ХАБАРИ ДОҒ

Раис сарбозонро ба аскарӣ гусел кард

  • Сешанбе, Окт 03 2017

Мақомоти вилояти Хатлон бори дувум аст, ки бо баргузории маросими "Нонгазон" бештар аз 1000 нафар сарбозро ба сафи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон гусел карданд. Ин маърака 3 октябр дар саҳнаи театри ба номи А.Муҳаммадҷони ш.Қурғонтеппа, дар ҳузури ҳазорон тамошобин, роҳбарони ҳукумат ва комиссариати ҳарбии вилоят сурат гирифт. Раиси вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода зимни суханронӣ ба волидон ва ҷавонон иброз дошт ,ки инро набояд фаромӯш кард, ки заминаи асосии таъмини бехатарӣ ва амнияти давлат, ҳимояи марзу бум ва сулҳу суботи кишвар дар ҳама давру замон Артиш буд ва то абад мемонад.

Баҳодур Уроқов
СССР вилояти Хатлон

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter