ХАБАРИ ДОҒ

Мастчоҳ: биноҳои кӯҳна боғча шаванд

  • Чоршанбе, Июл 20 2022

 

Ҷамоати деҳоти Палдораки н.Мастчоҳ қариб 26 ҳазор нафар аҳолӣ дорад, ки аксарият ҷавонон, навхонадорон ва мутахассисони касбу кори гуногунанд. Дар замони шӯравӣ шумораи аҳолиро ба назар гирифта, боғчаҳои бачагонаро бештар месохтанд. Он солҳо дар ҳудуди ҷамоат бояд 3 боғча сохта ба истифода дода мешуд. Дар солҳои 70-уми асри гузашта ва 80-уми давр 2 боғчаи бачагона сохта шуд, ки яктои он пурра ба кор даромада, дигараш бошад аз нарасидани синфхонаҳо ба ихтиёри мактаби миёнаи №32-и ба номи А. Рӯдакӣ вогузошта шуд.

Оқибат дар солҳои бесомониҳо онро фурӯхтанд. Дар ҷои боғчаи бачагона манзили истиқоматӣ пайдо гардид, ки 90 фоизи он тайёр буд. Борҳо ба ҳукумати ноҳия, шуъбаи маориф муроҷиати хаттию шифоҳӣ шуда бошад ҳам, чизе тағйир наёфт.

Соли 2018 раиси н.Мастчоҳ, ҳоло вакили мардумӣ дар Шӯрои Олӣ Ғайрат Азиззода ваъда дод, ки ин боғчаро эҳё мекунад ва аз уҳдаи ваъдаи худ баромад. Соли 2018 1-сентябр боғчаи бачагонаи Ҷамоати деҳоти Палдорак дарҳои худро ба рӯи  фарзандони коргарон, табибон, омӯзгорон кушод, ки боиси хурсандии аҳли ҷамоат гардид. Дар кушодашавии боғчаи бачагон худи раис шахсан иштирок доштанд.

Ҳамин тавр дар ҷамоати Палдорак барои фарзандони аҳолӣ 1 кӯдакистон ҳоло амал мекунад. Ҳоло дар ин кӯдакистон 75-нафар ба тарбия гирифта шудаанд. Ин муассисаи томактабӣ аз ҳисоби маблағҳои падару модарон ва 1%-и ночизи маблағҳои ноҳия амал мекунад.

Албатта 1 боғча наметавонад ба талаботи аҳолии ҷамоат ҷавобгӯ шавад, аз ин лиҳоз ба раиси нави н.Мастчоҳ Анвар Аъзамзода пешниҳод менамоям, ки боғчаи дигареро, ки 30 соли ахир даст ба даст шуда, ҳоло бекор хобидааст, бозпас ба ҳисоби давлат гирифта, пас аз таҷдид боғча бисозанд. Агар ин ҳам нашавад, дар ҷамоат биноҳои кӯҳнаю фарсуда ва бекорхобида зиёд аст, ҳар якеро метавон ба фоидаи давлат бозпас гирифта, мактабу боғчаи кӯдакона сохт.

Д.Зикриё,

н.Мастчоҳ

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter