ХАБАРИ ДОҒ

    Ба таваҷуҳи Сарраёсати маорифи ш.Душанбе!

Дар робита ба мушкили пулруёнии мактабҳо, ки дар шумораи 34 ҳафтанома бо номи «Қабул ба синфи 1-ум пулакӣ шуд?» 26.08.2021 ва аз ҷониби намояндагони раёсат мавриди тафтиш қарор гирифта шуда буд, ҳамакнун ба редаксия аз ҷониби як гӯруҳ волидайн мактуби шикоятӣ омад. Мо Метавонем!

Мактуби дод аз бедодгариҳо дар 1 мактаб

   «Дар мактуби навиштаамон маълум менамоем, ки мо як гурӯҳ волидайни хонандагони собиқ синфи 5 «Қ», ки фарзандонамон дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №91 таҳсил мекунанд, роҳбари муассиса Одинаев Убайдулло Ғуломалиевич, дар охири соли хониши 2020-2021 аз кудаконамон 45 сомонӣ барои таъмири мактаб талаб намуданд. Бо оғози соли хониш мо волидайн рафта, аз синфхонаҳо ва коридорҳои муассиса дидан намудем, вале ягон ҷои муассиса таъмири дуруст наёфтааст. Мо ба директори муассиса Одинаев Убайдулло шикоят кардем, вале дар натиҷа синфро баста, фарзандони моро ба дигар синфҳо тақсим намуданд.

    Мо волидон талаб дорем, ки синф барқарор ва ба роҳбари синфи худашон баргардонида шавад. Фарзандони мо идомаи таҳсилро дигар дар он муассиса намехоҳанд, чун синфашон пароканда шудааст. То ҷое мо медонем тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, ягон муассисаи таълимӣ ҳақи талаби ягон намуд маблағро аз хонанда надорад ва таълим ройгон аст. Шумораи хонандагони синфи болозикр 32 нафар буда, аз ин 28 нафарашон пули таъмирро доданд, ки 1260 сомониро ташкил медиҳад. Мо талаб дорем нисбати рафтори худсаронаи мудири мактаб чора андешида шавад. Ва аз ҳафтаномаи СССР хоҳиш менамоем ин шикояти моро нашр кунад то ба гӯши масъулон расад.

Тафтиш ё «галочка»

Аз ин мактуб маълум мешавад, ки хеҷ ислоҳе дар кори муассиса нашудааст, мактабе, ки мо дар борааш навишта будему масъулини баландпояи маорифи шаҳр гӯиё ба тафтиш омада буданд. Пас ин тафтиш «ради галочки» будаасту ишон бояд пеши раиси маориф рапорт медодаанд?! Ҳамчунин нисбати ҳамин муассиса 1 аризаи шикоятӣ низ ба идораи мо расид, ки дар шакли кӯтоҳ ба самъи хонанда мерасонем.

Аризаи муовин ба мудир

    Дар баробари навиштани аризаи худ ба маълумоти шумо мерасонам, ки сабаби якбора ба тамоми мақомотҳои қудратӣ муроҷиат карданам, амалҳои ғайриқонунии директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №91-и н.Синои шаҳри Душанбе, Одинаев Убайдулло Ғуломалиевич мебошад, ки Ӯҳамчун роҳбар аз мақоми мансабиаш суистифода карда, нисбати ман дар мактаб ва байни мардум ҳаргуна овоза паҳн карда, аз ман талаб дорад, ки бо хоҳиши худам ариза навишта аз кор равам. Ман оиди туҳматҳои беасоси ӯ ва талаби бо хоҳиши худ бе сабаб аз кор рафтанам, ба сардори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе, ба Раиси МИҲД н.Сино ва инчунин ба мудири Шуъбаи маорифи н.Синои ш.Душанбе, бо шикояти шифоҳӣ муроҷиат кардам, вале муддати 1 моҳ мешавад, ки нисбати Одинаев У.Ғ. ягон чораи қонунӣ дида нашудааст. Ман ба ин муассиса ба ҳайси муовини директор оид ба тарбия муддати 1 сол мешавад, ки бо пешниҳоди Раиси н.Синои ш.Душанбе ва мудири шуъбаи маориф ба кор қабул шудаам ва то имруз кори бенуқсон дар тарбияи насли наврас дорам. Муддати 7 сол мешавад, ки ман дар муассисаҳои таҳсилоти миёна кору фаъолият мекунам.

     Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №91-и н.Синои ш.Душанбе, муаллимаҳое ҳастанд, ки дар чанд ҷой кор мекунанд ва имрӯз ба онҳо соати дарсӣ додаанд, вале маро аз соати дарсӣ маҳрум кардаанд.

Аризадиҳанда: Иброҳимова Ф.М.

Ҳақ ба ҳақдор мерасад?

Аз редаксия:  Бо нашри ин мактубҳои шикоятӣ, газетаи мардумии СССР танҳо 1 дархост дорад-мактабҳоро дуруст санҷед, дуруст баҳогузорӣ кунед, зеро дар ин муассисот тақдири насли нав, ояндаи Тоҷикистони азиз ҳаллу фасл мешавад. Умедворем, «санҷишгарони қаблӣ» неву худи раиси маорифи шаҳр ба ин амал камари ҳиммат баста, ҳақро ба ҳақдор мерасонанд. Мо Метавонем!

Баҳори Нозанин

СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter