Дар ш.Хуҷанд дар пайи сӯхтор дар манзили президенти собиқи Тоҷикистон Раҳмон Набиев, ҳамсари 80-солаи ӯ Майрам Саъдуллоевна Набиева фавтид. Ин ҳодиса баъди нисфирӯзии 28 декабр рух додааст. Хонаи якқабатаи Набиевҳо дар маҳаллаи Себзори ш.Хуҷанд, дар назди 1 роҳи калони мошингард воқеъ аст. Яке аз хешовандони Набиевҳо гуфтааст, хона нисфирӯзӣ оташ гирифта, дар замони ҳодиса Майрам дар хона танҳо будааст. Ҳоло мақомоти дахлдор тасмим гирифтаанд, ки ҷасади Набиеваро ба ташхиси тиббӣ бидиҳанд. Ёдрас мешавем, ки худи Р.Набиев 11.04.1993 даргузашт.
Тоҷикистон ва Ӯзбекистон масъалаи раводид ва қитъаҳои баҳсталаби марзиро дар Душанбе баррасӣ карданд. Мутобиқи натиҷаҳои гуфтушуниди ҳайатҳои расмии 2 кишвар, ки рӯзи 10.01.2018 бо ширкати нахуствазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов дар Душанбе сурат гирифт, дар ояндаи наздик шаҳрвандони 2 мамлакат метавонанд бидуни раводид дар муддати то 1 моҳ дар қаламрави ҳамдигар қарор дошта бошанд. Инчунин, тарафҳо омодагии хешро барои боз намудани хатсайрҳои нави нақлиётӣ ва гузаргоҳҳои нави сарҳадӣ дар марз эълон намуданд.
Вобаста ба масъалаи мубрами дигар, ки солҳои тӯлонӣ ҷой дошт, ҳудуди НОБ и Фарҳод минбаъд қаламрави Тоҷикистон маҳсуб ёфта, худи иншооти энергетикӣ моли ҷумҳурии ҳамсоя ба ҳисоб хоҳад рафт.
Ба масъулини 2 кишвар дастур дода шуд, ки барои омода намудани санадҳои нави ҳамкорӣ дар соҳаҳои роҳу нақлиёт, коммуникатсия, савдо ва тиҷорат, иқтисод ва марзбонӣ шурӯъ намоянд.
СССР
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон рӯзи гузашта бо имзои 1 қатор амру фармонҳо Шерализода Маҳмадулло Умарро иҷрокунандаи вазифаи раиси н.Варзоб ва Давлатзода Қудрат Қамбарро директори Агентии “Тоҷикстандарт” таъин намудааст. Шерализода Маҳмадулло Умар то ин дам директори иҷроияи Гурӯҳи татбиқи Лоиҳаи таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна буда, Давлатзода Қудрат Қамбар мақоми ректори Донишкадаи иқтисод ва молияро бар дӯш дошт.
Ба ҷойи Давлатзода Қудрат Қамбар ректори Донишкадаи иқтисод ва молия Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ таъин карда шуд. Исмоилзода Ёқуб Борон аз вазифаи сардори Раёсати кор бо мақомоти идоракунии маҳали Дастгоҳи Президент озод ва муовини Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.
СССР
1 вакили парлумони Ҷумҳурии Қирғизистон Таабалдӣ Тиллоев пешниҳод кардааст, ки сафорати кишвараш аз пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе ба шаҳри Хуҷанд кӯчонида шавад. Ӯ ин пешниҳоди хешро бо он асоснок кардааст, ки ҳамкории 2 кишвар асосан дар Хуҷанд сурат гирифта, беҳтар аст, ки намояндагии дипломатӣ низ аз пойтахт ба вилояти Суғд кӯч бандад.
- Дар ҷамъ, мо дар хориҷ 38 намояндагии дипломатӣ дорем. Вале натиҷаи фаъолияти онҳоро эҳсос намекунем. Моҳи феврал ин масъаларо дар порлумон ба муҳокима мегузорем ва вазири корҳои хориҷӣ дар мавриди ҳар кадом сафорат гузориш диҳад. Давлат ҳамасола миллионҳо сомро барои фаъолияти онҳо харҷ мекунад. Ба назари ман, кормандони бархе аз сафоратхонаҳо маош мехӯранду хушҳоланд, ки дар чунин мақоме фаъолият доранд. Танҳо чанде аз сафоратхонаҳо ба ҷалби сармоя машғул ҳастанд, вале аксарият корашонро дуруст анҷом намедиҳанд, - гуфтааст Таабалдӣ Тиллоев.
СССР
Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар Остона, дар мулоқот бо ҳамтои қирғизаш-Сооронбой Ҷеенбеков гуфт, омода аст масоили муҳими кишвари ҳамсояро ҳаллу фасл кунад: «Мо дар шароити 26 соли истиқлолият кор мекунем. Ман шахсан ҳеҷ гоҳ дар бораи Қирғизистон ҳарфи баде нагуфтаам ва ҳеҷ коре бар зарари Қирғизистон накардаам. Мо меоему меравем, вале 2 кишвар пеш аз мо ҳам буданду баъди мо ҳам зиндагӣ хоҳанд кард. Масъулияти мо ин аст, ки барои наслҳои баъдӣ робитаҳои 2 кишварро дуруст нигоҳ дорем». Ин ишораи Назарбоев ба ихтилофе буд, ки дар моҳҳои охири президентии Алмосбек Отамбоев бархост. Воқеан ҳам Отамбоев қабл аз рафтан муносиботашро бо куллияи кишварҳои ҳамсояаш ҷазир карда буд…
Собиқ губернатори вилояти Одессаи Украина-Михаил Саакашвили-президенти пешини Гурҷистон ҷонибдорони Петро Порошенко-президенти Украинаро афроди ба провакатсия додашуда номид. Ӯ ҳамзамон ҳаводорони худро ба “кофе-майдон”-и Киев даъват намуд: “Аз ҳамаи ҳаводоронам дархост мекунам, ки дар паҳлӯи ман зидди порошенкочиён саф кашанд!!!”
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар