ХАБАРИ ДОҒ

Мэрилин Йосефсон: ҳамкории ИА бо Тоҷикистон бояд самаранок бошад!

  • Панҷшанбе, Нояб 22 2018


Сафири нави Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мэрилин Йосефсон бо супоридани эътимодномаи худ ба президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи хеш ба ҳайси Сардори Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар ҶТ ба таври расмӣ оғоз кард.
   Чуноне ки ба мухбири СССР дар намояндагии ИА дар ҶТ хабар доданд, Мэрелин Йосефсон аз номи Иттиҳоди Аврупо ҷониби Тоҷикистонро ба муносибати дастоварди калон - ба кор даровардани агрегати якуми НБО “Роғун” табрик карда, гуфт, ки  ӯ кӯшишҳо ба харҷ медиҳад то Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон бо ҳам пайвастатар гарданд ва ӯ дар самти таҳким ва густариши муносибатҳои ҳамаҷониба фаъолона кор хоҳад кард.
   -Ҳамкории самараноки Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон дар ҳақиқат на танҳо матлуб, балки муҳим аст. Мо якҷоя бо мушкилоту ситезаҳои муштарак рӯ ба рӯ ҳастем. Хусусан ман инҷо дар назар сулҳу амниятро, тағйирёбии иқлим, идоракунии устувори захираҳои обию энергетикӣ, навоварӣ ва пешравии технологӣ, тараққиёти баробару устувор ва рушди тартиботи байналмилалӣ, волоияти қонун ва ҳуқуқҳои инсонро дорам. Ҳар ду ҷониб дар ин самт метавонанд саҳми арзандаи худро гузоранд. Бо идома додани ҳамкориҳои зич дар сатҳҳои дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ атрофи мавзӯъҳои мухталиф ба мо имкон медиҳад, ки ободию бехатарию устувории халқҳоямонро ва ҷомеаҳои худамонро таъмин намоем. Охири ин ҳафта дар шаҳри Брюссел ҷаласаи Шӯрои ҳамкории миёни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон ва вохӯрии Вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо ва давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мегарданд. Ин чорабиниҳои муҳим ба мо имкон медиҳанд, ки дар якҷоягӣ оиди роҳҳои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳоямон дар соҳаҳои мазкур андешаронӣ намоем, -гуфтааст Мэрилин Йосефсон.
   Қаблан хонум Йосефсон дар Намояндагии доимии Шветсия дар назди Иттиҳоди Аврупо дар ш.Брюссел кор мекард. Ғайр аз ин, ӯ таҷрибаи хуби меҳнатиро дар Хадамоти корҳои хориҷии Аврупо ва Созмони Миллали Муттаҳид ба даст овардааст.
 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter