Қарор аст, рӯзи 1.06.2018 дар ш.Душанбе ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардад.
Бино ба итиллое, ки дар сомонаи ин созмони мазкур нашр шудааст, дар ҷаласаи мазкур баррасии лоиҳаи 14 санадҳои марбут ба густариш ва тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ, гуманитарӣ ва дигар самтҳо дар доираи ИДМ дар назар гирифта шудааст. Инчунин, дар ҷаласаи ҳайати васеъ баррасии 1 қатор санадҳои соҳаи иқтисодиёт, аз ҷумла, лоиҳаҳои Консепсияи ҳамкории давлатҳои иштирокдори ИДМ дар соҳаи рушди инноватсионии энергетика ва таҳияи технологияҳои пешқадами энергетикӣ ва Нақшаи тадбирҳои авлавиятнок оид ба татбиқи он, Созишнома оид ба ташаккул ва рушди бозори моликияти зеҳнии давлатҳои иштирокдори ИДМ, Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои иштирокдори ИДМ дар самти идораи партовҳои электронӣ ва таҷҳизоти электротехникӣ ва ғайраҳо ба нақша гирифта шудааст. Илова бар ин, қарор дар бораи тартиби таҳия ва маблағгузории лоиҳаҳову чорабиниҳои инноватсионии байнидавлатӣ доир ба барномаи байнидавлатии ҳамкории инноватсионӣ то соли 2020 баррасӣ хоҳад шуд. Дар бахши гуманитарӣ бошад сарони ҳукуматҳо маҷмӯи амалҳои муштараки кишварҳои ИДМ оид ба пешгирӣ ва мубориза бо ҳорӣ дар давраи то соли 2025-ро баррасӣ хоҳанд кард.
Туҳфаҳои президентии бархе аз ғолибони Бозиҳои 5-уми осиёиро, ки сентябри с.2017 дар ш.Ашқободи Туркманистон баргузор шуд, бозпас гирифтанд. Сабаби ин тасмим шарҳ дода нашудааст. Ҳукумати Туркманистон соли гузашта миллиардҳо долларро сарфи Бозиҳои осиёӣ карда буд. Расонаҳои маҳаллӣ соли гузашта навишта буданд, ки ба бархе аз варзишгарони туркман аз номи президент-Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов туҳфаҳои гаронбаҳо, аз ҷумла, мошинҳои навъи «Toyota Camry GL Executive»-ро дарёфт карданд.
Президенти Русия Владимир Путин бо Никол Пашинян-сарвазири Арманистон дар Сочӣ мулоқот кард. Путин изҳори умед кард, ки бо ҳукумати нави Арманистон равобити Маскаву Ереван мисли пештара босуръат пеш хоҳад рафт. Ва таъкид кард, ки Русия Арманистонро ҳамчун ҳамкор ва шарики наздик дар минтақа арзёбӣ мекунад ва ин шарикиҳо ба ҳамкории иқтисодӣ ва ҳам масоили амниятӣ рабт мегирад.
«Дар ҳоли ҳозир ҷаҳон бо хатари нав-терроризм рӯ ба рӯст ва бар зидди ин хатар танҳо дар якҷоягӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳампаймони қадимиамон-Русия ва кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ метавонем мубориза бурд,"- гуфт Сооронбой Ҷеенбеков, президенти Қирғизистон дар чорабинии бахшида ба Рӯзи Ғалаба дар ш.Бишкек. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло марзҳои кишварашро сарбозон ва фармондеҳони "насли шуҷоъ"-и қаҳрамонони ҶБВ ҳифз мекунанд. Президент дар роҳпаймоии "Полки абадӣ" дар ш.Бишкек ширкат кард. Ӯ акси бобояш Ҷеенбек Пирназаровро бо худ дошт. Бобои президенти Қирғизистон дар ҶБВ ширкат кардааст.
Абдураҳим Муъминов-раҳбари Хадамоти амнияти Шавкат Мирзиёев-президенти Узбекистон, аз мақоми худ барканор ва зидди Барот Маманов-раиси Идораи амнияти ҳаракат дар роҳҳои Тошканд парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Ба чунин тағйироти кадрӣ 1 ҳодисае дар ҷараёни сафари президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов сабаб шудааст, ки охири моҳи апрел ба Тошканд рафта буд. Шавкат Мирзиёев он рӯзҳо яке аз иншоот дар ш.Тошкандро медиду 1 корманди БДА хостааст, ба маҳалла дарояд. Маъмурони Хадамоти амният ба ӯ иҷоза додаанд, ки бе ягон сарусадо ворид шавад. Аммо ӯ бо садо ва суръати баланд мошинро рондааст, ки президент аз ин манзара хашмгин шудааст.
Президенти Чеченистон Рамазон Қодиров дар мусоҳиба бо ТВ "Россия 24" гуфт, ки омодааст аз симаташ даст кашида, агар лозим шавад, ба сифати боевик ба ватанаш хидмат кунад. Пештар ӯ авзоъ дар Сурияро фишор ба Русия номида буд: "Агар ин фишороварӣ идома ёбад, Русия ночор ба корбурди нерӯ хоҳад шуд. Ман ба сиёсат чун ҷанговар омадам. Мо омадаем, ҳамагуна фармони фармондеҳи олиро иҷро кунем. Ба фикрам, вақти он расидааст, ки мо генералҳо мақомҳои роҳбарии худро 1 сӯ гузошта, барои ҳифзи ягонагии давлати худ мубориза барем. Ҳоло дар Сурия манфиатҳои Русия ва мардумро ҳифз карда истодаем".
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар