ХАБАРИ ДОҒ

Иззат ва шарафи миллатро дар назди дигар миллатҳо баргардонидан, оташи фахри миллиро дубора афрӯхтан барои «одамвор, озодона, дар ватани худ зистан ва роҳат фавтидан дар хонаҳои худ»…

Тезиси 13-уми Сионизм…

…Ҳоло саросема нашавед ва барои ҳукми банда сабр кунед: Зеро ман чизеро ба шумо мегӯям, ки тӯли даҳсолаҳо гӯшатон бо ҳақорат садо медод;

-Барои раҳоӣ аз вартаи имрӯза Тоҷикистон бояд аз методи давлатдориву давлатсозии Исроил кор бигирад!

Тоҷикистон, агар хусумати пиндор ва ҷаҳолати таассубро канор гузорем, ки бо номи яҳудро шунидан, аз ғазаб мӯямон сих мехезаду худ намедонем чаро…бояд бо ана ҳамон роҳе сӯи давлатсозӣ ҳаракат кунад, ки Исроил мекард. Зеро ин 2 давлат шабоҳати хеле олӣ ба ҳам доранд. Бори дигар мегӯям, ки таассуби мазҳабиро канора гузоред. Сухан сари методи давлатдорист, на чизи дигар:

Тоҷикистон давлатест, ки бо ақвоми турку муғултабор ҳаммарз аст. Ӯзбакистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон (бо дуи ахир марз ҳам надошта бошем, дар маҳдудаи умумӣ ба сар мебарем) ва аз ҷониби шарқ Хитойи Бузург. Агар ба антропологияи ин ақвом назар андозем, маълум мешавад, ки ягон умумияти хуниву фарҳангӣ онҳо бо мо надоранд. Ин дар ҳолест, ки бо ҳамдигар хеши наздиканд! Чизе монанд байни давлати Исроилу атрофиёнаш ҳис кардед?

Имрӯз, мо худро фиреби назар медиҳем, ки Қазоқистону Туркманистон дӯстони моанд. Бовар кун, хонанда, ин дӯстӣ то соатест, ки бо бародарони ҳамхуни ишон нифоқ надорем. Вагарна чеҳраи асили ин дӯстонро медидем!

Ҳоло ки конфликт бо Қирғизистон сар зад, дидем, ки Бишкек дар ситам на камтар аз Тошканд будааст. Тошканд, бо ҳама бадкорияш роҳҳои моро куллан намебаст. Аммо қирғизҳо дар 2 соат ҳама самтҳоеро, ки моро бо Хитой ва Русияву Қазоқистон мебурданд, баст!!! Огаҳон медонанд, ки қирғизу қазоқ аслан 1 миллати қарақирғизанд, ки онҳоро СССР ба 2 республика ҷудо карда буд. Дар сурати ташдиди конфликт ба фикри ту, хонанда, оре, маҳз туе, ки фикр дорӣ, «Сайёф ту гуфта, маро ҳам дар назар дорад?», қазоқҳо ба кадом ҷониб майл мекунанд: Тоҷикистони бегона ва ё Қирғизистони ҳамхуну ҳамфарҳангу ҳамзабон?

Аз сӯи дигар мо низ давлатҳои ҳамхуну ҳамфарҳангу ҳамзабон дар ин қора дорем: Афғонистони ба коми бало ғӯтида ва Эрони ғайрмазҳаб. Ҷои пӯшиш нест, ки барои Эрон мазҳаб ва он ҳам шиъа болотар аз забону фарҳанг меистад ва мутаассуф, ин ҳақиқати ҳол аст. Афғонистон бошад ба коми фашизми паштуӣ ва таассуби мазҳабӣ чунон дармондааст, ки роҳи раҳоӣ дар ҳамин … аср надорад. Ягона роҳ тақсими Афғонистон ба 2 давлати Тоҷику паштун аст, ки табиист, то дарки ин ҳақиқат, мутаассибин боз чанд даҳсола ҷангу хунрезӣ хоҳанд кард. Яъне Тоҷикистон аз 4 тараф 1 иттифоқчии воқеӣ надорад. Боз чизе ба хотират наомад, хонанда? Оре, давлати Исроил ҳам маҳз чунин аст!

Акнун роҳу усули давлатсозии қавми яҳудро бояд омӯхт, ки чигуна тавонистанд, дар миёни ақвоми бегона ва ҳамхун (он ҷо ҳама арабу ин ҷо ҳама турктабор!) давлати қавӣ созанд? Онҳо такя ба дониш ва ҳаммиллатон карданд! Пас чаро мо такя ба ин 2 ҷанбаи ҳаётсоз накарда бошем?

Дар аввалҳои асри 20 муҳоҷирини яҳудро, дар Аврупо фашистон таҳқиру табъиз мекарданд ва дар кӯчаҳо бе ягон ҷазову бозпурсие мекуштанд, месӯзониданд, сарашонро мебурриданд. Еврей ҳатто ҳуқуқи сагу гурбаи хонагиро дар Германия надошт. Вазъияти шинос не? Ва ана ҳамин қатлу куштору таҳқиру дашноми миллат ин қавмро маҷбур кард, ки пас аз Ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ аз маҳалгароиву ҷудоихоҳии мазҳабӣ, яке шаванд ва давлати абарқудрати худро созанд!

Маскавро кашф намекунам, агар гӯям, ки он чӣ дар Русия сари миллати шарифи Тоҷик меравад, дар Германия сари қавми яҳуд мерафт! Онҳо аз ин дарси ибрат гирифтанду иттифоқ бастанд, такя бар донишу маърифат заданд ва давлати худро мустаҳкам намуданд. Мо чӣ мекунем?

Агар ба маҳалгароӣ, низоъандозӣ, таборпарастӣ, ихтилоф ва ҷудоихоҳӣ ҳатто дар соате давом диҳем, ки «таджик» аллакай худ ҳақорат шудааст дар Русия ва ҳамсоякишварҳои мо, пас рӯ ба нестӣ мениҳем. Мо на беҳуда таклифи 1 сокини Бадахшонро, дар шумораи қаблӣ, нашр кардем, ки мехост дар паспорт миллаташро «помирӣ» нависад: бовар кун, хонанда, ин на танҳо иддаои 1 нафар аз Помир аст. Ҳадафи душманони мо дар Русия, Ӯзбаку Қирғизу Қазоқ…истон ҳам ин аст, ки тавассути таҳқири миллӣ Тоҷикро маҷбур кунанд, то аз ҳайсияташ ор кунаду поратар гардад ва ҳам мегардад. Вале агар аз методи яҳудӣ кор гирему иттифоқ бандем ва банди 13-и қонуни сионизмро кор фармуда, шарафу Ғурури Миллиро ҳифз ва барқарор кунем, он гоҳ чӣ мешавад? Суоли матраҳ аст, албатта…

PS: Сиони́зм (ивр. צִיּוֹנוּת, тсийону́т-аз номи кӯҳи Сино дар Иерусалим-Байтулмуқаддас)-ҳаракати сиёсӣ, ки ҳадафаш иттиҳод, эҳёи қавми яҳуд, бунёди давлати миллӣ ва ҳифзи шарафу ғурури ҳар яҳудӣ дар сартосари олам аст…

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter