ХАБАРИ ДОҒ

Ба қадри омӯзгор бояд расид!

  • Чоршанбе, Июн 15 2022

 

Ҷумъа Яҳёев, хонандаи доимии газетаи мардумии СССР аз н.Деваштич ба идораи СССР занг зада (тел: 928887506), аз омӯзгорони давронӣ шуравӣ ёд кард.

   - Дар даврони шуравӣ омӯзгорон қадру манзалати худро доштанд. Хуб дар ёд дорам, соли 1973 охирҳои моҳи март буд, нав пас аз хатми омӯзишгоҳи педагогии ш. Ленинобод маро дар мактаб ба кор қабул карданду ман дар онҷо ба хонандагони синфҳои ибтидоӣ дарс медодам. 1 рӯз барои хизмат кардан даъват карданду ман ба наздашон рафтам. Чун фаҳмиданд, ки  ман омӯзгорам, мабодо ба хизмат равам хонандагон бе омӯзгор мемонанд, гуфта, маро то охирҳои моҳи май аз хизмат нигоҳ доштанд. Омӯзгорони даврони шуравӣ 50% аз супоридани пули барқ озод буданд. Маоши баланд, бар зами ин дар фасли зимистон аз тарафи давлат ангишти ройгон дода мешуд.

Камина, ки дар деҳа зиндагӣ мекунам, дар 6 соли охир, боре ба хотир надорам, ки ба ягон омӯзгори ҷавони ба хизмат рафта, 1 қитаъи замини наздиҳавлигӣ дода бошанд ё «отсрочка». Сарфи назар аз он, ки дар солҳои истиқлол даҳҳо донишгоҳу коллеҷҳои педагогӣ ба майдон омаданд, дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ 1000-ҳо нафар омӯзгорон намерасанд ва аксари омӯзгорон аз сабаби кам будани музди маош тарки ин соҳа кардаанд.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter