷоди газетаи мардумии СССР! Ман 11-сол ба ҳайси мудири шуъбаи маорифи ноҳияҳои Балҷувон ва Ховалинг фаъолият доштам. Тамоми мардуми Балҷувон маро мешиносанду ба чорабиниҳояшон даъват мекунанд. Он деҳаҳоеро, ки ман дидааму медонам шояд ягон роҳбари ноҳия намедонаду нарафтааст. Қариб дар ҳамаи деҳаҳо бо мардум будему якҷоя шифохона, мактабҳои миёна ва мактабҳои 8-сола бунёд намудем. Дар деҳаи Қайрубак бо мардум 1 ҳафта истода бо роҳи ҳашар мактаби таҳсилоти 8-сола сохтем, ки то ҳол пойбарҷост. Дар деҳаи Оличадараву Боғи Зоғар мактаби ибтидоӣ буд, синфхонаҳои иловагӣ сохта онро 8-сола карда будем. Дар ноҳияҳои мазкур наздики 4 ҳазор хонанда аз мактаб берун буд. Бо ҳамин роҳ, яъне бунёди мактабҳо дар деҳаҳои дурдаст аз таҳсил дур мондани хонандагон барҳам дода шуд.
Имрӯз тавассути газетаи мардумии СССР ман ба унвони роҳбарияти ин ноҳия муроҷиат намуда гуфтаниам, ки 1 маротиба рафта аз мактабҳои деҳаҳои Оличадара, Боғи Зоғар ва Қайрубак дидан намуда, бо вазъи онҳо шинос шавед. Ин мактабҳо, ки будану фаъолият карданашон хеле зарур аст, бояд азнавсозӣ ва таҷдид гашта, бо асбобу аёнияти муосир таъмин шаванд. Агар имрӯз аз пайи ин мактабҳо нагардем, пагоҳ дер хоҳад шуд! Кор кардан лозим!
Аҳтам Одинаев, н.Ховалинг