Президенти Русия Владимир Путин гуфт, ки тарафи арманӣ истиқлолияти Қарабоғи Кӯҳиро эътироф накард ва ин маънои онро дорад, ки аз нуқтаи назари ҳуқуқи байналмиллалӣ Қарабоғ қисмати Озарбойҷон ба шумор меравад. Путин инчунин гуфт, ки муаллифони изҳорот бобати Қарабоғи Кӯҳӣ ҳар се тарафи имзо карда мебошанд.
Путин гуфт: “Аммо бобати матни изҳорот, мо се нафар онро тартиб додем; ман, президент Алиев ва сарвазир Пашинян”. Путин инчунин илова кард, ки роҳи дигари хомуш кардани ин даргирӣ вуҷуд надошт. Ба гуфти президенти Русия созишнома танҳо миёни Арманистон ва Озарбойҷон баста шудааст ва Маскав танҳо нақши миёнаравро иҷро мекард.
Маъруф Муҳаммадзода, раиси ш.Хуҷанд бо Фармони Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифа сабукдӯш гардида, ба ҷойи эшон Фирдавс Шарифзода, ки то ин дам дар вазифаи раиси ш.Гулистон кору фаъолият мекард, иҷрокунандаи вазифаи раиси ш.Хуҷанд таъин карда шуд.
Инчунин, бо 1 Фармони вежаи Сарвари давлат Қурбонзода Амирхон Файзулло аз вазифаи раиси ш.Истаравшан озод ва ба ҷойи мавсуф Маъмурзода Адҳам Маъмур иҷрокунандаи вазифаи раиси ш.Истаравшан таъин гардид. Маҷидӣ Бахтиёр Саидаҳмадзода бошад ба ҷойи Фирдавс Шарифзода, раиси ш.Гулистон таъин карда шуд.
Маҳмадсаид Зувайдзода, ки то ин дам дар вазифаи муовини якуми раиси ш.Душанбе кору фаъолият мекард, бо 1 Фармони вежаи Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон аз ин симат барканор ва бо 1 Фармони дигари Сарвари давлат раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати ҶТ таъин карда шуд.
Қурбонзода Амирхон Файзулло, ки то ин дам дар вазифаи раиси ш.Истаравшан кор мекард, ба ҷойи Маҳмадсаид Зувайдзода муовини якуми раиси ш.Душанбе таъин гардид.
Президенти Украина Владимир Зеленский сиёсатмадорони украинӣ ва сармоядорони тарафдори Русияро ба кӯшиши табаддулоти зиддиинқилобӣ муттаҳам кард. Зеленский ба шарикони байналмиллалии кишвараш итминон дод, ки давлати ӯ ба ин кӯшиш муқобила ва пирӯз хоҳад шуд.
Ба гуфти Зеленский: "ҳукумати кишвар бо талошҳо мудовими "тазъифи волоияти қонун" рӯ ба рӯ ҳастанд ва пешрафтҳои кишвар дар мубориза бо фасод низ зери хатар қарор доранд". Зеленский гуфт: "Онҳое, ки ин иқдомотро сарварӣ мекунанд ба хубӣ маълуманд. Инҳо эътилофе аз гумоштаҳои Русия ва сармоядорони маъруфи украинӣ мебошанд, ки фаъолияти ниҳодҳои зиддифасодиро барои худ хатарнок меҳисобанд. Онҳо зидди ҳамгароии Украина бо Шӯрои Аврупо ва НАТО буда, зидди ҳамкории Украина бо Сандуқи Байналмиллалии Асъор мебошанд".
Президенти Беларус Александр Лукашенко дар рафти сӯҳбати телофонӣ бо котиби давлатии ИМА Майк Помпео, Русияро иттифоқчии асосии кишвараш унвон кард. Лукашенко аз аҳамияти Маскав дар сиёсати хориҷии кишвараш ёдовар шуд ва гуфт: "Русия дар ҳоли ҳозир ба Беларус аз ҳама бештар кумак ва дар баробари ин ба корҳои дохилии мо дахолат намекунад" Лукашенко инчунин илова кард, ки Беларус ва Русия дар якҷоягӣ ба хатароти беруна посух хоҳанд дод. Ин даъвои Батко дар ҳолест, ки 3 моҳ қабл мехост ба Кремл пушт гардонад ва дучори бӯҳрон шуд.
15.10.2020. Департаменти давлатии ИМА дар сафҳаи твитерии Бюрои умури Осиёи Ҷанубӣ ва Миёна навишт:
“Аз дидани он хушҳолем, ки интихоботи президентии Тоҷикистон дар давраи пандемияи пуразоби ҷаҳонӣ орому осуда ва ботартиб гузашт. Аммо ҳамоно ислоҳоти муҳиме бояд амалӣ карда шавад, ки аз ҷониби САҲА/odihr барои кафолати шароити зарурии интихоботи демократӣ тавсия шудааст.”
Бо эълони пирӯзии Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи президентии 11-уми октябр раҳбарони Русияву Чин ва Белорусу Қазоқистону Узбекистон, Эрон ва давлатҳои араб ӯро табрик карданд.
Дафтари Ниҳодҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Инсон (ODIHR), 1 ниҳоди вобаста ба Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, гуфт, арзёбии ниҳоии коршиносон бо шумули машваратҳо ҷиҳати ислоҳи раванди интихобот тақрибан пас аз 8 ҳафта нашр хоҳанд шуд. Ин коршиносон бештар рӯйи ташкил ва ё мудирияти маъракаи интихобот, сармоягузории маъракаи таблиғотӣ ва шеваи бозтоби интихобот дар расонаҳо тамаркуз хоҳанд кард.
Дар ин интихобот 5 номзад ширкат варзиданд ва эълон шуд, ки дар муқобили номзадҳои начандон номдор ба Эмомалӣ Раҳмон 90,92 дарсад
(3 миллиону 837 ҳазор) нафар раъй додаанд.
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар