ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, Янв 09 2017

Москва. 9 январ. «СССР» - Барак Обама чунин меҳисобад, ки Россия «нақшаи дахолат кардан» дар интихоботи ИМА-ро кашида буд ва баъдан «дахолат» низ карда аст. Шарҳи президенти амрикойӣ баъди пайгирии нашри гузориши идораҳои ҷосусии кишвар дар бораи «дахолати Россия» дар интихоботи президенти ИМА буд. 

Матни пурраи мусоҳибаи президент Обама дар матбуот рӯзи якшанбе нашр шудаст.

«Фикр дорам, ин ҳақиқат аст, ки русҳо барои дахолат омодагӣ доштанд ва онро амалӣ низ кардаанд»- гуфтааст Обама. 

Ғайр аз ин, президент аз он гила кардааст, ки намояндагони ҳизби ҷумҳурихоҳони Амрико на ба шаҳрвандони худӣ, балки майли боварӣ ба пешвойи русҳо Владимир Путин ба он хотир карда бошанд, ки эшон демократияро тарафдорӣ дорад. 

Обама ба Трамп муроҷиат карда, онро дар назар дорад, ки: «Мо бояд аз ёд набарорем, ки мо дар як даста, тим, гуруҳ (команда) ҳастем, Владимир Путин бошад аз дастаи дигар аст». 

 

Шамсиддини Муқим,

хабарнигори махсуси  

«СССР» дар России, 

сарчашма: ВАО 

 

Душанбе, Янв 09 2017

Москва. 7 января. «СССР» — Раиси ҷумҳури интихобшудаи Амрико Доналд Трамп ваъда додааст, ки таҳти роҳбарии ӯ Москва минбаъд аз Вашингтон эҳтироми зиёд пайдо хоҳад кард. Чунин гуфтаро ин сиёсатмадор рӯзи шанбе дар расонаи электронии твиттери худ навиштааст. 

Сешанбе, Дек 27 2016

Оё дар мулоқоти ҳайати ҳукуматҳои Тоҷикистону Ӯзбакистон, кушодашвии гузаргоҳи сарҳадии Саразм-Ҷартеппа воқеъ дар шаҳри Панҷакент мавриди баррасӣ қарор мегирад? Ин мулоқот дар назар пагоҳ, санаи 28-уми декабр баргузор гардад. Ҳайати расмии ҷумҳурии Ӯзбакистон бо сарварии муовини сарвазири ин кишвар Рустам Азимов айни замон дар Тоҷикистон қарор доранд.

1 нафар намояндаи сафорати Ӯзбакистон дар Тоҷикистон дар сӯҳбати телефонӣ гуфт, ки аз нақша ва барномаи ҳайати ҳукумат хабар надорад. Аз ин рӯ, наметавонад дар робита ба кушодашавии сарҳади Ӯзбакистону Тоҷикистон чизе баён дорад. Ин дар ҳолест, ки гармшавии робита миёни ду кишвар пас аз вафоти Ислом Каримов ба назар мерасад. Гузаргоҳи сарҳадии Ҷартеппа-Саразм, ҳанӯз 6 сол қабл якҷониба аз тарафи давлати Ӯзбакистон баста шуда буд. Кушодашавии ин гузаргоҳ орзуи сокинони водии Зарафшон аст ва овозаҳо дар ин хусус вақтҳои ахир зиёд ба гӯш мерасанд.

Хуршед Фозилов

 

Панҷшанбе, Дек 15 2016

   (Памфлет)

Чоршанбе, Дек 14 2016

Шавкат Мизиёев бо Қуръон ва Конститутсия савганд хурд ва президенти расмии ҳамсоякишвар таъин гардид. 

Маросими инагуратсия ё худ савгандёдкуниву батахтшинии мавсуф имруз-14.12.2016 дар Тошканд баргузор гардид. Мувофиқи сарқонун баъди 60 рӯзи интихобот президенти нав бояд савганд хӯрдаву корро сар кунад, вале чун ин кишвар 4 моҳ шуд, баъди марги Ислом Каримов, бе сарвар аст, тасмим гирифта шуд, ки Мирзиёев 10 рӯз баъди интихобот қасам хӯрад. Дар рӯзи 4.12.2016 Мирзиёев бо касби 88% овозҳо раисҷумҳури Ӯзбакистон таъин шуда буд.

Хотиррас мешавем, ки президенти қаблӣ-Каримов аввали моҳи сентябр вафот кард ва интихоботи мазкур ғайриинтизор буд. Аз Мирзиёев дар Тоҷикистон умедҳои зиёд доранд ва ба ӯ гармиҳои баъдикаримовиро пайваст мекунанд, ки ҳаёт нишон хоҳад дод, то кадом ҳадд ин хостаҳо бароварда мешаванд. Бо ин ҳама равуо бо ин кишвари пӯшида аллакай бештар шудаанд ва тибқи хабарҳо бояд самолетҳо низ сар аз соли нав парвоз кунанд. Ҳарчанд газетаи СССР ба ин ҳама боварҳои сиёсатмадорони ватанӣ бо шубҳа нигарад ҳам, «умеду ормон охирон мемирад» гӯён мо низ дастбадуоем, ки чунин буда бошад, ки мо мехоҳем...

Шавкат Мирзиёев, ки қаблан дар симмати сарвазир фаолият дошт, рӯзи 14.12.2016 истеъфо дод ва дар ҷояш Абдулло Орипов пешбарӣ шудааст.

 

Ҷумъа, Дек 09 2016

Саидимрун Абдураҳмонов-раиси ноҳияи Қубодиён, ки дар тӯли 2 соли фаъолияташ борҳо мавриди танқид дар газетаи СССР қарор гирифта буд, аз курсии раисӣ парид! Дар ин бора, аз манбаъҳои муътамад дар долони Ҳукумати ноҳия ба СССР хабар доданд...

Ёдрас мешавем, ки Саидумрон баъди рафтани Саъдулло Бекназаров дар курсии раисии Қубодиён аз “чеҳраҳои хабарӣ” дар газетаи СССР ва ҳам дар дигар расонаҳо табдил ёфта буд. Аз ҷумла, аввалӣ баъди дар сари хашм “падарлаънат” гуфтани журналистон дар пайи боронҳои сели Қубодиён, хело “шинохта” шуд. Аввалин “маъруфият”-и Саидумрон дар матбуот он буд, ки гӯё Бекназаров буҷаи ноҳияро тиҳӣ ва аҳволи мардумро касод карда будааст...

Ҳамакнун, баъди Саидумрон кӣ ба курсии раисӣ такя хоҳад зад, маълум нест ва дар ин хусус баъдтар иттилоъ хоҳем дод.

 

 

 

 

 

 

 

 

саҳ 90 аз 104

Китобҳо

Flag Counter