Санаи 23 май мо-ҷавонон ид доштем. Насле, ки тибқи қонунгузории кишвар аз 14 то 30 сола аст. Мегӯянд, ки ҷавонон ояндаи миллатанд.
Агар мо ояндаи кишвар бошем, чаро аз фавҷ-фавҷ ба муҳоҷират рафтани мо касе намеандешад? Худкушӣ ҳам байни ҷавонон зиёд аст. Бекорӣ ва пас аз донишгоҳ пайдо накардани ҷои кори муносиб низ аз мушкилоти ҷавонони даврони соҳибистиқлол аст. Коста шудани ахлоқи ҷавонон бошад, насли калонсолро нигарон кардааст. Гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ гӯё мӯд шуда бошад. Аммо ба ҳамаи ин кӣ гунаҳкор ва кӣ бояд роҳи ҳалли мушкилро ёбад? Ин гуна проблемаро ҷавонони ҳама манотиқи кишвар доранд. Чанд омори соли 2015-ро аз ш.Панҷакент меорем:
Тибқи иттилои бахши ҷавонон варзиш ва сайёҳии ш.Панҷакент, зиёда аз 86849 сокини ноҳия ҷавонанд, ки ин 31% шумораи умумии аҳолии Панҷакентро ташкил медиҳад. Аз ин теъдод соли 2015 1147 нафар ба донишгоҳҳои кишвар ва хориҷ қабул ва 9082 наврасу ҷавон ба варзиш фаро гирифта шудаанд. 1497 ҷавонони имконияташон маъюб мавҷуданд. Ҷавонони шуғли меҳнат 7900 буда, 7 маротиба ярмаркаҳои ҷойҳои кори холӣ гузаронида шудааст. Дар соли 2015, 20 нафар даст ба худкушӣ задаанд, ки аз ин шумора 16 духтар ва 4 нафар писар будаанд. Хуб, ингуна маълумотҳоро метавон идома дод, аммо суоли матраҳ ин аст, ки магар аз ҳамин миқдор ҷавонон ҳадди ақал нимаш метавонад ба кори доимӣ фаро гирифта шавад? Шояд масъулин мегӯянд, ки фаъолияти хуб дар самти дастгирии ҷавонон дорем. Бале фаъолият ҳаст мо инро мебинем, аммо саркашии ҷавонон аз артиш, худкушии онҳо, пайвастанашон ба равияҳои тандгаро, тақлид ба фарҳанги ғарб ва бегона сабабҳояш дар чист мо ба ин ҷавоб гирифтан мехоҳем. Гумон мекунам Қонуни ҶТ «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» беҳтарин дастгириҳо барои ҷавононро инъикос кардааст ва он агар 80% амалӣ гардад, мо беҳтарин ҷавонони насли имрӯзи на танҳо кишвар балки сайёра хоҳем гардид.
Хуршед Фозилов,
Панҷакент, СССР
PS: Тасаввур кунед, дар 1 бахши калон-бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар ш.Панҷакент, ки 3 шохаи бисёр фарох дорад, ҳамагӣ 3 нафар кор мекунанд. Бо ин тарзи корбарӣ чӣ гуна метавон соҳаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳиро пеш бурд?