ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, Сен 27 2018


Баъди он, ки Рамзан Қодиров-президенти Чеченистон гуфт, ки баъд аз анҷоми мурофиаи судии раҳбари созмони "Мемориал" дар Грозний Аюб Титиев Чеченистон барои ҳомиёни ҳуқуқ "минтақаи мамнуъ" хоҳад шуд, Созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ бо 1 нома аз президенти Русия Владимир Путин дархост карданд, ки ба суханҳои Қодиров ҷавоб гардонад. Муаллифони нома гуфтаанд, ки мақомоти Чеченистон ба одамрабоӣ, шиканҷа ва ғайриқонунӣ маҳрум кардани шахс аз озодӣ роҳ дода, ҳуқуқи инсонро нақз мекунанд.

Панҷшанбе, Сен 27 2018


Президенти Украина Петро Порошенко дар Анҷумани стратегияи аврупоӣ дар Ялта бо Русия ва Шӯравӣ комилан хайрбод гуфта, афзуд, ки дар нишасти моҳи июлии НАТО дар Брюссел ӯро борҳо бовар кунониданд, ки Украина имкони узвият дар ин паймони низомиро дорад. "Баъди ин нишаст самтгирии русии рушди Украина хотима ёфт. Худо ҳофиз, хирси меҳрубони мо, акнун ба ҷангали афсонавии худ баргард. Ин ҳамчунин пайғом ба шарикони ғарбии мо-Иттиҳоди Аврупо, НАТО аст: шумо, ки гуфтаед дар боз аст, дигар шубҳае надошта бошед, мо ҳатман аз ин дар ворид мешавем" гуфт ӯ. Ёдрас мешавем, соли гузашта низ Порошенко бо иқтибос аз шеъри Михаил Лермонтов-"Худо ҳофиз, Русияи ношуста" бо Русия худоҳофизӣ карда буд.

Ҷумъа, Сен 21 2018


Пешвои насрониҳои дунё - Варфоломей дар асоси дархост ва пофишориҳои Порошенко - Президенти Украина ният дорад украиниҳоро аз патриархати Россия ҷудо ва ба онҳо истиқлолияти динӣ бидиҳад. То кунун калисоҳову манастирҳо ва роҳбари руҳониёни православи Украина - Филарет зери тобеияти Паириархи Россия Кирил қарор дорад. Патриархи Россия эътирозномае ба Костантинопол - қароргоҳи Варфоломей (Туркия) ирсол намуда таъкид намуд, ки дар сурати истиқлол додани украиниҳо робитаро бо онҳо тамоман қатъ менамояд. Миллионҳо руҳониён - руссзабонҳои украина амдан намехоҳанд, ки Патриархи Украинаро роҳбари руҳонии хеш бихонанд. Вазъият хеле нигаронкунанда боқӣ мемонад.

Абдуқодири Абдуқаҳҳор,
журналист

Чоршанбе, Сен 19 2018


   Аламшозода Абдураҳмон Аламшо, муовини аввали вазири корҳои дохилии ҶТ бо фармони президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон сардори Раёсати ВКД дар ВМКБ таъин гардид. Ин таъинот рӯзи 18.09.2018 сурат гирифта, дар баробари ин сарвари давлат ба вазифаҳои сардорони Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, муовинони сардори Раёсат, сардорони шӯъбаҳои БДА, сардорони шӯъбаҳои ВКД дар ш.Хоруғ, ноҳияҳои Шуғнон, Ишкошим, Мурғоб ва Рӯшонро низ иваз намуд.
   Бояд қайд намуд, ки ин тағийрот дар роҳбарияти мақомоти милитсияи ВМКБ дар пайи интиқоди сахти президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба 1 қатор қонуншиканиҳо дар вилоят ва бемасъулиятии кормандони милитсия сурат гирифта, ҳамчунин бо фармони президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Додихудозода Давлатмо Бахтибек аз вазифаи раиси суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони  Бадахшон озод гардида, Усмонзода Шоғуфрон-раиси Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин гардид.
   Мутобиқи моддаи 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» бо дастури президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовинони раиси ВМКБ аз вазифа озод ва барои ба вазифаи муовини 1-уми раиси ВМКБ таъин намудани Мирзонаботов Алишер Худобердиевич, муовинони раиси ВМКБ таъин гардидани Амирбекзода Назира, Иматшозода Анвар Иматшо ва Носиров Умедҷон розигӣ дода шуд.
   Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои пешгирӣ кардани қочоқи маводи мухаддир, нигоҳ доштан ва бо худ гирифта гаштани силоҳ, убури гайриқонунии сарҳад, вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бар зидди нашъамандӣ ва тарбияи насли солиму солеҳ дар назди кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар хизматчиёни давлатӣ вазифаҳои мушаххас гузошт.

Панҷшанбе, Сен 20 2018


«Масъулияти заҳролудшавии агенти пешини Русия Сергей Скрипал ва духтари ӯ Юлия, шахсан бар дӯши президенти Русия Владимир Путин аст», - гуфт муовини вазири корҳои дохилии Англия Бен Уоллес. Ба гуфтаи хабаргузории Associated Press, Бен таъкид кард, ки маҳз Путин ҳамчун сарвари давлат "истихбороти низомии Русияро назорат, сармоягузорӣ ва раҳнамоӣ мекунад». Ӯ гуфт, ки Британия ба амалҳои душманонаи Русия муқовимат хоҳад кард. Хотиррасон мекунем, ки Скрипал ва духтари ӯ Юлия моҳи марти соли равон дар 1 боғи шаҳри Солсберии Британия дар ҳоли беҳушӣ пайдо шуданд.

Панҷшанбе, Сен 20 2018


Дар суди ш.Стокголми Швейтсария муҳокимаи парвандаи роҳбарони пешини ширкати Telia (TeliaSonera-и собиқ) шуруъ шуд. Онҳо барои додани тақрибан 350 млн доллар "пора" ба Гулнора Каримова-духтари президенти пешини Узбекистон Ислом Каримов муттаҳам шудаанд. Дар суд якбора 3 нафар аз роҳбарони пешини ширкат-Ларс Нюберг, Теро Кивисаарӣ ва Улӣ Туимаро муҳокима мекунанд, ки дар гузашта яке мудири молӣ, дувумӣ ноиб-президент ва севумӣ мушовири тиҷорӣ буданд. Суди ш.Тошканд бошад Гулнораро бо айби саркашӣ аз пардохти андоз, дуздӣ, тамаъҷӯӣ ва маҳв кардани ҳуҷҷати ширкатҳои офшорӣ 5 сол зиндонӣ кард.

саҳ 51 аз 104

Китобҳо

Flag Counter