ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, Янв 30 2020

Иззат ва шарафи миллатро дар назди дигар миллатҳо баргардонидан, оташи фахри миллиро дубора афрӯхтан барои «одамвор, озодона, дар ватани худ зистан ва роҳат фавтидан дар хонаҳои худ»…

Тезиси 13-уми Сионизм…

…Ҳоло саросема нашавед ва барои ҳукми банда сабр кунед: Зеро ман чизеро ба шумо мегӯям, ки тӯли даҳсолаҳо гӯшатон бо ҳақорат садо медод;

-Барои раҳоӣ аз вартаи имрӯза Тоҷикистон бояд аз методи давлатдориву давлатсозии Исроил кор бигирад!

Тоҷикистон, агар хусумати пиндор ва ҷаҳолати таассубро канор гузорем, ки бо номи яҳудро шунидан, аз ғазаб мӯямон сих мехезаду худ намедонем чаро…бояд бо ана ҳамон роҳе сӯи давлатсозӣ ҳаракат кунад, ки Исроил мекард. Зеро ин 2 давлат шабоҳати хеле олӣ ба ҳам доранд. Бори дигар мегӯям, ки таассуби мазҳабиро канора гузоред. Сухан сари методи давлатдорист, на чизи дигар:

Тоҷикистон давлатест, ки бо ақвоми турку муғултабор ҳаммарз аст. Ӯзбакистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон (бо дуи ахир марз ҳам надошта бошем, дар маҳдудаи умумӣ ба сар мебарем) ва аз ҷониби шарқ Хитойи Бузург. Агар ба антропологияи ин ақвом назар андозем, маълум мешавад, ки ягон умумияти хуниву фарҳангӣ онҳо бо мо надоранд. Ин дар ҳолест, ки бо ҳамдигар хеши наздиканд! Чизе монанд байни давлати Исроилу атрофиёнаш ҳис кардед?

Имрӯз, мо худро фиреби назар медиҳем, ки Қазоқистону Туркманистон дӯстони моанд. Бовар кун, хонанда, ин дӯстӣ то соатест, ки бо бародарони ҳамхуни ишон нифоқ надорем. Вагарна чеҳраи асили ин дӯстонро медидем!

Ҳоло ки конфликт бо Қирғизистон сар зад, дидем, ки Бишкек дар ситам на камтар аз Тошканд будааст. Тошканд, бо ҳама бадкорияш роҳҳои моро куллан намебаст. Аммо қирғизҳо дар 2 соат ҳама самтҳоеро, ки моро бо Хитой ва Русияву Қазоқистон мебурданд, баст!!! Огаҳон медонанд, ки қирғизу қазоқ аслан 1 миллати қарақирғизанд, ки онҳоро СССР ба 2 республика ҷудо карда буд. Дар сурати ташдиди конфликт ба фикри ту, хонанда, оре, маҳз туе, ки фикр дорӣ, «Сайёф ту гуфта, маро ҳам дар назар дорад?», қазоқҳо ба кадом ҷониб майл мекунанд: Тоҷикистони бегона ва ё Қирғизистони ҳамхуну ҳамфарҳангу ҳамзабон?

Аз сӯи дигар мо низ давлатҳои ҳамхуну ҳамфарҳангу ҳамзабон дар ин қора дорем: Афғонистони ба коми бало ғӯтида ва Эрони ғайрмазҳаб. Ҷои пӯшиш нест, ки барои Эрон мазҳаб ва он ҳам шиъа болотар аз забону фарҳанг меистад ва мутаассуф, ин ҳақиқати ҳол аст. Афғонистон бошад ба коми фашизми паштуӣ ва таассуби мазҳабӣ чунон дармондааст, ки роҳи раҳоӣ дар ҳамин … аср надорад. Ягона роҳ тақсими Афғонистон ба 2 давлати Тоҷику паштун аст, ки табиист, то дарки ин ҳақиқат, мутаассибин боз чанд даҳсола ҷангу хунрезӣ хоҳанд кард. Яъне Тоҷикистон аз 4 тараф 1 иттифоқчии воқеӣ надорад. Боз чизе ба хотират наомад, хонанда? Оре, давлати Исроил ҳам маҳз чунин аст!

Акнун роҳу усули давлатсозии қавми яҳудро бояд омӯхт, ки чигуна тавонистанд, дар миёни ақвоми бегона ва ҳамхун (он ҷо ҳама арабу ин ҷо ҳама турктабор!) давлати қавӣ созанд? Онҳо такя ба дониш ва ҳаммиллатон карданд! Пас чаро мо такя ба ин 2 ҷанбаи ҳаётсоз накарда бошем?

Дар аввалҳои асри 20 муҳоҷирини яҳудро, дар Аврупо фашистон таҳқиру табъиз мекарданд ва дар кӯчаҳо бе ягон ҷазову бозпурсие мекуштанд, месӯзониданд, сарашонро мебурриданд. Еврей ҳатто ҳуқуқи сагу гурбаи хонагиро дар Германия надошт. Вазъияти шинос не? Ва ана ҳамин қатлу куштору таҳқиру дашноми миллат ин қавмро маҷбур кард, ки пас аз Ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ аз маҳалгароиву ҷудоихоҳии мазҳабӣ, яке шаванд ва давлати абарқудрати худро созанд!

Маскавро кашф намекунам, агар гӯям, ки он чӣ дар Русия сари миллати шарифи Тоҷик меравад, дар Германия сари қавми яҳуд мерафт! Онҳо аз ин дарси ибрат гирифтанду иттифоқ бастанд, такя бар донишу маърифат заданд ва давлати худро мустаҳкам намуданд. Мо чӣ мекунем?

Агар ба маҳалгароӣ, низоъандозӣ, таборпарастӣ, ихтилоф ва ҷудоихоҳӣ ҳатто дар соате давом диҳем, ки «таджик» аллакай худ ҳақорат шудааст дар Русия ва ҳамсоякишварҳои мо, пас рӯ ба нестӣ мениҳем. Мо на беҳуда таклифи 1 сокини Бадахшонро, дар шумораи қаблӣ, нашр кардем, ки мехост дар паспорт миллаташро «помирӣ» нависад: бовар кун, хонанда, ин на танҳо иддаои 1 нафар аз Помир аст. Ҳадафи душманони мо дар Русия, Ӯзбаку Қирғизу Қазоқ…истон ҳам ин аст, ки тавассути таҳқири миллӣ Тоҷикро маҷбур кунанд, то аз ҳайсияташ ор кунаду поратар гардад ва ҳам мегардад. Вале агар аз методи яҳудӣ кор гирему иттифоқ бандем ва банди 13-и қонуни сионизмро кор фармуда, шарафу Ғурури Миллиро ҳифз ва барқарор кунем, он гоҳ чӣ мешавад? Суоли матраҳ аст, албатта…

PS: Сиони́зм (ивр. צִיּוֹנוּת, тсийону́т-аз номи кӯҳи Сино дар Иерусалим-Байтулмуқаддас)-ҳаракати сиёсӣ, ки ҳадафаш иттиҳод, эҳёи қавми яҳуд, бунёди давлати миллӣ ва ҳифзи шарафу ғурури ҳар яҳудӣ дар сартосари олам аст…

 

Ҷумъа, Янв 24 2020

   Тавре қаблан хабар дода будем, бо Фармони Президенти ҶТ Маҳмадсаид Шоҳиён аз вазифаи раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ озод карда шуда, ба ҷойи Носир Раҳмон раиси киностудияи «Тоҷикфилм» таъин гардид.

    Инчунин, тибқи иттиллои дарёфта, Завқӣ Завқизода, ки то ин дам ба ҳайси муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ фаъолият мекард, ба ҷойи Неъматулло Ҳикматуллозода вазири рушди иқтисод ва савдо таъин карда шуд. Неъматулло Ҳикматуллозода аз ин пас дар вазифаи ёрдамчии Президенти ҶТ оид ба масаъалаҳои иқтисодӣ кор хоҳад кард.

    Бино ба хабари расида Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ низ аз вазифаи бар дӯш доштааш, барканор гашта, ба вазифаи муовини аввали раиси Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ таъин гардид. Гуфта мешавад, ки Шамсиддин Орумбекзода ба нафақа гуселонида шудааст.

Тағийротҳо давом доранд ва мо пайгири он ҳастем. Мо метавонем!

 

Ҷумъа, Янв 24 2020

 

Имрӯз, 24.01.2020, соати 16:00 дақиқа дар ш.Душанбе Иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТдаъвати панҷум даъват карда мешавад.

 Гуфта мешавад, ки ба баррасии иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ даъвати панҷум 2 масъала-озод ва таъин намудани Прокурори генералии ҶТ ва Қонуни ҶТ«Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ» пешниҳод мегардад. Яъне, имрӯз намояндагони МММО ҶТ барои озод намудани Прокурори генералии ҶТ Юсуф Раҳмон ва интихоби Прокурори нави генералии кишвар бояд ризоият бидиҳанд. Оё Юсуф Раҳмон дар вазифаи худ мемонад ва ё нафари дигар ҷойгузини он хоҳад шуд, соатҳои наздик хоҳем фаҳмид.

 

Панҷшанбе, Янв 23 2020

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҶТ рӯйхати номзадҳоеро, ки аз тарафи ҳизбҳои сиёсии кишвар пешниҳод шуда буданд, тасдиқ кард.

 Гуфта мешавад, ки тибқи рӯйхати тасдиқкардашуда 70 нафар, аз ҷумла аз Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон-28 нафар, Ҳизби аграрии Тоҷикистон-13 нафар, Ҳизби демократии Тоҷикистон-4 нафар, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон-7 нафар, Ҳизби коммунистии Тоҷикистон-6 нафар, Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон-8 нафар ва Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон- 8 нафари пешниҳодшуда тасдиқ карда шуд.

    Аз ҷумла, Саймурод Фаттоҳзода, Маҳмадалӣ Ватанзода, Ранохон Бобоҷониён, Насиба Содиқӣ, Дилрабо Мансурӣ, Сумангул Тағойзода, Фирӯза Шарифӣ, Идигул Қосимзода, Хайрулло Амонулло, Саодатшо Матробиён, Абдураҳим Холиқзода, Абдулло Табарӣ, Музаффарҷон Маҳмудов, Файзалӣ Идизода, Муҷибахон Ҷавҳарова, Бибиосия Аюбӣ, Шарофиддин Ҷӯразода, Файзалӣ  Назаров, Тағоймурод Ҳасанзода,  Рухсора Давлатзода, Сафиямоҳ Тешаева, Саёҳат Дадаҷонова,  Ҳабибулло Амирбекзода, Зулфия Давлатзода, Дилноза Аҳмадзода, Бахтиёр  Ҳамдамов, Фирдавс Ёдгорӣ,  Фариза Абдуллозода ҲХДТ-ро намояндагӣ хоҳанд кард. 

    Рустам  Латифзода, Фазлиддин Икромов, Мансур Усмонов,  Неъматулло Холбойзода, Зайниддин Сафаров, Мирзоанвар Ахмедов, Шодӣ Мӯсозода, Музаффар Мирзозода, Бахтиёр Аҳмадзода, Ҷонона Ҳайдарзода, Нуралӣ Ниёзов, Рупия Сафарова, Раҳмон Зиё ҳамчун  номзад аз ҲАТ, Саидҷаъфар Усмонзода, Диловар Холов, Таваралӣ  Зиёзода, Зӯҳро Мирзоева аз ҲДТ, Рустам Қудратов, Машраб Файзуллоев, Ғиёсиддин Ашӯров, Даринг Раҳмон Ҷаҳон Афруз Қурбонзода, Зафар Ализода, Абдулатиф Раҳимов, Баҳодур Раззоқов аз ҲИИТ, Мироҷ Абдуллоев, Зарагул Мирасанова, Қурбонҷон Мирзоева, Ҳабибулло Ёров, Ҳикматулло Ҳамидов,  Азизҷон Раҳмонов аз ҲКТ, Абдуҳалим Ғаффоров, Маъруфхуҷа Юсупов, Зариф Наимов, Миҷгона Рустамова, Фаррух Боқиев, Давлатхоним Саидошурова, Наргиза Бобоҷонова,  Уғул  Қобилова аз ҲСТ,  Раҳматилло Зойиров, Шокир Ҳакимов, Дилбар Самадова,  Бахтиёр Насруллоев, Нигина Шоназарова, Маҳмурод Одинаев, Қиёмиддин Азизов, Сиддиқ Саидов аз ҲСДТ дар рӯйхати тасдиқшуда ҷой гирифтаанд.

 

 

Ҷумъа, Янв 17 2020

    

    Вобаста ба интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ки рӯзи 1.03.2020 сурат мегирад, дар 30 давлати ҷаҳон 39 участкаи интихоботӣ фаъолият хоҳанд кард.

   Гуфта мешавад, ки инчунин гурӯҳи кории Комиссия оид ба қабул ва таъмини фаъолияти мушоҳидони байналмилалӣ дар давраи омодагӣ ва баргузории интихоботи вакилон ба МНМО ҶТ, ташкили участкаҳои интихоботӣ дар назди сафоратхонаҳо ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷӣ, тасдиқи ду «Роҳнамо» барои комиссияҳои ҳавзавӣ ва волонтёрон низ ташкил ёфта, алакай дар мавриди иштироки нозирони байналмилалӣ ба 1 қатор ташкилотҳои бонуфузӣ ҷаҳонӣ даъватнома ҳам фиристода шудааст.

 

 

Панҷшанбе, Янв 16 2020

 

 Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи ҶТ, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон  Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон, и.в. раиси ш.Нораки вилояти Хатлонро раиси Кумитаи кор бо занон ва оила таъйин кард. Неъматзода Маликшо Маҳмадшо ба ҷойи эшон раиси ш.Норак таъин гашт. 

Муҳаммадраҳим Юсуфӣ аз вазифаи раиси н.Фирдавсии ш.Душанбе озод шуда, ба ҷойи ӯ Усмонзода Фатҳиддин таъин гардид. 

 Гиёзода Азиз Қодир, раиси н.Шуғнони ВМКБ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифа озод гардида, Ҷумъазода Ҷумъа Шофақир, и.в. раиси н.Шуғнон таъин карда шуд.

Зафар Файзуллозода, раиси н.Қубодиёни вилояти Хатлон аз вазифа озод ва ба ҷойи ӯ Садриддинзода Бадриддин Талбак таъин гардид.

    Азиззода Ғайрат Мулломаҳмад бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси н.Мастчоҳи вилояти Суғд озод ва Азиззода Тоҳир Мирзораҳмат и.в.раиси н.Мастчоҳ таъин шуд. Тағйироти кадрӣ дар ҳукумат давом дорад.

 

саҳ 29 аз 104

Китобҳо

Flag Counter