ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, Нояб 22 2018


Сафири нави Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мэрилин Йосефсон бо супоридани эътимодномаи худ ба президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи хеш ба ҳайси Сардори Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар ҶТ ба таври расмӣ оғоз кард.
   Чуноне ки ба мухбири СССР дар намояндагии ИА дар ҶТ хабар доданд, Мэрелин Йосефсон аз номи Иттиҳоди Аврупо ҷониби Тоҷикистонро ба муносибати дастоварди калон - ба кор даровардани агрегати якуми НБО “Роғун” табрик карда, гуфт, ки  ӯ кӯшишҳо ба харҷ медиҳад то Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон бо ҳам пайвастатар гарданд ва ӯ дар самти таҳким ва густариши муносибатҳои ҳамаҷониба фаъолона кор хоҳад кард.
   -Ҳамкории самараноки Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон дар ҳақиқат на танҳо матлуб, балки муҳим аст. Мо якҷоя бо мушкилоту ситезаҳои муштарак рӯ ба рӯ ҳастем. Хусусан ман инҷо дар назар сулҳу амниятро, тағйирёбии иқлим, идоракунии устувори захираҳои обию энергетикӣ, навоварӣ ва пешравии технологӣ, тараққиёти баробару устувор ва рушди тартиботи байналмилалӣ, волоияти қонун ва ҳуқуқҳои инсонро дорам. Ҳар ду ҷониб дар ин самт метавонанд саҳми арзандаи худро гузоранд. Бо идома додани ҳамкориҳои зич дар сатҳҳои дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ атрофи мавзӯъҳои мухталиф ба мо имкон медиҳад, ки ободию бехатарию устувории халқҳоямонро ва ҷомеаҳои худамонро таъмин намоем. Охири ин ҳафта дар шаҳри Брюссел ҷаласаи Шӯрои ҳамкории миёни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон ва вохӯрии Вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо ва давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мегарданд. Ин чорабиниҳои муҳим ба мо имкон медиҳанд, ки дар якҷоягӣ оиди роҳҳои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳоямон дар соҳаҳои мазкур андешаронӣ намоем, -гуфтааст Мэрилин Йосефсон.
   Қаблан хонум Йосефсон дар Намояндагии доимии Шветсия дар назди Иттиҳоди Аврупо дар ш.Брюссел кор мекард. Ғайр аз ин, ӯ таҷрибаи хуби меҳнатиро дар Хадамоти корҳои хориҷии Аврупо ва Созмони Миллали Муттаҳид ба даст овардааст.
 

Чоршанбе, Нояб 21 2018


Нурсултон Назарбоев-президенти Қазоқистон дар ҷаласаи Шӯрои амнияти ин кишвар дар шаҳри Остона аз мансабдорон хост, ки муҳтавои паёми охири ӯро ба мардум расонанд ва монополистҳои бевиҷдонро ба ҷавобгарӣ кашанд. Ӯ гуфт, бар асоси таҳқиқоти сотсиологӣ, мардумро ба иловаи ташвишҳои дигар қимати хизматрасониҳои коммуналӣ, арзиши таҳсил ва табобат ғамгин кардааст. "Агар тарофаҳо ба таври сунъӣ гарон карда шаванд, пас ин боиси харҷи барзиёди хонаводаҳо мешаваду хилофи паёми ман аст", - гуфт президент.

Чоршанбе, Нояб 21 2018


Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Белорусия сардабири Агентии хусусии BelaPan ва сардабири портали TUT.by-ро ба дарёфти ғайриқонунии маълумот аз хабаргузории давлатии BelTA муттаҳам карданд. Ирина Леушина аз BelaPan ва Галина Уласик аз TUT.by ба хабарнигорон гуфтанд, ки онҳоро баъди даъват ба Кумитаи тафтишот айбдор карданд. Муфаттишон ҳамчунин идораҳои BelaPan ва TUT.by-ро кофтукоб кардаанд. Полиси Минск мегӯяд, хабарнигорони портали TUT.BY ва BelaPAN ба таври ғайриқонунӣ, тавассути интернет, аз хабаргузории давлатии BelTA маълумот мегирифтанд. Коршиносони сиёсии хориҷӣ мегӯянд, мақомот бо ин роҳ мехоҳанд даҳони мунаққидони президенти Беларуссия Александр Лукашенко ва ҳукумати ӯро банданд.

Чоршанбе, Нояб 14 2018


   Ҷумҳурии Туркия муддати будубоши бе раводиди шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар қаламрави худаш, ки то ин дам то 30 рӯз мӯҳлат дошт, то ба 90 рӯз тамдид намуд.
   Минбаъд шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд то 90 рӯз бидуни сабти иқомат ва раводид дар Туркия бимонанд. Дар баробари шаҳрвандони Тоҷикистон, сокинони Ӯзбекистону Қазоқистон низ аз ин имконияти нав бархӯрдор хоҳанд шуд. Фармони вежаро дар ин самт президенти Ҷумҳурии Туркия Раҷаб Тайип Эрдоган ба имзо расонидааст. Тибқи ин фармон шаҳрвандони ҶТ имкон доранд дар 6 моҳ 1 маротиба аз ин имконоти 90 рӯза истифода бубаранд.


Чоршанбе, Нояб 07 2018


Дар Қирғизистон тарҳи амалиёте бо номи “Ҳизби сотсиал-демократ бе ҳузури Отамбоев” шуруъ шудааст. Ин дар ҳолест, ки президенти пешини ин кишвар Алмосбек Отамбоев аз рӯзи 22 октябр то инҷониб дар ш.Маскав қарор дорад. Ҳоло дар долонҳои ҳукумати Сооронбой Ҷеенбеков-президенти феълии Қирғизистон пастак-пастак гуфтан доранд, ки Отамбоев 1 моҳ пеш аз Бишкек фирор кардааст ва дигар барнамегардад.

Чоршанбе, Нояб 07 2018


Дар Гурҷистон зарурати баргузории даври дуюми интихоботи президентӣ пеш омад. КМИРи Гурҷистон гуфт, ки дар даври аввали интихобот собиқ вазири хориҷаи Гурҷистон ва зодаи Фаронса-Саломе Зурабишвилӣ бо 38,6%-и овозҳо тавонист каме аз рақибаш-Григол Вашадзе пеш гузарад, ки 37,7%-и овоз гирифта буд. Барои пирӯзӣ дар интихобот зарур аст, ки номзад соҳиби 50%+1 овоз шавад. Мақомот гуфтаанд, ки даври дуюми интихобот то 1 декабр барпо мешавад. Дар ҳамин маврид, Михаил Саакашвили-президенти собиқ, ки ҳоло дар Голландия зиндагӣ дорад, мақомоти кишварро ба интихоботи шаффоф даъват карда, гуфт, агар мақомот бо тақаллуб интихоботро ба нафъи Саломе анҷом диҳанд, кишварро мавҷи эътирозҳо интизор аст.

саҳ 48 аз 104

Китобҳо

Flag Counter