ХАБАРИ ДОҒ

Хатлон: 666 талабаи бесавод…

  • Панҷшанбе, Июн 09 2022

Имрӯзҳо дар мактабҳои кишвар вақти супоридани имтиҳони давлатист. Вале шумо 1 мактаббачаро дидаед, ки китобу дафтар дар даст, ба имтиҳон омодагӣ бинад? Ман надидаам!  Дар Шӯравӣ фанноварӣ, технология ва шароите мисли имрӯз набуд, вале ба гуфти коршиносон беҳтарин давраи таҳсил маҳсуб мешавад. Он вақт беҳтарин мутахассис аз мактаби миёна, ҳато аз дурдастарин деҳот ба миён меомад. Дар мактабҳои советӣ, ҳангоми имтиҳонсупорӣ, яъне моҳи май муаллимон бо хонандагон (билет), саволномаи имтиҳониро кор мекарданд, ҳоло ин ҳолат дида намешавад. Зеро хонандаи ин талаб низ медонад: имтиҳон бо усули Алики-Малики тариқи ММТ баргузор мегардаду дар сар каме ақл бошад, ҳатман дохил мешавӣ. Ва низ шумораи донишгоҳу омӯзишгоҳҳо он қадар бисёр аст, ки бесаводтарин нафар низ тариқи шартнома ҷое не-ҷое ҳатман медарояд. Пас чаро хонанд?

1 намунаи таҳсил дар Шӯравӣ ин буд, ки хонандаҳое таҳсили хуб надоштанд, наметавонистанд аз синф ба синф гузаранду баробари ҳамсинфонашон мактаби миёнаро хатм кунанд. «Дугиракҳо» дар синфашон мемонданд. Ин раванд расман имрӯз ҳам гӯиё ҳаст, вале мисли солҳои Шӯравӣ не! Зеро хонанда дар синф монад ҳам тарс ё бим надорад, ки аксашро дар маҷалаи девории овозадоре мисли «Хорпуштак» мебинаду аз волидайн гап мешунавад…

 

666 шумораи манфӣ

Сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон, Сафарзода Ғазалшоҳ дар суҳбат бо мухбири СССР гуфт, дар соли хониши 2020 ва 2021-ум 666 хонанда дар синфҳояшон мондаанд, яъне онҳо натавонистанд синфи ниҳоиро дар соли муайян хатм кунанд. Ин хонандагон дар ноҳияҳои Ҷ.Балхӣ, Кӯшониён, Шаҳритусу Восеъ бисёр будаанд. Вале дар Восеъ ва Ҷ. Балхӣ ҳамаи хонандагоне, ки аз синфашон монданд, аз қабилаи ҷӯгӣ ё лӯлиянд.

Воқеан ҳам рақами 666 дар дини христиану яҳудия шумораи Иблис, Шайтонист. Дар Қуръон низ номи шайтон 666 бор омадааст. Ва ин ки дар Хатлон 666 хонанда бесавод мондааст, низ рамзист ва онро бояд ислоҳ кард. Имрӯз! Пагоҳ дер мешавад. Мо метавонем!

Баҳодур Уроқов,

СССР, Хатлон

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter