Сенарияи “рушди бесаводӣ” дар кишвари мо барномаи нонавиштаест, ки имрӯз худ ба худ амалӣ шуда истодааст. Тасаввур кунед. Нафаре, ки 11 сол пушти партаи талабагӣ нишастааст, мехоҳад тез ҷониби кӯчаи орзуҳояш қадам занаду пушти мизи донишҷӯӣ шинад. Маркази миллии тестӣ ба хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ баъди соҳиб шудан ба холи гузариш унвони пурифтихори донишҷӯйро медиҳад. Довталаб акнун бо 1001 фикру хаёл ба донишгоҳ меояд. Ӯ умед дорад, ки саводи кофӣ гирифта, мутахассис мешаваду ба халқу кишвараш хизмат мекунад. Аммо ...
Имтиёзи маршировка
Сар аз моҳи январ сенарияи ҷашнгирии иди “Наврӯз” навишта мешаваду мутасаддиён маршировкачии “ихтиёрӣ” мекобанд. Ба онҳое, ки дар хобгоҳ меистанд, “афзалият” дода мешавад. Яъне, онҳо дар рӯйхат садрнишинанд. Ана, баъд барои пур кардани план сар мешавад “мотиватсия”. Тарғиби якум гузоштани 100 бал барои марҳилаи якум ба ин тоифа донишҷӯён. 1 моҳ рақс мекунанду 100 балл мегиранд. Бо қатъият мегӯем, ки донишҷӯи ҳақиқӣ асло ҳаваси маршировкаравӣ надорад. Аммо “донишҷӯ” -и хизматгурезу шавҳарнокун майл дорад, то фаъол бошад дар чунин маъракаҳо.
Давоми чанд моҳ доду фарёд, ҷобаҷогузорӣ, машқ, омодагӣ... 1 чиз гӯям? Барномае, ки шумо аксаран дар рӯи экранҳо мебинед, давоми 3 то 10 рӯз омода мешавад. Бале! Ун чанд моҳи боқимонда бо доду войи коргардону ҷобаҷогузорӣ мегузарад. 1 рӯз аз чап меистиву рӯзи дигар ба рост мегузарӣ, рӯзи дигараш баръакс боз. Ана ҳамин гуна аст сенарияи маршировкаравӣ. Овози чанд режиссёр мегираду ҳуши чанд “раққос” меравад, чанд ҷавон номзад меёбаду чанд нафари дигар соҳиби бахт мешавад (таъбири шиноси 1 муовини вазир) ва ниҳоят барномаи мукаммале рӯи саҳна меояд.
Аз пойтахт ба музофот
Ин ҳолат дар дурдасттарин ноҳияҳои кишвар низ ҷой дорад. Ҳатто дар Мурғобу Муъминобод ҳам. Ин ноҳияҳо, ки коллеҷи тиббиву намедонам боз ким кадом коллеҷҳои дигар доранд, студентонро ба чунин маъракаҳо сафарбар месозанду дар баробари ҳамшира касби нави раққосагиро низ меомӯзандашон. Бадбахтона, чанд соли охир аз ҳисоби нарасидани ин гуна кадрҳо муҳассилини мактабҳои миёна ва ҳатто боғчаву кӯдакистонҳо низ ба ин барномаҳо роҳ ёфтаанд...
Ҳайрони онам, ки қариб ҳама шаҳру ноҳияҳо коллеҷи санъату қасри фарҳанг, театру чанд гуруҳи созию ансамблҳои рақсӣ ва кружокҳои ҳаваскорон доранд, аммо тир боз ҳам рафта ба донишҷӯ мерасад, ки ҳатман бояд дар қатори дигар фарҳангиён ба маршировка равад. Зеро маҳз ба ӯ МАРШ мегӯянд.
Акнун интизор мешавем, ки бо дубора сар халонидани Ковидбой ба кишвар шояд ин маъракаи “муҳим” -и сиёсиву фарҳангӣ манъ шаваду донишҷӯёни бечора, ки тӯли 9 моҳ аз азоби лексиянависӣ хаста шудаанд ақаллан ягон моҳак нафаси тоза кашида, истироҳат мекунанд, ё ба қишлоқ рафта, ба корҳои хоҷагидории оила кӯмак мекунанд. Ку, бинем хулоса чӣ мешавад?...
Мирсаид Сатториён,
рӯзноманигор