Ҳамасола дар ҷумҳурӣ бо истифода додани муассисаҳои нави таълимӣ ва боғчаву корхонаҳо, талабот ба мебел-мизу курсӣ, партаву доска, шкафу комод ва рафҳои китоб зиёд мешавад. Тавре ба мо дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ин самт вазорати мазкур бо якчанд ширкатҳо, аз ҷумла, ҶДММ «Тоҷмебел», КВДҶ «Маърифат», ҶДММ «Шинос», ҶДММ «Нур-мебел» ва Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунад. Ин ширкатҳои мебелсозӣ асосан тавассути тендер маҳсулоти худро пешниҳод мекунанд. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад бо назардошти сифат ва нарх маҳсулоти ин ё он корхонаро ҳамчун таъминкунандаи мебел дар муассисаҳои таълимӣ интихоб мекунад.
Салоҳияти мақомоти маҳалӣ бар души вазорат?
Бо вуҷуди оне, ки маблағгузор ва таъминкунандаи мебел дар мактабҳо салоҳияти мақомоти маҳалӣ мебошад, дар соли ҷорӣ тибқи ҳисоботи Вазорати маориф ва илми ҶТ, аз ҷониби вазорат 5824 ҷойи нишаст-мизу курсӣ барои хонадагон, 156 ҷуфт мизу курсии омӯзгор, 183 адад тахтаи синф, 15 адад мизу курсии компютер, 1 ҷуфт мебели утоқи директор, 3 маҷмуъи мебел барои утоқи физика,3 маҷмуъи утоқи химия, 3 маҷмуъи утоқи биология ба муассисаҳои таълимӣ ирсол шудааст. Ин маблағҳо аз ҳисоби сарчашмаҳои гуногун барои камбудии мактабҳо равона карда мешаванд. Ҳамчунин дар ҳолати дархост аз ҷониби мудирони мактаб ё шаҳрвандон дар хусуси камбуди ягон муассиса, Вазорати маориф ва илми ҶТ худ ин камбудҳоро таъмин мекунад.
Хуб мешуд пакети маблағгузории соҳаи маорифро ҳифзшаванда кунанд, то дигар ниҳодҳо ҳади ақал натавонанд маблағи ба муассисаи таълимӣ ҷудошударо бо дигар мақсадҳо сарф кунанд. Дар баъзе минтақаҳои дурдаст аз ҷониби соҳибкорон боғча сохта мешавад, вале бо сабаби бо мебел таъмин нашудан аз ҷониби мақомоти маҳалӣ ба кор шуруъ намекунанд.
Норасоӣ ҳанӯз ҳам ҳаст
Тибқи низоми муайяни Вазорати маориф ва илми ҶТ ҳар синф бояд 25 хонанда дошта бошад, вале тавре мутаваҷеҳ мешавем, имрӯзҳо дар бештари мактабҳои миёна, ба вежа дар шаҳрҳои бузург, ҳар синф то 35 - 40 хонандаро фаро мегирад, ки ин боиси норасоии ҷойи нишаст мешавад. Сабаб норасоии синфхона мебошад. Ҳарчанд ҳамасола дар ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна то 200 муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ сохта ба истифода дода мешавад, вале то кунун норасоии мизу курсӣ ва парта дар мактабҳо вуҷуд дорад. Зеро аҳолии кишвари мо, Худоро шукр, хеле зуд бештар шудан дорад.
1 ҷуфт 750 сомонӣ…
Дар идомаи мавзуъ аз 1 ширкати хурди мебелсозӣ нархи 1 ҷуфт мизу курсиии мактабиро пурсон шудем, ки гуфт, нархи миёнаи мизу курсӣ имрӯз дар бозор 750 сомонӣ меистад. Масъалаи дигар он аст, ки мизу курсиҳои мактабӣ, ки дар охири сол корношоям мешаванд, аз қайд бароварда шуда, вобаста ба ин ҳуҷҷат низ тартиб мегардад. Дархост бобати таъмини мизу курсии нав аз ҷониби муассиса ба мақомоти дахлдори ноҳия равон карда мешавад. Вале кафолат нест аз ҷониби макомоти маҳаллӣ барои ин маблағ ҷудо мешавад ё ҳамаи ин камбудиҳо бояд аз ҳисоби хонандагон ва ё маоши омӯзгорон пардохт шавад!?
Ва аз ҳама муҳим, роҷеъ ба масъалаи бо мебел таъминсозии мактабҳо рақобат низ солим нест. Зеро аксарият мебелро аз хориҷа ворид мекунанд, вале маҳсулоти ватанӣ ном мегузоранд.
Фарзи мисол, ҶДММ «Тоҷмебел» бо ҳама бузургияш наметавонад мактабҳоро бо партаву мизу курсӣ ва тахта таъмин кунад. Зеро зӯри бозуяш намерасад.
Мо пайгири мавзъуем. Мо Метавонем!
Баҳори Шарифхон,
СССР