ХАБАРИ ДОҒ
Сешанбе, Фев 27 2018



Сиҷоуддин Саломзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара, ки қаблан раисии ш.Турсунзодаро бар дӯш дошта, бо сиёсати корӣ, иродаи қавӣ, кордонӣ, ободкорӣ ва амалҳои созандаи хеш дар байни раисони дигари кишвар фарқ мекард, алакай ба дигаргун сохтани симои имрӯзаи Исфара ва мардуми ин шаҳр шурӯъ кардааст. Сокинони Исфара мегӯянд, ки рӯзе нест, ки раиси навро дар ин ё он кӯчаву маҳаллаи шаҳр набинанд-эшон 1 гурӯҳ пирони кордида ва сиёсатмадорону раисони пешини шаҳр, аз ҷумла Гулафзо Савриддинова, Холисҷон Темурҷонов, Мирзошариф Исломиддиновро гирди худ ҷамъ оварда, аз тамоми гӯшаву канори Исфара боздид менамоянду аз мушкилоти мардум мепурсанд. Бо ташаббуси Сиҷоуддин Саломзода аз байн бардоштани иншоотҳои кӯҳнаву нотамом, ки бо намуди зоҳирии хеш ҳусни шаҳрро коста мегардонанд, оғоз шуда дар кӯчаҳои марказии Исфара гулу ниҳолшинонӣ-коре, ки сокинон чанд соли охир надида будем, сар шудааст. Раиси нав одати хеле хуб доштааст, ҳар 1 ҷашну чорабинии сиёсиву давлатиро дар ноободтарин маҳали шаҳр гузаронида, бо ин роҳ бо навбат гӯшаҳои Исфараро обод карда истодааст. Таҷлили Рӯзи Артиши миллӣ дар яке аз маҳаллаҳои ноободи шаҳр бозгӯи ин гуфтаҳост-ҳоло он маҳал ободу зебо ва аз ҳама муҳим тозаву гулзор гардидааст. Барои ҷашни Рӯзи Модарон бошад маҳаллаи дигари шаҳр интихоб гашта, бо ин васила он ҳам обод мегардад. Сиҷоуддин Саломзода Исфараро бо камбудиҳои зиёд қабул кард, агар аз 1 тараф иҷроиши нотамоми андозу қарзҳо аз маошу нафақа бошад, аз тарафи дигар камбудиҳои бешумор дар соҳаи обу коррез, таҷдиди роҳҳои маҳалӣ, шаҳрсозиву меъморӣ, бенизомӣ дар фаъолияти воситаҳои нақлиёт дар маркази шаҳр. Агар ҳам чизе имрӯз Исфара дорад аз давраи роҳбарии Раҳмоналӣ Амирзода асту халос, раисоне, ки пас аз ӯ омаданд, Исфараро бо шиносбозиву хешутаборчигӣ бадтар карданд, ки беҳтар не. Мардуми Исфара ҳоло умед бар Сиҷоуддин Саломзода доранд, ки бо сиёсату кордонӣ ва азму иродаи мустаҳками хеш тавонад шӯҳрати шаҳрро, ки ба фаромӯшӣ рафтааст, дубора эҳё намуда, Исфараро ободу зебо ва гулафшон намояд. Саломзода метавонад!

СССР

Ҷумъа, Фев 23 2018


Кушода шудани роҳи оҳани Тоҷикистону Узбакистон, ки дар сатҳи ҳукумати Душанбею Тошканд баррасӣ шуда, даҳҳо сокини узбактабори вилояти Хатлонро, ки солҳо дар орзуи рафтан ба кишвари ҳамсоя будаанд, шод кардааст. Корҳои сохтмонӣ дар истгоҳи роҳи оҳани Хушодии Ҷамоати деҳоти Ҷура Назарови н.Шаҳритус ва гузоришҳои ахирӣ аз Узбакистону Тоҷикистон умеде барои ин сокинони узбактабор шудааст, баъди солҳо барои дидани азизонашон ба Узбакистон мераванд. Сокинони деҳаи «Лубиёкор»-и ҷамоати деҳоти Ҷ.Назаров тариқи истгоҳи Хушодӣ бо роҳи оҳан ва мошинҳо сафар ба Узбакистонро анҷом медодаанд. Ин сокинон солҳои зиёд аз азизону наздиконашон дур буданду наметавонистанд, ки дар маъракаҳои якдигар ширкат кунанд. Дар ҷамоати Ҷ.Назаров аз 20.000 аҳолӣ 90%-аш ӯзбактаборанд. Корҳои сохтмонӣ дар марзи Айвоҷи н.Шаҳритус хело бо суръат идома дошта, мардум дар роҳи оҳан кор мекунад ва сарбозон ба рангу бор кардани гузаргоҳ банд ҳастанд.

Баҳодур Уроқов СССР вилояти Хатлон

Ҷумъа, Фев 23 2018


Дар вилояти Хатлон аз 4 паноҳгоҳи зидди радиатсионӣ танҳо 2-тоаш дар ҳолати омодабош қарор дорад, вале дутои дигар бояд аз таъмир бароварда, дар ҳолати омодабош қарор гирад. Ин паноҳгоҳ, ки барои олуда шудани ҳаво ба радиатсия ва заҳролуд шудани ҳавои атмосфера барои нигоҳ доштани мардум аст, барои беш аз 3 млн. аҳолии Хатлон низ кам гуфта мешавад, боз ҳам таъмирталаб будаанд. Ин паноҳгоҳи радиатсионӣ дар ноҳияҳои Ёвон, Ҷ.Балхӣ ва ш.Сарбанд мавҷуданд ва танҳо 2-и он дар ҳолати омодабош қарор дорад. Дар ин паноҳгоҳи зидди реаксионӣ хӯроки хушк барои паноҳандагон ва шароити зиндагӣ барои на камтар аз 3 рӯз фароҳам шудааст, вале паноҳгоҳи дигаре ҳастанд, ки аз Шӯравӣ ба ин сӯ таъмирталаб буда, бояд дар ҳолати омодабош барои пагоҳандагон қарор бигиранд. Сулаймон Исоев, сардори Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилоят гуфт, ин паноҳгоҳҳо бояд марҳила ба марҳила таъмин шаванд, вале дар ҳоле, ки корхонаҳои азими саноатӣ ва кимиёвӣ дар вилоят фаъолият мекунад, зарурате барои омода кардани паноҳгоҳҳо мавҷуд аст: "Ин паноҳгоҳҳо дар зери замин мавҷуд аст, ки дар дохили он бояд одам то 3 шабонарӯз бимонад ва дар сурати таркиши амиқ, ки дар ҳаво паҳн мешавад, ин паноҳгоҳҳо зарур аст".

Баҳодур Уроқов СССР вилояти Хатлон

Ҷумъа, Фев 23 2018


Дирӯз дар Тошканд Рашид Қодиров-собиқ генпрокурори Ӯзбекистон ва ҳамзамон 2 муовини собиқаш низ боздошт шуданд. Ин амал тибқи дастури прокурори генералии кишвар сурат гирифта, Рашидро дар чанд иттиҳомот, аз ҷумла, азхудкунии амволи давлатӣ ва пулшӯӣ тавассути бонкҳои хориҷӣ айбдор мешуморанд. Тибқи иттилои матбуоти Тошканд, писари ӯ Алишер низ чанд рӯз пеш аз кишвар фирор карда, айни замон дар ҷустуҷӯ қарор дорад. Бояд гуфт, Рашид 15 сол ба ҳайси прокурори генералии Ӯзбекистон фаъолият намуда, апрели с.2015 аз вазифа сабукдӯш шуд. Ҳанӯз августи соли гузашта Шавкат Мирзиёев-президенти ҶӮ дар яке аз мулоқотҳои хеш аз прокуроронаш интиқод намуда, гуфта буд, ки онҳо дуздони калони кишваранд. Иттиҳомот зидди роҳбарони мақомоти қудратӣ ва интиқодҳои Мирзиёев аз фаъолияти кормандони ин ниҳодҳо дар чанд моҳи ахир бори аввал нест. 31.01.2018 президенти тозаинтихоби Ӯзбекистон Рустам Иноятов-раиси СНБ (КГБ)-и кишварашро аз вазифа сабукдӯш намуд. Иноятов аз с.1995 роҳбарии ин ниҳодро бар ӯҳда дошта, яке аз шахсиятҳои калидӣ дар даврони ҳукуматдории Ислом Каримов ба шумор мерафт. Коршиносон мегӯянд, маҳз СНБ ва дахолати шахсии ӯ буд, ки режими Каримов сахту сангин гашта, ҳар касе вокуниш нишон медод, зуд боздошт мешуд. Рустам ба қавле дар дохили давлат «давлат» сохта буд ва ахир Мирзиёев ӯро сабукдӯш намуда, бо тағйир додани системаи корӣ дар СНБ ба режими Иноятов нуқта гузошт.
Ҳафтае баъд, 26.01.2018 бо дастури Мирзиёев Адҳам Аҳмадбоев, собиқ вазири корҳои дохилии ҶӮ, ки ӯро президент «хоин» номида буд, боздошт шуд. Бино ба иттилоъ, Аҳмадов аз с.2013 то моҳи январи с.2017 вазири ВКД буда, ӯро низ дар хиёнат, пулшӯӣ, суистифода аз мансаб ва баромадан аз ваколатҳои хеш айбдор медонанд. Чанде пеш ҳангоми сафари худ ба Бухоро Мирзиёев ба роҳбарияти маҳбаси шаҳр, ки зертобеи КДАМ аст, дастур дод, ки маҳбусонро шиканҷа накунанд, зеро аз ҳар коре, ки дар маҳбас мешавад, президент хабар дорад.
«Ман дар Бухоро ахбори зиёд дорам ва медонам, чӣ гуна беадолатона мардуми зиёдро ба маҳбас кашидаанд. Шоҳиду аксҳои бисёр ҳаст, алалхусус, дар мавриди шиканҷа. Ному насаби пурсишкунандагон низ ҳаст. Вақташ ояд мо дар бораи ҳамаи ин хоҳем гуфт. Мо дар Бухоро «чистка»-ро сар мекунем!»-гуфта буд Мирзиёев.

Панҷшанбе, Фев 22 2018


Матбуоти даврии Тошканд хабар дод, ки генерал Шӯҳрат Ғуломови 52-сола, собиқ муовини аввали раиси СНБ-Хадамоти амнияти миллӣ ва яке аз шахсиятҳои хеле бонуфуз дар кабинети Каримов-президенти қаблии раҳматӣ, абадан суд шудааст. Шавкат Мирзиёев-президенти Ӯзбекистон дар нутқи худ, дар 1 маҷлиси васеъ гуфт, ки "Ғуломов хеле одами ноинсоф буд...”. Ҳоло бо ҳукми суд ӯ ҳамчунин аз рутбаи генералӣ ва нишонҳои давлатиаш, аз ҷумла, аз унвони олитарин-"Қаҳрамони Ӯзбекистон” маҳрум карда шуд ва бояд беш аз 1 млрд. доллар зарари расондааш ба хазинаи давлатро барқарор кунад. Бояд гуфт, дар с.2007 Ислом Каримов ба Шӯҳрат унвони "Қаҳрамони Ӯзбекистон”-ро барои саҳмаш дар саркӯби ошӯбҳои Андиҷон дода буд. Баробари фавти Каримов дар таърихи 2.09.2016 ӯ аъзои хонаводаашро зуд ба Амрико гурезонд.

саҳ 64 аз 104

Китобҳо

Flag Counter