ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, Окт 02 2017


Алмосбек Отамбоев дар ҳузури хабарнигорон гуфт, ки барои пурзӯр кардани пойгоҳи низомии Русия дар фурудгоҳи "Кант" зарурате намебинад: "Мо Бишкекро аз кӣ ҳимоят мекунем? Теъдоди низомиён афзоиш наёфта, бояд ин нерӯҳо бо силоҳу таҷҳизоти муосири ҷангӣ муҷаҳҳаз шаванд. Нерӯҳои низомии Русияро лозим аст, ки дар марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон мустақар шаванд. Агар Тоҷикистон вазъиятро таҳти назорат гирифта натавонад, нерӯҳои террористӣ аз Афғонистон ба марзҳои кишвараш мерасанд”. Ин иддаои Алмосбекхон баъди гирифтани 100 млрд рубл пора, мебахшед, тӯҳфаи зодрӯзияш аз ВВП садо дод.

Душанбе, Окт 02 2017


Писари Гулнора Каримова-Ислом Каримови хурдӣ-набераи Ислом Каримови раҳматӣ-президенти собиқи Ӯзбекистон, дар сӯҳбат бо радиои ВВС Генпрокураи ин кишварро барои ташкили делои сохта зидди модараш айбдор карда гуфт, $2 млрд долларе, ки Генпрокуратураи Узбакистон ба очааш нисбат додааст, аз ӯ нест. Ислом гуфтааст, аз вазъи молии модараш хабар дошт ва ин иттилои прокуратура аз ҳаво гирифта шудааст.

Ҷумъа, Сен 29 2017


Нерӯҳои бехатарии Украина дастрасӣ ба меҳмонхонаи Лвовро, ки Михаил Саакашвилӣ баъд аз гузаштани марзи Полша бо Украина дар он мезист, маҳкам кард. Полиси Киев ҳодисаро шарҳ надодааст. Ба навиштаи матбуоти Украина, пеш аз зуҳр гурӯҳи бузурги хабарнигорон дар назди меҳмонхона ҷамъ шуд. Ёдрас мекунем, ки ҳафтае пеш Саакашвилӣ-собиқ президенти Гурҷистон ва раиси пешини вилояти Одессаи Украина ҳамроҳ бо ҷонибдоронаш сафи марзбонҳоро буррида, аз Полша ба Украина гузашт.

Душанбе, Сен 25 2017


Илҳом Алиев-президенти Озарбойҷон зимни қабули эътимоднома аз Рустам Солиев-сафири навтаъини Тоҷикистон дар Боку гуфт, ки имкониятҳои зиёди ҳамкорӣ бо Тоҷикистон феълан истифода нашудаанд: “Имкониятҳои зиёди додугирифти мол тариқи нақлиёти автомобилӣ мавҷуданд”.

Душанбе, Сен 25 2017


Президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев дар доираи сафари кориаш ба шаҳри Сочии Русия бо ҳамтои русаш-Владимир Путин мулоқот карда гуфт: «Ман хушҳолам ва инро пинҳон намекунам, ки дар мулоқоти охирамон дар ш.Москва масъалаи ҳуҷҷатҳои ронандагӣ барои муҳоҷирон ва масоили дигарро баррасӣ кардем. Ҳамаи ин ҳал мешавад. Мехостам, чунин масъалаҳо дар муҳлате, ки ман дар ихтиёр дорам, ҳарчи бештар ҳал шаванд. Бояд коре кунем, сатҳи ҳамкориҳои мо дар ҳамин мавқеъ, ки ба он даст ёфтем, рушд ёбанд".

саҳ 75 аз 104

Китобҳо

Flag Counter