ХАБАРИ ДОҒ

Тағийроти кадрӣ: Абдураҳмон Аламшозода сардори Раёсати ВМКБ таъин гашт

  • Чоршанбе, Сен 19 2018


   Аламшозода Абдураҳмон Аламшо, муовини аввали вазири корҳои дохилии ҶТ бо фармони президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон сардори Раёсати ВКД дар ВМКБ таъин гардид. Ин таъинот рӯзи 18.09.2018 сурат гирифта, дар баробари ин сарвари давлат ба вазифаҳои сардорони Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, муовинони сардори Раёсат, сардорони шӯъбаҳои БДА, сардорони шӯъбаҳои ВКД дар ш.Хоруғ, ноҳияҳои Шуғнон, Ишкошим, Мурғоб ва Рӯшонро низ иваз намуд.
   Бояд қайд намуд, ки ин тағийрот дар роҳбарияти мақомоти милитсияи ВМКБ дар пайи интиқоди сахти президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба 1 қатор қонуншиканиҳо дар вилоят ва бемасъулиятии кормандони милитсия сурат гирифта, ҳамчунин бо фармони президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Додихудозода Давлатмо Бахтибек аз вазифаи раиси суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони  Бадахшон озод гардида, Усмонзода Шоғуфрон-раиси Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин гардид.
   Мутобиқи моддаи 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» бо дастури президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовинони раиси ВМКБ аз вазифа озод ва барои ба вазифаи муовини 1-уми раиси ВМКБ таъин намудани Мирзонаботов Алишер Худобердиевич, муовинони раиси ВМКБ таъин гардидани Амирбекзода Назира, Иматшозода Анвар Иматшо ва Носиров Умедҷон розигӣ дода шуд.
   Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои пешгирӣ кардани қочоқи маводи мухаддир, нигоҳ доштан ва бо худ гирифта гаштани силоҳ, убури гайриқонунии сарҳад, вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бар зидди нашъамандӣ ва тарбияи насли солиму солеҳ дар назди кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар хизматчиёни давлатӣ вазифаҳои мушаххас гузошт.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter