ХАБАРИ ДОҒ

 

Вобаста ба иқдомҳои пешгирифтаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, ки китоби «Тоҷикон»-ро 1 миллиону 600 ҳазор нусха нашр ва ба ҳар оилаи кишвар тӯҳфа намуда, баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат»-ро эълон намудаанд, чунин пешниҳод дорам: зери сарпарастии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи ба номи А. Ҷомӣ, маркази таълимию методии Вазорат барои омӯзгорони фанни таърихи мактабҳо тавсияҳо ё «Роҳнамо барои муаллимони таърих» мураттаб созанд. Дар он нишон дода шавад, ки вобаста ба мавзӯҳои китоби дарсӣ муаллим аз кадом саҳифаҳои китоби «Тоҷикон» дар дарс истифода бараду кадом саҳифаҳоро барои хониши беруназсинфӣ тавсия намояд. Ин роҳнамо барои хонандагони синфҳои 5-11 пешбинӣ шуда, ҳар хонанда бояд дафтари таърих ташкил намуда, дар он маводи заруриро  қайд кунад.

Саҳифаҳои дафтар аз рӯи чунин нақша бошанд:

1. Рақами тартибӣ

2. Санаҳои таърихӣ

3. Мавзеъҳои ҷуғрофӣ (давлатҳо, шаҳру деҳот, маҳаллаҳо)

4. Шахсиятҳои таърихӣ (подшоҳон, лашкаркашон, олимон, адибон…)

5. Ёдгориҳои таърихӣ ё қайдҳои дигар.

Дафтар барои чанд соли хониш бояд пешбинӣ шуда бошад:

Соли хониши 2022-2023 – синфи 5

Соли хониши 2023-2024 – синфи 6

Омӯзгорон бояд баробари санҷиши дониши хонандагон қайдҳои дурусти дафтарро назорат намоянд. Агар хонанда ҳамаи тавсияҳоро риоя намуда, қайдҳои дафтар дуруст бошанд, баъди хатми синфи 11 мағзи китоби «Тоҷикон» дар дасти вай мемонад, ки оянда метавонад аз он истифода барад. Хондану истифодабарии китоби «Тоҷикон» ягон мушкилие надорад, чунки дар ҳар оила 1 нусхаи он мавҷуд аст.

Бегмат Маҳмадов, 

собиқ омӯзгори забони немисӣ,

н.Тоҷикобод

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter