ХАБАРИ ДОҒ

Омӯзиши фанҳои дақиқ-пешрафти давлат

  • Чоршанбе, Окт 05 2022

 

Раҳмон Тоҷиддин донишҷӯи Донишгоҳи  техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ меҳмони идораи мо шуда, дар бораи илмҳои дақиқ  гуфт:

-Бо назардошти пешрафти илму техника дар замони муосир талабот ба илмхои дақиқ, риёзӣ ва табиатшиносӣ зиёд мегардад. Ҷавонону наврасони моро зарур аст, ки тамоми кӯшиши худро барои омӯзиши ин фанҳо равона созанд. Аммо ба назар мерасад, ки онҳо ҷои омухтани дониш, вақти худро дар бозиҳои компютерӣ ва телефонӣ сарф менамоянд. Мо бояд дар истеҳсолот кадрҳои бозоргирро тарбия намоем. Таваҷҷӯҳи хонандагон ба илмҳои техникӣ ҳарчанд бо эълони озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» ва «20-соли омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» зиёд шуда бошад ҳам, аммо ин ҳоло низ хеле кам аст. Набояд фаромӯш кард, ки пешрафти ҳар давлат маҳз аз омӯзиши дақиқи ҳамин фанҳои дақиқ аст.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter