ХАБАРИ ДОҒ

Раисони шаҳрҳои Хуҷанду Истаравшан ва Гулистон нав шуданд

  • Панҷшанбе, Нояб 19 2020

   Маъруф Муҳаммадзода, раиси ш.Хуҷанд бо Фармони Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифа сабукдӯш гардида, ба ҷойи эшон Фирдавс Шарифзода, ки то ин дам дар вазифаи раиси ш.Гулистон кору фаъолият мекард, иҷрокунандаи вазифаи раиси ш.Хуҷанд таъин карда шуд.

    Инчунин, бо 1 Фармони вежаи Сарвари давлат Қурбонзода Амирхон Файзулло аз вазифаи раиси ш.Истаравшан озод ва ба ҷойи мавсуф Маъмурзода Адҳам Маъмур иҷрокунандаи вазифаи раиси ш.Истаравшан таъин гардид. Маҷидӣ Бахтиёр Саидаҳмадзода бошад ба ҷойи Фирдавс Шарифзода, раиси ш.Гулистон таъин карда шуд.

   

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter