ХАБАРИ ДОҒ


Гузаргоҳи Саразм-Ҷартеппа, воқеъ дар даромадгоҳи ғарбии шаҳри Панҷакент, баъди 8 соли басташавӣ дар аввалин рӯзи баҳор кушода шуд. Дар маросими кушодашавии марз роҳбарони вилоятҳои Суғду Самарқанд, Раҷаббой Аҳмадзода ва Туробҷон Ҷӯраев, инчунин, ҳайати намояндагони қушунҳои марзбониву  гумрукии 2 ҷониб ширкат намуданд. Зимни баромади роҳбарони ҳарду вилоят таъкид карда шуд, ки муносибатҳои 2 миллат реша ба умқи таърих дорад ва он минбаъд густариш меёбад. Аҳмадзода гуфт, бо баъзе сабабҳо чанд сол рафтуомад байни 2 миллат мушкилӣ дошт ва акнун минбаъд дар оянда он хуб хоҳад гардид.
Рӯзи кушодашавии марз як ҷашнеро мемонд. Сокинони ду миллат, ки аз ин ва он ҷониб бо ҳам хешу табор буданд, ба дидори ҳам расида аз дидагонашон ашки шодӣ қатор буд. Духтар модарро, падар фарзандро, амаку хола ва тағо ҷиянҳояшонро бо оғӯши гарм истиқбол мегирифтанд.

Хуршед Фозилов
Ш.Панҷакент

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter