Дар Ҷамоати деҳоти Амондараи ш.Панҷакент, ки ман дар онҷо зиндагӣ мекунам, 9 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ буда, аз он 7-тоаш кай сохта шудааст, касе намедонад. Аксарияти онҳо меҳмонхона ё дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ буда, имрӯз дар ҳолати садамавӣ қарор доранд.
Дар бораи вазъи мактабҳои миёнаи умумии №19, №32, №66, №88, №96, №100 чандин бор ба вакили Маҷлиси намояндагон, ки қаблан раиси ш.Панҷакент буд, Хисрав Абдулназаров гуфта будам. Мутассифона, он кас на ба вазорати маориф ва илм ва на ягон идораи дигар хабар надоданд. Раиси дигари шаҳр Ислом Шафеиён дар пеши мардуми ҷамоат ба мудири маорифи шаҳр Мақсатилло Шарипов супориш доданд, ки 1 мактабро барои азнавсозӣ пешниҳод намоянд. Зеро ҳукумат аз таҷдиду азнавсозии 7 мактаб баромада наметавонад. Раис иваз шуду ин машкил ҳамоно монд.
Шояд раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмазода ва раиси нави ш.Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода 1 бор аз ин мактабҳо дидан намуда, ба хулосае биёянд?
Абдураҳмон Маматқулов,
нафақахӯр
ш.Панҷакент