Парлумони ҶТ имрӯз зимни ҷаласаи ғайринавбатии худ созишномаи байни 2 кишвар Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро дар бораи рафтуомади бе раводиди шаҳрвандони 2 мамлакатро то муддати 30 рӯз ба тасвиб расонид. Ин созишнома, ки 9.03.2018 дар Душанбе ҳангоми сафари расмии Шавкат Мирзиёев, президенти ҶӮ дар сатҳи олӣ имзо шуда буд ва ҷониби Ӯзбекистон ҳанӯз 14.03.2018 онро ратификатсия намуда буд. Аз имрӯз рафтуомади шаҳрвандони 2 кишвар бидуни раводид сурат гирифта, мардум метавонанд то 30 бе қайди расмӣ дар ҳудуди ин ё он ҷумҳурӣ қарор гиранд.
СССР
Беш аз 11.000 нафар шаҳрвандони ФР дар Тоҷикистон дирӯз дар интихоботи президентӣ иштирок намуда, ба тарафдории 8 номзад овоз доданд. Бино ба иттилои аз сафорати ФР дар ҶТ расида, аз рӯи ҳисоби пешакӣ шумораи шаҳрвандоне, ки ба тарафдории президенти кунунии Россия Владимир Путин раъй додаанд, 95%-и овозҳоро ташкил медиҳад. Аз рӯи иттилои расмӣ, дар рӯзи интихобот аз ҷониби сафорати РФ дар ҶТ 6 участкаи интихоботӣ боз карда шуда, ягон қоидавайронкунӣ ба қайд гирифта нашудааст. Аз рӯи иттилои Маркази интихобот ва раъйдиҳии Россия, интихобти президентӣ дар ФР ба охир расида, айни замон ҳисобкунии овозҳо идома дорад. Владимир Путин бо 75,91% раъй пешсафи интихобот буда, ин танҳо ҳисоби пешакист ва шояд то поёни имрӯз шумораи овозҳо боз ҳам тағийр ёбад. Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз аллакай ба ҳамтои худ-Владимир Путин бинобар бар ғолибият дар интихоботи президентӣ барқияи шодбошӣ фиристод.
Павел Грудинин, номзад аз ҳизби коммунисти ФР 12,52%-и овозҳоро соҳиб гашта, Владимир Жириновский аз ҳизби лебералӣ сазовори 6,11% раъйи мардум шуд. Танҳо 1,5% раъйи мардум ба тарафдории номзад Ксения Собчак дода шуда, Григорий Явлинский бошад 0,9% овозҳоро гирифт. Номзадҳои боқимонда на беш аз 1% овоз гирифтанд. Маркази интихобот ва раъйпурсии ФР субҳи имрӯз интихоботи президентиро ба тариқи расмӣ баргузор шуда эълон намуд.
СССР
Президенти Беларусия-Александр Лукашенко ҳушдор дод, ки қарори Маскав дар заминаи манъи содироти маҳсулоти ширии ин кишвар ба Русияро ҳамту бе ҷавоб намегузорад. Ӯ гуфт, маълумот дорад, Русия аз Зеландияи Нав шири хушк ворид кардааст. Бинобар пур шудани бозор шири Беларусия нодаркор шуд. Батко таъкид кард, ки дигар ба чунин рафтори Русия сабру тоқат надорад.
Субҳи 9.03.2018 Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон ташриф овард. Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олимақомро Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гарму самимӣ истиқбол гирифт. Майдони фурудгоҳ ба хотири ташрифи роҳбари кишвари дӯсту ҳамсоя бо парчамҳои давлатии 2 кишвар ва шиору овезаҳои тараннумкунандаи дӯстии мардумони Тоҷикистону Ӯзбекистон идона оро ёфта буд. Умед аст, сафари давлатии Мирзиёев ба Тоҷикистон ва мулоқоту музокироти сатҳи олӣ бо Э.Раҳмон имзои санадҳои нави меъёриву ҳуқуқии танзимкунандаи муносибатҳо, барои таҳкими дӯстии мардумони 2 кишвар заминаи мусоид фароҳам меорад. Пас аз анҷоми маросими бошукуҳи истиқболи расмӣ Сарони давлатҳо дар толори пазироии меҳмонони олимақоми Фурудгоҳ 1 суҳбати кутоҳи самимӣ доир карданд.
Гузаргоҳи Саразм-Ҷартеппа, воқеъ дар даромадгоҳи ғарбии шаҳри Панҷакент, баъди 8 соли басташавӣ дар аввалин рӯзи баҳор кушода шуд. Дар маросими кушодашавии марз роҳбарони вилоятҳои Суғду Самарқанд, Раҷаббой Аҳмадзода ва Туробҷон Ҷӯраев, инчунин, ҳайати намояндагони қушунҳои марзбониву гумрукии 2 ҷониб ширкат намуданд. Зимни баромади роҳбарони ҳарду вилоят таъкид карда шуд, ки муносибатҳои 2 миллат реша ба умқи таърих дорад ва он минбаъд густариш меёбад. Аҳмадзода гуфт, бо баъзе сабабҳо чанд сол рафтуомад байни 2 миллат мушкилӣ дошт ва акнун минбаъд дар оянда он хуб хоҳад гардид.
Рӯзи кушодашавии марз як ҷашнеро мемонд. Сокинони ду миллат, ки аз ин ва он ҷониб бо ҳам хешу табор буданд, ба дидори ҳам расида аз дидагонашон ашки шодӣ қатор буд. Духтар модарро, падар фарзандро, амаку хола ва тағо ҷиянҳояшонро бо оғӯши гарм истиқбол мегирифтанд.
Хуршед Фозилов
Ш.Панҷакент
Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев такроран аз фаъолияти СНБ-Хадамоти амнияти миллӣ бисёр сахт танқид карда, гуфт: «Ҷанобон аз СНБ, ҳатто дар замони амири Бухоро ин қадар ваколат надоштанд ва мисли саги девона, агар даркор мешуд, ҳатто сутунро ҳам гунаҳкор бароварда, ба зиндон меандохтанд. Вақте расидааст, ки ҳокимон чашмони худро бикушоянд. Мо 1 идора доштем бо номи Хадамоти амнияти миллӣ. Ба 1 идора додани ин қадар ваколат ин дар ҳақиқат хиёнат ба давлат буд. Инҳо сабаби афзоиши норозигии мардум дар Бухоро шуданд. Дар Бухоро манбаъҳои зиёд дорам. Медонам, ки соҳибкорони маҳаллиро ноодилона ба зиндон меандохтанд. Аксҳое дар дасти ман ҳаст, ки чигуна шиканҷа додани одамонро нишон медиҳанд. Номи он муфаттишонеро, ки даст ба ин қонуншиканиҳо мезаданд, медонам. Худо хоҳаду саломат бошем, вақташ мерасад ва шумо ҳамаи онҳоро дар ТВ хоҳед дид. Тамоми корро мекунам, то онҳо ончиро, ки бо дигарон карданд, дар пӯсти худ эҳсос кунанд. Адолат бояд тантана кунад. Агар даркор шавад, онҳоро 20 солӣ маҳкум ба зиндон мекунем…”.
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар