ХАБАРИ ДОҒ

Трамп ваъда додаст, ки эътибори Россияро дар ИМА баланд хоҳад кард

  • Душанбе, Янв 09 2017

Москва. 7 января. «СССР» — Раиси ҷумҳури интихобшудаи Амрико Доналд Трамп ваъда додааст, ки таҳти роҳбарии ӯ Москва минбаъд аз Вашингтон эҳтироми зиёд пайдо хоҳад кард. Чунин гуфтаро ин сиёсатмадор рӯзи шанбе дар расонаи электронии твиттери худ навиштааст. 

 

«Бо Россия доштани муносибатҳои хуб, бадие надорад. Танҳо «аҳмақон», ё девонагон инро бад шуморида метавонанд. Дар оълам мушкилӣ аз ҳад зиёд ҳаст, ки болои онҳои боз дигареро илова накунем»-навиштааст Трамп.

Банда вақте ки президент мешавам, ИМА Россияро аз имрӯза дида зиёдтар эҳтиром хоҳад кард, вагарна эҳтимол дорад, ки ҳар ду кишвар дар ҳалли баъзе аз масъалаҳои ҳалталаби хатарноки ҷаҳонӣ чкҷоя амал  кард.  

Суоли матраҳе пайдо мешавад, ки барои чӣ санксияҳои амрикойӣ танҳо барои шахсони алоҳида равон карда мешаванд, на ба шартномаҳои бузурги давлативу тиҷоратӣ? 

   

Шамсиддини Муқим,

хабарнигори махсуси  

«СССР» дар России, 

сарчашма: INTERFAX.RU

 

PS: Мисли Обама роҳбарони собиқи ИМА доимо бо Россия дар муносибати хуб буданд. Шубҳае ба назар намерасад. Чӣ тавре, ки муносибатҳои тиҷоратӣ доштанд, то кунун бе ягон сарпечӣ идома дода истодаанд. Чӣ хеле, ки метали ранга барои сохтани ҳавопаймо ва иншооти кайҳонӣ, урани афзункарда, пӯлоди кироя (прокат) ва неруҳои шимиёвӣ фурӯхта истода аст, бе ягон саркашӣ то ҳоли ҳозир фурӯш дорад.

Аҷоиботу ҷолиби таваҷҷуҳ дар он аст, ки касе дар чунини САВДОҲО мамонияте намекунад, ки то кунун Россия қоғазҳои қиматноки давлатии амрикойиро харида буду харида истода аст.   

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter