Имрӯз дар ҷаласаи навбатии Ҳукумати ҶТ, ки таҳти сарварии президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон баргузор гашт, як чанд масъалаи муҳим, аз он ҷумла масоили кадрҳо, рафти иҷроиши бархе аз қонунҳо, баррасии лоиҳаҳои қонунҳои нав ва иваз намудани номи шаҳраки Нов ба Навкат барррасӣ гашт.
Чуноне, ки дафтари матбуоти президенти кишвар хабар медиҳад, аъзоёни Ҳукумати ҶТ лоиҳаи қарори оид ба пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд “Оид ба тағйир додани номи шаҳраки Нови ноҳияи Спитамени вилояти Суғд ба шаҳраки Навкат” –ро низ мариди мубоҳиса қарор дода дар назар аст, ки дар ояндаи наздик барои баррасӣ ва тасдиқ ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод гардад.
СССР
Китобҳо
Latest News
-
-
Сайёфи Мизроб
Сафардидаи Маккавӣ
-
-
-
Сайёфи Мизроб
Муштҳои бедорӣ